Сухан аз арши барин омадааст

(Фишурдаи муҳтавои номаҳои омӯзгорон)

Тайи чанд моҳи охир ба идораи нашрияи «Омӯзгор» аз номи устодону омӯзгорони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ навиштаҳои бешуморе ворид гардид. Қисмати зиёди навиштаҳо ба сабку шеваи таълим дар замони муосир, роҳҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти усулҳои нави тадрис, истифодаи васоити технологию инноватсионӣ дар раванди баргузории машғулиятҳо, ба роҳ мондани муносибати босалоҳият ба таълим ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Теъдоди дигари матолиби омӯзгорон, ки бешуморанд, андешаҳои онҳоро дар хусуси нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифтааст. Ҳамчунин, муаллифон перомуни мавзуъҳои сулҳу субот, нақши ҷашнҳои таърихӣ ва ғайра мулоҳизаҳои судманд ироа намудаанд. Аз ҷумла, дар навиштаҳои омӯзгори тарбияи ҷисмонии МТМУ №44-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбоналӣ Бобохонов – «Истиқлоли давлатӣ – ормони таърихии халқи тоҷик», дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Сафар Эркаев – «Нақши иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ», омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Айнӣ Бунафша Шерова «Аз таърих бояд сабақ омӯхт», муовини декани факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода Умеда Сайдалиева – «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ», омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Ҷавонмеҳр Исматов – «Истиқлолият – нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат», омӯзгори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон Далер Аюбов – «Пешвои миллат ва сулҳ», ходими илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ Шодихӯҷа Комилов – «Ваҳдати миллӣ – заминаи пешрафт ва созандагиҳо», омӯзгори таърихи гимназияи хусусии ноҳияи Фирдавсӣ Зик­риё Давлатов – «Истиқлолият – рамзи соҳибдавлатӣ», корманди илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Зебинисо Пӯлотова – «Нишони ваҳдату якдилӣ», омӯзгори таърихи гимназияи хусусии «Саидумар»-и ноҳияи Фирдавсӣ Зикриё Давлатов – «Рамзи соҳибдавлатӣ», ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ Мирсаид Раҳмонов – «Шукри истиқлол», директори МТМУ №8-и ноҳияи Сино Дилафрӯз Талбакова – «Шукри истиқлол мекунем», омӯзгори МТМУ №5-и ноҳияи Айнӣ Абдумалик Шарифзода – «Саодат­овари миллат», омӯзгори МТМУ №37-и ноҳияи Мастчоҳ Мирсалим Раҳмонов – «Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ», устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров – «Пешвои миллат – эҳёгари Меҳргон», директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент Мақсуд Мизробзода – «Ҷонибдорӣ аз сулҳу адолат», омӯзгори МТМУ №10-и ноҳияи Айнӣ Валиҷон Умаров – «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои имрӯзу фардои мост!», омӯзгори ДДҲБСТ Фарзона Атаева – «Тоҷе ба сари миллат» ва ғайра. Як идда навиштаҳои муаллифон масоили гуногун, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, хурофоту таассуб, инчунин, моҳияти иду санаҳои таърихӣ ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Ба ин матолиб навиштаи номзади илмҳои психологӣ, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳусейн Зайтметов – «Муқовимати оштинопазир бо амалҳои номатлуб», устодони дигари ҳамин донишгоҳ Нозим Боев – «Ифротгароӣ – хатар ба ҷомеа», Д. Сайдалиев, дотсенти кафедраи фалсафаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ – «Дар муқовимат ба терроризм бетарафӣ нашояд», А. Бердишукурова, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров – «Равобити давлат ва дин», омӯзгорони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод А. Зарифӣ, Я. Шарифов ва О. Тӯхтаев – «Фарҳанги сарфаи неруи барқ», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №46-и ноҳияи Айнӣ Фарзона Қӯзиева – «Терроризм миллат надорад», устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров С. Эркаев ва омӯзгори таърих ва ҳуқуқи Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд М. Эркаева – «Конс­титутсия – кафили рушди Тоҷикистон», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шаҳноза Нуракова – «Бахтномаи миллати тоҷик», омӯзгори кафедраи технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фирӯза Абдуманонова – «Кафили ҳуқуқу озодиҳо», директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент М. Мизробзода – «Осорхона – оинаи масъ­улияти иҷтимоӣ ва ватандӯстӣ», омӯзгори синфҳои ибтидоӣ МТМУ №11-и ноҳияи Деваштич Абдусаттор Ғаффоров – «Забон – ҳастии миллат», М. Мизробзода аз шаҳри Панҷакент – «Оила – пояи ҷомеа: хатарҳои ҷудошавӣ ва роҳҳои пешгирӣ», омӯзгор аз ноҳияи Айнӣ Ҳ. Алимов – «Иди Зафар муборак!», Маратҷон Ҷабборов аз ноҳияи Деваштич – «Қаҳрамонон зиндаанд», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №42 Зебониссо Фатҳудинова (кадом ноҳия буданаш номаълум) – «Конститутсия – бахтномаи миллат», омӯзгори биологияи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон МЭЛС Нуров – «Паём – чароғи раҳнамои аҳли илму маориф» шомил мебошанд.
Маъмулан устодону омӯзгорон перомуни усулу шеваҳои мутафовити таълимӣ дар иртибот ба таҷрибаи омӯзгории худ мақолаҳои зиёде таълиф намудаанд, ки лоиқи дастгирист. Таври мисол, навиштаҳои омӯзгори забони русии МТМУ №10-и шаҳри Ваҳдат Зарнигор Саъдуллоева – «Омӯзиши забони русӣ», омӯзгори МТМУ №44-и ноҳияи Деваштич Раҳимҷон Шарипов – «Нақши шоҳмот дар рушди зеҳнии хонандагон», собиқадори соҳаи маориф аз ноҳияи Айнӣ Орифҷон Тоҷиев – «Тарзи ҳаёти солим», мудири шуъбаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидмурод Давлатов – «Фаъолияти доманадору самарабахши марказ», омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Айнӣ Муслима Умарова – «Такрор – василаи мустаҳкам намудани дониш», омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №103-и ноҳияи Шоҳмансур Маҳинабону Деҳқонова – «Омӯзиши фанни табиатшиносӣ дар синфҳои ибтидоӣ», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики КОШП Фирӯза Рӯзиева – «Ривояти ҳазрати Мӯсо дар ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз», омӯзгори химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов – «Ташкили озмуни «Беҳтарин кабинети муассисаи таълимӣ», омӯзгори калони кафедраи иқтисоди рақамии ДПДТТХ Беҳрӯз Иномов – «Саҳми «AI Academy» дар рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон», омӯзгори забони русии МТМУ №37-и ноҳияи Айнӣ Шукрона Худойназарова – «Ҳар кӣ бо забони худ сухандон гардад…», омӯзгори таърихи МТМУ №140-и шаҳри Ваҳдат Қадриддин Шарипов – «Истифодаи Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарс», «Дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Конститутсия – шоҳкитоби даврони Истиқлол» (муаллиф номаълум аст), омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо (номи донишгоҳ номаълум аст) Абдуҷаббор Сафарализода – «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор», омӯзгори кафедраи технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Фирӯза Абдуманонова – «Меҳргон иди дӯстию меҳру муҳаббат аст», омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Ҷавонмеҳр Исматов – «Рӯзи Дониш – пайки ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ», муҳаққиқ Ҷамолиддин Саидзода – «Ҷадидия – ҳаракати ифротгароӣ», омӯзгори МТМУ №40-и шаҳри Истаравшан Муъмин Ҷумъаев – «Абармарди дунёи сиёсат», устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Муқаддам Арбобзода – «Радиоро кӣ ихтироъ кардааст», омӯзгори МТМУ №17-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қамаруддин Акбар – «Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим», номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода – «Васфи забон дар шеъри имрӯзи тоҷик», номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети гуманитарию педагогии ДБССТ Б. Қодирова – «Таълиму тарбия ва рушди истеъдод», омӯзгори таърихи МТМУ №70-и ноҳияи Восеъ С. Файзов – «Панду дониш ва ҳикмат оид ба «Маърифати ҳуқуқӣ», омӯзгори МТМУ №38-и ноҳияи Айнӣ С. Маҳмудов – «Истиқлолият – неъмати бебаҳост» (соати тарбиявӣ), мураббияи Маркази дастгирии оила ва кӯдакони №2-и ноҳияи Сино Ҳанифа Холова – «Парасторӣ ва таълиму тарбияи ятимон дар мадди назар», омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Айнӣ Ҳ. Алимзода ва омӯзгори МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансур Абдуслом Самеъзода – «Таъсири Фирдавсӣ ба Лоиқ Шералӣ», рӯзноманигор аз ноҳияи Ванҷ Сироншоҳи Диловар – «Таълими ҳаёт ва фаъолияти адабии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ», омӯзгори МТМУ №43-и ноҳияи Айнӣ Абдукарим Сафаров – «Фаъолияти омӯзгори синф­ҳои ибтидоӣ дар доираи муносибати салоҳиятнок» ва ғайра ба ҳамин мавзуъ бахшида шудаанд. Дар ин радиф, бархе аз матолиби омӯзгорону устодон фаъолияти ҳамкоронро инъикос карда, муаллифон саъй бар он намудаанд, ки бо бозтоби лаҳзаҳои кори эшон, ҳангоми баргузории машғулиятҳои таълимӣ, истифодаи методу шеваҳои наву ҷолиб ва муассири дарсӣ симои пешқадамони соҳаро таҷассум созанд. Матолиби ирсолнамудаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №46-и ноҳияи Айнӣ Фарзона Қӯзиева – «Мақоми омӯзгор баланд аст», омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар Исломиддин Ҷобиров – «Нақши омӯзгорон дар замони Истиқлолият», омӯзгори МТМУ №9-и ноҳияи Шоҳмансур М. Неъматзода – «Баланд аст аз фалак шони муаллим», омӯзгори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор Муҳиддин Султонов – «Чароғи маърифат», омӯзгори МТМУ №63-и шаҳри Истаравшан Эҳром Раҷабов – «Омӯзгор – намунаи ахлоқ ва шогирди замон», сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур С. Шарифзода – «Чароғе дар қалбҳо афрӯз», корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Набӣ Набиев – «Олим ва омӯзгори мумтоз», рӯзноманигор Тоҳирхоҷаи Хоҷазод – «Ёди некон ҷовидонист», омӯзгори МТМУ №56-и ноҳияи Данғара Нуралӣ Азизов – «Нақши омӯзгор дар рушди маънавии ҷомеа», сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, сарвари МТМУ №46 (ноҳия, шаҳр маълум нест) Абдуманнон Холиқов – «Имтиёзҳо барои муаллимон», омӯзгор аз ноҳияи Хуросон Табаралӣ Забирӣ – «Робитаро тақвият бахшем», рӯзноманигор Сайдулло Мирзоев – «Хирадмандро шоду наздик дор!», рӯзноманигор Сироншоҳи Диловар – «Пешрафт аз фаъолияти густурдаи омӯзгорон» ва чанди дигар мавзуи мазкурро дар бар гирифтанд, ки мо, кормандони нашрия, ба ҳамаи муаллифон миннатдории самимии худро баён медорем.
Дар хатми навиштаамон баъзе маслиҳату пешниҳодҳои худро ба омӯзгорону устодон, ки дар мавзуъҳои гуногун ба идораи нашрияи «Омӯзгор» маводу матолиби иншонамудаашонро ирсол мекунанд, изҳор доштанием. Мо борҳо ба таври муқаррар таъкид ва хотиррасон намуда будем, ки муаллифон ба ҳаҷми навиштаҳояшон диққат бидиҳанд, зеро баъзе мақолаҳо аз 6-7 то 10-12 саҳифаи чопи компютериро дар бар гирифтаанд, ки дар чунин ҳаҷм нашрия имкони ба табъ расондани матолибро надорад. Аз ин рӯ, аз омӯзгорону устодон хоҳиш карда мешавад, ки навиштаҳояшон аз 3-4 саҳифаи чопӣ зиёд набошад. Мушкили дигар, ки дар чопи мақолаҳои муаллифон ба мушоҳида мерасад, ҳамоно умумигӯию кашолбаёнист. Дар аксар маводи пешниҳодшуда сухану андешаи тозаю ҷолиб кам андар кам дида мешавад, тарзи баён қолабию якранг буда, ин гуна навиштаҳо чизе ба хонандаи нашрия дода наметавонанд. Як идда навиштаҳои омӯзгорон аз қайдҳои тезисмонанд иборат буда, ҳоло шакли мақоларо нагирифтаанд, ё сенарияи тарҳрезишудаи машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ мебошанд. Мутаассифона, гурӯҳи зиёди муаллифон дар мавзую масоили умдаи соҳа мавод иншо намуда, чопашро бо исрор тақозо мекунанд, ки ба талаботи рӯз посухгӯ нестанд. Чаро? Зеро бо истифода аз маълумоти сарчашмаҳо ва зеҳни сунъӣ ин ё он навишта нусхабардории маҳз аст, ки чунин ба истилоҳ «мақолаҳо» тарҷума аз забони русӣ буда, оҳангу тобиши забони тоҷикӣ дар онҳо дида намешавад. Ба як сухан, чунин матолибро метавон сирқот номид, на чизи дигар, ки ин амали баъзе аз муаллифон аз рӯйи инсоф нест. Дар хусуси навиштаҳое, ки ба васфу муаррифии омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф бахшида шудаанд, борҳо гуфтему дафъатан таъкид мекунем: бахши зиёди мақолаҳои зикр­шуда аз маълумоти тарҷумаи ҳолӣ, ки ба ҷуз омор (солу моҳ) ягон лаҳзаи фаъолияти рангину ҷолиб ва шавқовару ибратомӯзи омӯзгоронро инъикос накардааст, иборат гардидаанду халос. Ҳол он ки мешавад дар хусуси методу усулҳои таълимӣ, дастоварду муваффақияти шогирдони муаллимон, корҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннию дарсҳои иловагии онҳо ва амсоли инҳо бо забони содаю шево лавҳаю мақолаи хубе таълиф кард.
Ҳамин эродро метавон дар хусуси мақолаҳое, ки бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ иншо шудаанд, баён кард. Суханҳои борҳо гуфташудаю дилгиркунанда, ки моҳиятеву навигарие надоранд. Аз шумо – омӯзгорону устодони гиромӣ дархости онро доштем, ки робитаю ҳамкориро бо мо идома бахшида, бо навиштаҳои пурмуҳтавою хонданибоб саҳми худро дар пешрафти таълиму тарбия мегузоред.
Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий