Ҳадафи матбуоти тоҷик сухану ғояи созанда аст

Нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди ҷомеа боризу ҳалкунанда мебошад, ки дар ин миён, матбуот истисно набуда, мавқеи меҳварӣ дорад, зеро таърихи пурифтихору рангини матбуоти тоҷик бозгӯйи он аст, ки дар тӯли беш аз як қарн он рисолати худро сарбаландона иҷро кардааст. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ вазифа ва масъулияти воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, матбуот боз ҳам бештар гардида, дар тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Вобаста ба рушди матбуоти тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ, рақобатпазир гардидани он дар фазои муосири иттилоотӣ, мутобиқ шудан ба талаботи замон, фаъолияти Иттифоқи журналистон ва дигар паҳлуҳои муҳимми матбуоти миллӣ бо раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
– Ба таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (11 марти соли 2012) 114 сол пур мешавад. Маҳз таъсиси нашрияи мазкур замина барои рушди матбуоти миллӣ фароҳам овард ва марҳала ба марҳала матбуоти тоҷик рушду такомул ёфт. Дар замони соҳибистиқлолӣ воситаҳои ахбори омма ба таври чашмрас рушд карданд ва ҳамасола 11 март дар кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Нақши Истиқлоли давлатиро дар пешрафти матбуоти тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Матбуоти тоҷик, ки имсол аз таъсиси он як саду чордаҳ сол сипарӣ мегардад, таърихи пуршараф дорад. Давоми сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ он рушду нумуи тоза касб карда, вазифаи аслии худ – расонидани ҳақиқати зиндагиро ба мардум сарбаландона анҷом дод. Таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти олии мамлакат ба рушди матбуот ва нақши он дар ҷомеа ҳанӯз дар аввалин мулоқоти раиси ба тозагӣ интихобшудаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 бо хабарнигорон эҳсос мешуд. Баъдан дар ҷаласаи тантанавӣ ба шарафи 100-солагии матбуоти тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд, ки «Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».
Албатта, дар солҳои аввали мустақилият матбуоти тоҷик дучори душвориҳои зиёде гардид. Гузаштан аз сохтори куҳна ба сохтори комилан нав ва мубаллиғи ҷумҳурии мустақил гардидан осон набуд. Тадриҷан, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ барои эҳёи матбуот иқдом намуд. Бо талошҳои собиқ раиси иттифоқ, равоншод Акбари Саттор дубора мардум ба мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо рӯ оварданд ва ба ин васила, матбуот низ неруи тоза пайдо кард. Дар давоми сиву панҷ соли истиқлол матбуот ба неруи тавонои инъикосгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ табдил ёфт ва бобати инъикоси музаффариятҳои ҷумҳурии соҳибистиқлоламон тамоми нерую имконоти худро сафарбар кард. Имрӯз рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва соҳавӣ дар масъалаи инъикоси воқеияти зиндагии мардум, амалӣ гардидани ҳадафҳои олии Роҳбарияти мамлакат барои зиндагии шоистаи мардум ва таҷассуми симои инсони замони истиқлол талош мекунанд.
– Маълум аст, ки имрӯз ҷаҳонро иттилоот идора мекунад ва тадриҷан мубризаҳои иттилоотӣ вусъат меёбанд. ВАО-и кишвар то кадом андоза дар муборизаҳои иттилоотӣ рақобатпазир аст ва дар ин масир омилҳои вусъат бахшидани матбуотро дар чӣ мебинед?
– Воқеан ҳам, замони рушди технологияҳои иттилоотиву рақамӣ барои матбуот ва соири воситаҳои ахбори омма рақобати шадидеро ба вуҷуд овардааст. Имрӯз як нафар бо истифода аз имконоти смартфони худ метавонад бо як нашрия ва ё дилхоҳ намуди воситаҳои ахбори оммаи кишвар рақобат кунад. Ин омил матбуотро водор месозад, ки дар фаъолияти худ тағироти чашмрасеро амалӣ кунад, зеро хонандаи имрӯз ҳатто мухотаби ду соли пеш нест, балки нафарест, ки дар фазои иттилоотӣ ва маҷозӣ интихоби васеи дастрасӣ ба иттилоотро дорад. Дар ин замина, мутобиқ сохтани фаъолият вобаста ба талаботи давр муҳимтарин вазифаи матбуот аст. Он ки дигар матбуот дар пешниҳоди ахбор бо шабакаҳои иҷтимоӣ рақобат карда наметавонад, ба ҳамагон рӯшан аст. Биноан, мухотабон имрӯз ба матбуот на ҳамчун василаи расонидани иттилооти фаврӣ, чунонки қаблан буд, муносибат мекунанд, балки аз ин навъи васоити ахбори умум матолиби таҳлиливу ҷиддиро интизоранд. Фақат бо муҳтавои ҷолибу матолиби хонданӣ матбуот метавонад шуҳрати қаблиашро ҳифз кунад. Манбаи иттилооти таҳлилӣ будан ва пешниҳоди мақолаҳои ҷолибу хонданӣ нашрияҳои кишварро метавонад рақобатпазир ва дар муборизаҳои иттилоотии шадиди кунунӣ муваффақ созад. Аз ин лиҳоз, бо доир намудани силсилаи машғулиятҳои омӯзишӣ барои роҳбарони нашрияҳои чопӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳҳои мавқеъ пайдо кардан дар бозори иттилоотӣ, рақобатпазир будан ва маҳбуб мондани матбуотро бо истифода аз таҷрибаи коршиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ пешниҳод месозад. Дар ин самт, истифода аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ барои даст­растар гардидани матбуот ба мухотабон имкони фарохро боз мекунад.
– Бо рушди технология ва интернет роҳҳои дастрас намудани иттилоъ осон гардидаву сомонаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти матбуот таъсир расондааст ва бахши аъзами аҳли ҷомеа ба воситаҳои электронӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Матбуоти кишвар то кадом андоза ба ин стереотипҳо мусаллаҳ мебошад?
– Чун имрӯз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ барои мухотабон осон гардидааст, онҳо иттилооти навро маҳз аз ин платформаҳо ҷӯё мешаванд. Аз ин хотир, роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи чопии анъанавӣ имконоти мазкурро низ бояд самаранок истифода баранд. Воқеан, дар ин маврид фаъол гардидани саҳифаҳои видеоии нашрияҳо дар фазои маҷозӣ мушоҳида мешавад. Истифода аз усулҳои чандрасонаӣ на танҳо барои сермуштарӣ гардидани нашрияҳо имкон фароҳам меорад, балки ҷиҳати пайдо намудани ҳаводорони нав дар ин фазо шароит ба вуҷуд меорад. Масалан, нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «СССР», «Тоҷикистон», «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон» ва «Маърифати омӯзгор» маводи ҷолиберо дар саҳифаи фейсбукию ютубии худ ҷой медиҳанд ва баробари матн аз садо ва видео истифода мекунанд. Ин имкон фароҳам овардааст, теъдоди мухотабоне, ки дар фазои маҷозӣ ҳастанд, бо маводи ин нашрияҳо шинос гарданд ва доираи ҳаводоронашонро ба маротиб аз теъдоди нашри васоити матбуот зиёд созанд. Ҷаҳони имрӯза ба иттилоот ниёз ва таваҷҷуҳи хосса дорад. Ҳар он нашрияе, ки аз ин раванд дур мемонад, мавҷудияти худро зери суол мебарад.
Як нуктаро бояд ҳамеша дар мадди назар дошт, ки сарфи назар аз пешрафтҳои технологӣ ва имконоти васеи фазои маҷозӣ, таваҷҷуҳ ба матолибе бештар аст, ки ҷанбаи таҳлилӣ ва маърифатии бештаре дорад. Мутаассифона, имрӯз дар матбуоти кишвар ба чунин матолиби ҷолиби муаллифӣ бисёр кам дучор мешавем. Сармақола ҳамчун жанри пуртаъсир қариб аз байн рафтааст. Ҳол он ки сармақола муайянкунандаи хатти дурусти фаъолияти нашрия мебошад. Жанрҳои таҳлиливу ҳаҷвӣ ҳам ангуштшуморанд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи хонанда ба матбуот мекоҳад ва барои дарёфти иттилоот ба сарчашмаҳои дигар руҷуъ мекунад.
Муҳимтарин вазифаи ҷомеа, он тавре ки устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри 20 гуфта буданд: «ба воситаи афкори соибае, ки аз матбуот мегирем, хатти ҳаракати ҳозираи худро муайян ва роҳи истиқболи худро равшан созем. Ҳама якдилу якзабон шуда, чанг ба домани рӯзнома занем, ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худ­ро тавсеъ намоем». Дар ин роҳ нашрияе метавонад муваффақ гардад, ки воқеан ҳам, барои роҳнамоии мухотабону муштариён дар кӯлвори эҷодӣ маводи ҷолибу хонданӣ дорад.
– Дар хусуси нашрияҳои соҳавӣ ва инъикоси масоилу мушкилоти ину он соҳа дар замони истиқлол чӣ тағйироту дигаргуниҳо ба мушоҳида мерасад?
– Нашрияҳои соҳавӣ як ҷузъи муҳимми матбуоти кишвар маҳсуб ёфта, дар баробари инъикоси навгониҳои соҳаи худ метавонанд барои хонандагон манбаи муҳимми иттилоотӣ гарданд. Ин маънои онро дорад, ки нашрияҳои соҳавӣ бояд на танҳо минбари роҳбарони соҳаҳои гуногун, балки инъикосгари соҳаҳои мухталифи кишвар бошанд, зеро бо доштани теъдоди бузурги обуначиён аз ҳисоби кормандони соҳаҳои гуногун ин нашрияҳо дар тарғибу ташвиқи мустақилияти кишвар ва дас­товардҳои замони истиқлол ҳарфи худро метавонанд баён созанд. Инъикоси рӯзмарраи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар ин намуди матбуот зиёд ба чашм мерасад ва доираи ҳаводорони онҳоро метавонад афзун намояд. Мо нашрияҳои соҳавии нисбатан муваффақе дорем, ба мисли «Омӯзгор», «Боҷу хироҷ», «Гумрук», «Нақлиёт», «Бинокорон», «Бонкдорӣ» ва монанди инҳо, ки бо ҷолибтар сохтани муҳтавои онҳо доираи мухотабонашонро ҳам васеъ намудан имкон дорад.
– Мусаллам аст, ки фаъолияти ИЖТ дар замони истиқлол вусъат ёфтааст. Имрӯз ин ниҳоди муҳим барои такмили фаъолияти воситаҳои ахбори омма кадом корҳои муфидро анҷом медиҳад?
– Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар фаъолияти худ барои такмили фаъолияти воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла, матбуот талош дорад. Дар ин замина, муҳтавои матбуот баррасӣ ва таклифу пешниҳодот барои пешравии кори онҳо ирсол мешаванд. Ҳамзамон, бо мақсади муайян намудани самаранокии фаъолияти матбуоти маҳаллӣ мониторинги онҳо гузаронида мешавад. Доир гардидани машғулиятҳои омӯзишӣ барои роҳбарони воситаҳои ахбори омма ва котибони матбуотӣ қисми дигари фаъолияти ИЖТ аст, ки ба самаранокии фаъолияти матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма замина мегардад.
– Дастгириву қадрдонӣ, ҳамоҳангӣ ва арзёбии воситаҳои ахбори омма аз фаъолиятҳои калидию судманди ИЖТ мебошад. Ба ин маънӣ, аз ҷониби шумо кадом тадбирҳои муассир андешида шудааст?
– Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик беҳтарин намояндагони матбуоти кишварро ба таври сазовор қадрдонӣ мекунад. Ҷоизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои журналистони кишвар, ки давоми сол фаъолияти назаррас доштанд, тақдим мегардад. Инчунин, шуруъ аз соли 2020 бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи устод Асадулло Саъдуллоев таҳти унвони «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» таъсис ёфтаву он ба нашрияҳои маҳаллие, ки аз нигоҳи муҳтаво, сифати чоп, истифодаи жанрҳо, дизайн ва теъдоди нашр аз дигарон бартарӣ доранд, супорида мешавад. Дар баробари ин, бо мақсади ҳавасмандии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҳар сол ба онҳо Ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ тақдим мегардад. Ҳамчунин, мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорем, ки бо пешниҳоди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамасола намояндагони воситаҳои ахбори омма бо мукофотҳои давлатӣ низ қадрдонӣ мешаванд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар оянда низ барои ҳавасмандии намояндагони ВАО-и кишвар, аз ҷумла, аҳли матбуоти кишвар иқдом хоҳад кард.
– Тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ мегардем, ки аз ҷониби ИЖТ корвони журналистӣ ва пресстурҳо ташкил карда мешавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо дар чист?
– Воқеан, бо ташкили чунин боздидҳо аз ҷониби кормандони ВАО чанд натиҷаро ба даст овардем. Аввалан, теъдоди мавод дар бораи ин ё он иншооте, ки сафар ба он ҷо ташкил карда шуд, ба маротиб боло рафт. Сониян, аҳли матбуот аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар гурӯҳҳои вотсапиву телеграмм ҷамъ омаданд ва минбаъд масоили вобаста ба ҳамкориҳо ва фаъолияти нашрияҳои ҳамдигарро баррасӣ мекарданд. Ва ниҳоят, ташкили чунин боздидҳо барои омода намудани маводи ҷолибу хонданӣ имконият фароҳам овард. Масалан, пас аз сафар ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҷмуаи навиштаҳои журналистони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» омода, нашр ва муаррифӣ шуд. Ҳангоми муаррифии он коршиносон ба сифати маводи омодашуда баҳои баланд доданд. Соли 2026 низ сафари эҷодии журналистон ба минтақаҳои гуногуни кишвар идома меёбад ва мо бовар дорем, ки натиҷаи ин сафарҳо баробари инъикос дар воситаҳои ахбори оммаи анъанавӣ ва нав ба шакли маҷмуа низ дастраси хонандагон мегардад.
– Имрӯз омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд идома доранд. Дар ин маврид Иттифоқи журналистони Тоҷикистон чӣ нақшаҳо дорад?
– Мову шумо дар арафаи ҷашни муҳим – 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон қарор дорем. Ҷойи баҳс нест, ки муаррифии Тоҷикистон ба сифати як кишвари мустақил ба шарофати соҳибистиқлолиамон даст дод. Барои таблиғу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ва хусусан, ҳадафҳои олии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон – амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ корҳои мушаххасе анҷом ёфтаанд, ки таблиғи боҳунаронаи онҳо на танҳо нуфузи кишварро боз ҳам боло мебарад, балки бобати ба вуҷуд омадани афкори мусбат дар дохил ва хориҷи кишвар замина фароҳам меорад. Барои ташвиқу тарғиби ҳадафи чоруме, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар (26.12.2018) изҳор доштанд, дар тарғибу инъикоси саноатикунонии миллӣ низ бояд нақши васоити ахбори умум назаррас бошад. Ин ҳадафҳоро метавон тавассути таҳияи барномаҳои пурмуҳтавои телевизиониву радиоӣ ва матолиби таҳлилии нашрияҳо ба бинанда, шунаванда ва хонанда расонид. Ҳамзамон, бобати тарғиби васеи ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим аз имконоти воситаҳои ахбори омма ба таври муассир истифода мешавад. Дар ин ҷода Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мушаххасеро тартиб додаву барои амалӣ намудани он иқдом дорад.
– Дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба аҳли қалами кишвар чӣ таманниёт доред?
– Вусъати фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, аз ҷумла, матбуот дар шароити ҳассоси кунунӣ, албатта, аз менеҷменти дурусти идорӣ, фаъолияти босамари риштаҳои эҷодиву техникӣ ва стратегияи дурусти мушаххаси онҳо низ вобаста мебошад. Замони имрӯза замони ҷомеаи иттилоотӣ аст ва «моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ марҳалаи нави инкишофи тамаддуни инсонист, ки дар он авлавиятро равандҳои иттилоотӣ фаро мегиранд» ва ҳар касе, ки аз он монд, ба буҳрон мувоҷеҳ мешавад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки эҷодкорони кишвар барои инъикоси воқеияти ҳаёти кишвари соҳибистиқлоламон аз тамоми имконоти худ истифода мекунанд. Бо истифода аз фурсат, Рӯзи матбуоти тоҷикро барои кулли эҷодкорон табрик мегӯем ва дар иҷрои рисолати муҳимми ба дӯшашон гузошташуда барояшон пешравию муваффақиятҳоро таманно дорем.
– Ташаккури зиёд барои суҳбати пурмуҳтаво.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий