КӮДАКИСТОНИ «БОҒИ МУРОД»: ТАҶРИБА ВА УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИ МУОСИР

Кӯдакистони хусусии «Боғи Мурод» дар маҳаллаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2025 ба фаъолият оғоз намуд. Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкор Марҳабо Муродова ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои замони муосир ташкил ва ба истифода дода шуда, роҳбарии онро тариқи озмун омӯзгори соҳибтаҷриба Ноз Одинаева бар зимма гирифт.

Кӯдакистон барои 300 нафар кӯдаки аз 1,5 то 7-сола пешбинӣ гардида, айни замон 120 кӯдак дар ҳафт гурӯҳи синнусолӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
***
Дарсамон дарси забон,
Забони Оли Сомон
Шавқу завқаш бепоён,
Омӯхтанаш чӣ осон.
Бо чунин мисраъҳо зимни вуруди муаллима Ноз Одинаева ба гурӯҳи калони томактабӣ (5-6-сола)-и кӯдакистони хусусии «Боғи Мурод» машғулияти забони давлатӣ оғоз гардид. Баъдан бачаҳо якҷо бо лаҳни ширини кӯдакона ба шеърхонӣ оғоз намуданд:
Забони модарӣ ширин зи ҷон аст,
Зи шири модарон бар мо равон аст.
Забон, аз ту бувад ин давлати мо
Бақои миллати мо дар забон аст.
Сипас муаллима ба кӯдакон муроҷиат намуда:
– Бачаҳо, пеш аз он, ки машғулиятамонро оғоз кунем, ҳама дар шакли доира дасти ҳамдигарро мегирем ва бозӣ мекунем. Ин бозии нав аст, ки шумо онро намедонед. Мо ҳозир якҷо пуфак мешавем. Пуфакро чӣ кор мекунем?
Бачаҳо бо як овоз:
– Пуф!
Муаллима:
– Ҳангоми пуф кардан чӣ гуна овоз мебарорем?
Бачаҳо бо кумаки муаллима садо мебароранд:
– Пуфф-пуффф!
Ҳама «пуф-пуфкунон» давраашонро калон мекунанду оҳиста-оҳиста чарх зада мегӯянд:
– Давра-давра давраҷон, канӣ, бигӯ, давраҷон, ба мо кӣ лозим аст? Ба мо (бо ёрии муалима) Фотима лозим аст.
– …
Ҳамин тариқ, мураббия бо роҳи бозӣ бо кӯдакон як-як дарсҳои гузаштаро такрор мекунад ва бо истифода аз асбобҳои аёниву тахтаи магнитӣ ба омӯзиши мавзуи нав мепардозад.
– Агар мураббия шеърро қироат, рақс карда, дар нақш даромада, умуман, бо гузаронидани бозӣ диққати бачаро ба машғулият ҷалб карда натавонад, фикр мекунам, ӯ кор карда наметавонад, чунки тақдири кӯдакон дар дасти мураббия аст. Вақте мураббӣ омӯзонида тавонад, тарбияи дуруст диҳад, аллакай дар мактаб кӯдак аз дигарон бо хислату хӯ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш ба куллӣ фарқ мекунад ва ин албатта, асоси пешравии ӯ дар ҷамъият мегардад,- иброз дошт Ноз Одинаева.
РАВИЯИ АСОСӢ
Омӯзиши барвақтии забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ намуда, қобилияти фикрронӣ ва муоширати онҳоро инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ, диққат додан ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар муассисаи томактабии «Боғи Мурод» қадами муҳим барои ояндаи кӯдакон мебошад. Дар ин мавзуъ мудири кӯдакистон Н. Одинаева чунин иброз намуд:
– Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синни томактабӣ аҳаммияти хеле калон дорад. Дар ин давра кӯдакон зуд меомӯзанд, зеро хотираи онҳо қавӣ аст ва тарзи дурусти талаффузро хуб қабул мекунанд. Агар кӯдак аз хурдӣ бо забонҳои хориҷӣ, ба монанди англисӣ ё русӣ шинос шавад, дар оянда омӯзиш барои ӯ хеле осон мегардад. Дар муассисаи томактабии «Боғи Мурод» забонҳои русиву англисӣ асосан тавассути бозӣ, суруд, шеър ва расмҳо омӯзонида мешаванд. Ин усулҳо шавқовар буда, кӯдаконро хаста намекунанд. Онҳо озодона сухан гуфтанро ёд мегиранд.
Дар муассиса барои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ синфхонаҳои махсус муҳайё гардидааст. Мураббиёни эҷодкору забондон ин ҷо тавассути озмун ба кор ҷалб мегарданд. Робия Мусаибова дар самти таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ собиқаи кории 17-сола дошта, дар муассиса аз рӯзҳои нахустини таъсиси он фаъолият дорад. Зимни суҳбат ӯ изҳор намуд, ки қисми зиёди кӯдакон ҳангоми бори аввал ба ин ҷо омадан забонҳои русиву англисиро намефаҳмиданд. Аммо дар натиҷаи заҳмати пайвас­та ва муоширату бозӣ онҳо ин забонҳоро ба зудӣ меомӯзанд.
– Масалан, бояд имрӯз дар гурӯҳ машғулияти одитарини математикиро гузаронам. Машғулиятро, пеш аз ҳама, тавассути бозӣ ба роҳ мемонам ва дар рафти он ба кӯдакон бо забонҳои русиву англисӣ муроҷиат менамоям, саволҳо медиҳам. Яъне, дар рафти машғулият аз ҳар ду забон истифода мебарам. Аз субҳ то шом ҳангоми хӯрокхӯрӣ, сайругашт, ҳатто зимни хондани китобҳои бадеӣ ҳамин тарзи муносибату муошират имкон медиҳад, ки кӯдакон дар андак вақт забони русиву англисиро аз худ намоянд,-гуфт Робия Мусаибова.
ЛОГОПЕД
Табиист, ки дар кӯдакистон бачагони дорои фаҳмишу қобилияти гуногун ва ё ягон норасоии сабукдошта (бо тавсияи табиб) ба ҳам меоянд. Дар «Боғи Мурод» мутахассисон шароит фароҳам меоваранд, ки кӯдакон худро бо ҳамсолон дар як зина эҳсос намоянд. Маҳз ба ин хотир дар кӯдакистон ду ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо бозичаву васоити аёнии логопедӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд. Фарангис Шарифова ҳамарӯза бо 30 нафар кӯдак вобаста ба дараҷаи вазнинии нуқсонҳои нутқ дар шакли гурӯҳӣ ва инфиродӣ кор мекунад. Дар ин боб ӯ чунин изҳори назар намуд:
– Логопед мутахассисест, ки дар рушди нутқи кӯдак ва солимии ӯ нақши калон дорад. Тарзи талаффузи ҳарфу калимаҳоро меомӯзонад. Дар дуруст сухан гуфтани баъзе аз кӯдакон, баланд бардоштани эътимоди онҳо ба худ, беҳтар шудани муошират бо ҳамсолон, омода карданашон ба мактаб кумак менамояд. Ман низ пайваста бо кӯдакон дар ин самт кор мекунам.
ОБУТОБДИҲИИ КӮДАКОН
Обутобдиҳии кӯдакон дар кӯдакис­тон яке аз усулҳои амалии таъсирбахши тақвияти масуният ва пешгириву муолиҷаи бемориҳо мебошад. Обутобдиҳӣ дар муассиса аз машқи пагоҳирӯзӣ, машғул шудан бо варзиши таэквондо, оббозӣ дар ҳавзи шиноварӣ, маҳсҳои гуногуни бадани кӯдакон иборат мебошад, ки ҳамаи ин дар рушди ҷисмонии онҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин, мудири кӯдакистон Н. Одинаева иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз ҷониби маъмурияти кӯдакистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин реги кайҳонӣ харидорӣ ва дастрас гардидааст. Бояд қайд намуд, ки иҷрои ҳар гуна машғулиятҳову бозӣ бо он барои бунияи кӯдакон муфид буда, дар тақвияти малакаҳои хуби муҳаррикҳои хурд, бартараф кардани асабонияту изтироб, инкишофи зеҳниву ҷисмониашон мадад мерасонад.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий