Паёми Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) таҳкиму тақвияти худшиносии миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод. Худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ пояи устувори суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Ин хислатҳои ҳамида дар роҳи пойдории ваҳдати комил ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун омили муҳимми фарҳангӣ эътибор доранд. Аз ин ҷост, ки баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. Худшиносии миллӣ заминаи ваҳдату ягонагӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву бунёдкорӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Пойдории адолат, хирад, накукорӣ, сарбаландиву некномӣ низ марбут ба худшиносӣ аст. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ тадбири муҳимму таъхирнопазир дар раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ мебошад.
Усули босамари баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ҳувияту ягонагӣ ташаккули тафаккури сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, бархӯрдорӣ аз таъриху фарҳанги миллӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, ҳифзу эҳёи урфу одат ва анъанаҳои аҷдодӣ мебошад. Осори ниёгони мо хазинаи арзишманду беназир аст. Рӯ овардан ба ин махзани гаронбаҳо қадами устувор дар ташаккули хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи сиёсӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, инсондӯстӣ, маърифатӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, таҳаммулпазирӣ ва тафаккури интиқодӣ мебошад. Вақте ки ҷавонону наврасон ба ин осор рӯ меоваранд, вориди баҳри беканоре мегарданд, ки ҳар сатраш манбаи ифтихору сарфарозӣ аст. Чун ҷомеа аз илму маърифат баҳравар гардад, аз мақому манзалати миллат ва корномаи ниёгони хеш огоҳ мешавад ва ҳисси хештаншиносиву ифтихормандиаш боло меравад.
Тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумат, барномаву старатегияҳо, эҳёи маросиму ҳунарҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, гиромидошти бузургону мутафаккирон, таълифи осори илмӣ, таърихӣ, ташкили озмунҳои таҳкимкимбахши худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ заминаи устувор гузоштанд.
Эҳтиром ба қонун, давлат ва ҷомеа, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ғурури миллӣ, муқовимат ба бегонапарастӣ ҳамчун пояҳои асосии суботи сиёсӣ ва инкишофи давлати миллӣ бояд вазифаи муҳимми ҳар як сокини кишвар бошад. Қадами аввали таҳкими худшиносии миллии наврасону ҷавонон аз назари мо, омӯзиши осори мутафаккирон аст. Онҳо бояд аз ҳар сафҳаи таърих ибрат гиранд, корнамоиву хидматҳои қаҳрамонони милливу давлатиро сармашқи кори хеш қарор диҳанд, ояндаи давлату миллатро муҳофиз бошанд.
Дар Паём вобаста ба ин масъала чунин оварда шудааст: «…мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Ин суханони меҳрбори Сарвари кишварро ҳар яки мо бояд дар давоми фаъолияти хеш ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.
Эраҷ САЛИМОВ,
муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров