Истиқлол – калиди пешрафти соҳаи маориф

Дар даврони истиқлол бо шарофати ислоҳоти соҳа мактабу маориф ба дастовардҳои шоён шарафёб гардид. Агар ба ислоҳоти соҳаи мактабу маориф аз нигоҳи таҳқиқ ва таҳлил назар андозем, се марҳалаи амалӣ намудани сиёсати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи мактабу маориф мушоҳида намудан мумкин аст: марҳалаҳои ибтидоӣ, зиддибуҳронӣ ва стратегӣ.

Марҳалаи якум солҳои 1991-1997-ро дар бар гирифта, Тоҷикистон дар оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид, ки он ба муқовимати шадиди сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии кишвар вобаста буд. Аз рӯйи маълумоти Хазинаи асъори байналхалқӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қариб 20 фоизи мактабҳои ҷумҳурӣ харобу валангор гаштанд, беш аз 130 бинои мактабӣ ба таъмири ҷорӣ, таъмини асбобу ашёи таълимӣ, дастуру китобҳои дарсӣ, омилҳои моддӣ-техникии таълимӣ ниёз доштанд. Зарурати сохтмони мактабҳои нав бо 20 ҳазор ҷойи нишаст бар ивази биноҳои харобу вайронгашта ба миён омад.
Марҳалаи дуюми ислоҳот солҳои 1997-2004-ро дар бар гирифта, давраи мазкур хусусияти зиддибуҳронӣ дошт ва соҳаи маорифи кишвар тадриҷан аз ҳолати буҳронӣ раҳоӣ меёбад. Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳа ва ислоҳоти он, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилот, беҳтар намудани вазъи моддии омӯзгорон, баланд бардоштани тахассусмандии кадрҳои омӯзгорӣ, тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, беҳдошти вазъи муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва амалӣ намудани барномаву консепсияҳо ва стандартҳои давлатӣ амалӣ гаштанд.
Танҳо солҳои 2002-2006 Ҳукумати мамлакат наздик ба 10 барномаи давлатӣ, 5 нақшаи миллӣ ва даҳҳо қарору санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ба мақсади рушди соҳаи мактабу маориф, таҳаввулот ва тағйироти сифатии тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмин намудани соҳа бо кадрҳои баландихтисос, таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва ғайра равона гардида буданд.
Марҳалаи сеюми ислоҳот, ки давраи стратегӣ ба ҳисоб меравад, аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар ин давра Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардида, тағйиру иловаҳо ворид шуда, раванди ислоҳот ва таҳаввулот (модернизатсия)-и соҳаи маориф идома дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ марҳала ба марҳала низоми нави маблағгузории соҳаи маориф, пардохти маош, баҳодиҳии сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунии соҳа, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, дастгирии истеъдодҳо, дар мактабҳои олӣ ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, таҷдиди такмили ихтисоси омӯзгорон ва ғайра амалӣ гаштанд. Соҳаи таҳсилоти ҷумҳурӣ ба фазои нави таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардида истодааст.
Яке аз самтҳои бунёдии сиёсати маориф дар даврони истиқлол фароҳам овардани имконияти таҳсил дар хориҷи кишвар барои ҷавонони болаёқат мебошад. То имрӯз беш аз 117 ҳазор нафар ҷавон ба донишгоҳҳои маъруфи 42 кишвари пешрафта фиристода шуда, айни замон 42 ҳазору 400 нафар, аз ҷумла, 13 ҳазор духтар дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Ин дастовард гувоҳи сиёсати хирадмандона ва оянданигарест, ки тавассути он Тоҷикистон дар фазои ҷаҳони мутамаддин ҳамчун кишвари дорои неруи зеҳнии баланд ва насли созанда муаррифӣ мегардад.
Бо мақсади ба таври фарогир ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ҷалб намудан ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» эълон гардид. Ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуда, ғолибони озмунҳо аз лиҳози моддию маънавӣ қадршиносӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани маънавиёт, рӯ овардан ба китоб ва фарҳанги китобдӯстӣ озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» ба роҳ монда шудааст.
Сол ба сол баҳри пешбурди соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон, қадрдонии омӯзгорон ва таъмин бо имтиёзот барои онҳо беҳтар мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 22 маротиба маоши омӯзгорон баланд бардошта шуд. Шуруъ аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз ва омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамчунин, бо дастури Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид. Қабули чунин як санади сарнавиштсоз ба соҳибнуфузу воломақом гардидани шахсияти омӯзгор ва беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард. Мусаллам аст, ки замони муосир дар назди аҳли маориф ва устодону омӯзгорон вазифаҳои нав мегузорад, ки иҷрои он ҳама заҳмату масъулияти босамарро тақозо мекунад.
Бояд зикр кард, ки вобаста ба рушду такомул ва таҳаввулоти ҷаҳони муосир соҳаи маориф низ ба ислоҳоту навсозӣ дар раванди таълим ниёз пайдо мекунад, ки ин амри ногузир ва дар айни замон табиист. Тайи солҳои охир дар низоми соҳа ва раванди таълиму тарбия як қатор дигаргунию ислоҳот ворид гардида истодааст, ки ҳадаф аз ин ҳама беҳтару самарабахштар гардидани сатҳу сифати таълим ба шумор меравад. Роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим, гузариш ба низоми нави 10-холаи баҳогузорӣ, фароҳам овардани шароиту имконот ва заминаҳои мусоиду муътамад баҳри ҷорӣ намудани таълими 12-сола ва амсоли инҳо талаби замон мебошад.
Ҳамин тавр, масъалаҳои рушди мактабу маориф, тарбияи насли нав­рас ва ҷавонон самти афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди он ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,

узви ИЖТ

Добавить комментарий