Ҳадаф: омода намудани мутахассисони варзида

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлатро барои марҳалаи минбаъда муайян менамояд.

Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои таҳкими суботи сиёсӣ, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди зеҳни сунъӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳ намуда, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун омили муҳимми пешбурди рушди устувор ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат муфассал перомуни масоили мубрами сиёсиву иқтисодии кишвар суханронӣ намуда, нишондиҳандаҳои асосии рушди устувори ҷумҳуриро таҳлил карданд ва таъкид доштанд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ омили муҳимми рушди иқтисод ва пешрафти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръат ва рушди маъдан, ки дар давоми 7 сол таъсиси 2600 корхона ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолро ба вуҷуд овард, нишондиҳандаи таъсири мустақими сиёсати давлатӣ ба пешрафти иқтисод мебошад. Дар соҳаи энергетика бо сармоягузории бузург ва татбиқи лоиҳаҳо, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва неругоҳҳои офтобӣ истиқлоли энергетикии кишварро дар оянда комилан таъмин намуда, имкониятҳои рушди зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумоти «сабз»-ро фароҳам меоваранд. Ин тадбирҳо, дар маҷмуъ, нишон медиҳанд, ки татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда ва истифодабарии самараноки захираҳо омили муҳимми рушди устувори иқтисод ва пешрафти иҷтимоии кишвар мебошанд.
Дар Паём таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маориф ва илм ҳамчун пояи асосии сиёсати иҷтимоӣ равшан инъикос ёфтааст.
Масъалаи ҷалби наврасон ва ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ аз масъалаҳои меҳварии ин бахши Паём буд. Маълум гардид, ки дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди марказҳои таҳқиқотӣ на танҳо насли ояндасози қобили рақобатро ба вуҷуд меоварад, балки аҳли илм ва муҳаққиқони навоварро низ тарбия менамояд ва танҳо бо ин равиш метавон ба баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ ва донишбунёдии ҷавонон, ҳамчунин, таҳкими иқтидори кишвар дар арсаи инноватсионӣ мавқеи муносибу мувофиқро пайдо намуд. Аз ин рӯ, илму маориф на танҳо соҳаи хидматрасонӣ, балки омили стратегии таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат мебошад.

Таваҷҷуҳ ва ташаббусу иқдомҳои Сарвари давлат оид ба рушди таҳсилоти техникию касбӣ ва соҳаҳои технологияҳои нав, аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нишон дода истодаанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бо эҳтиёҷоти иқтисоди пешрафтаи рақамӣ ва талаботи бозори меҳнат бояд ҳамоҳанг бошад. Ин равиш илова бар баланд бардоштани сифати таҳсил имконияти шуғли босамар, ҷалби ҷавонон ба рушди иқтисоди миллӣ ва технологияҳои муосирро фароҳам меорад.

Дар ин замина, Сарвари давлат, бо дарназардошти та­лаботи воқеии истеҳсолот ва талаботи бозори меҳнат, бознигариву таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимиро амри саривақтӣ ва омили калидии коҳиш додани норасоии кадрҳои баландихтисос, тақвияти қобилияти рақобатпазирии мутахассисон ва дастгирии рушди устувори иқтисоди миллӣ баён доштанд, ки дарвоқеъ, ин равиш ба таъмини пайвасти мустақим байни таҳсилот ва талаботи воқеии иқтисод, рушди соҳибкорӣ ва саноати миллӣ мусоидат мекунад.
Беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва афзоиши музди меҳнати омӯзгорон, аз як тараф, ҳамчун баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор баён шуда бошад, аз ҷониби дигар, ҳамчун шарти асосии баланд бардоштани сифати таълим арзёбӣ гардид.
Дар баробари ин, сифати таълим низ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт. Такмили мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва густариши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва технологӣ, умуман тамоми талошҳои таълимӣ бояд ба ҳадафҳои стратегии давлат, яъне, омода намудани на танҳо хатмкунанда, балки мутахассиси рақобатпазир равона карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад ба муаммоҳои ҷаҳонии норасоии кадрҳои баландихтисос ҷавоб бошад.
Дар маҷмуъ, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чунин бардошт намуд, ки ҳифз ва рушди илму маориф, тарбия ва омӯзиши насли оянда на танҳо вазифаи давлату ҳукумат, балки уҳдадории ҳамаҷонибаи тамоми ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки ояндаи давлату миллат ба рушди илму маориф, малакаҳои касбӣ ва донишҳои насли ҷавон вобаста аст. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки фаъолияту ҳадафҳои худро бо стратегияҳои милливу стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг намуда, пайваста баҳри рушди илму маърифат ҷидду ҷаҳд бикунем ва дастури нишондодҳои Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоем.
Насим АБДУЛЛОЗОДА,

муовини ректор оид ба таълими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий