Кӯдакро ба китобхонӣ роҳнамоӣ бояд кард!

Роҳнамоии кӯдакон ба китобхонӣ кори осон нест. Ҳамаи мо дар хусуси китоб ҳикматҳои зиёд, аз қабили «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст…», «Китоб – хазинаи илму маърифат», «Китоб равшанибахшандаи дилҳост», «Китоб – дӯсти беҳтарин»-ро аз худ кардаем. Аммо агар хоҳем, ки фарзанди мо бо китоб воқеан ҳам дӯст бошад, он гоҳ донистан зарур аст, ки бо туҳфа кардани китоб ба кӯдак ин «дӯстӣ» дарҳол пайдо намешавад. Аксари одамон ҳатто китобро ҳам туҳфа намекунанд. Аз ин рӯ, барои пайдо шудани робитаи дӯстӣ байни кӯдак ва китоб, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

1. Кӯшиш кунем, ки кӯдак баъд аз мактабхон шуданаш не, балки ҳанӯз аз се-чорсолагӣ дар дилаш завқи китобхонӣ бедор шавад. Дар ин синну сол бо ӯ ҳамроҳ китоб хонда, бояд барояш аз китоб нақлҳо намоем.
2. Дар назди кӯдак ба китобхонӣ машғул шуда, барояш намунаи ибрат шавем. Волидон барои кӯдак намунаи беҳтаринанд. Вақте кӯдак китобхонии дигаронро мебинад, ҳаваси мутолиа дар ӯ пайдо мешавад.
3. Дар хонаи зист рафҳои китобмонӣ бо китобҳо барои калонсолон ва барои хурдсолон бояд ҳатман бошад. Агар рафҳои китобмонӣ дар ҳуҷраи кӯдак бошад, боз беҳтар. Ба кӯдак рафи китобгузории алоҳида сохтан таваҷҷуҳашро ба пайдо кардани китобҳои нав зиёд мекунад.
4. Дар тарбияи одати китобхонӣ истифодаи китобхона таъсири зиёд дорад. Аз ин рӯ, ҳамроҳи кӯдак баъзан ба китобхонаи мактаб рафта, ба ӯ тарзи истифода аз китобхонаро омӯзонем.
5. Барои хона рӯзномаю маҷалла харидорӣ кардан; ҳар ҳафта ба хона ақаллан як ё ду нусха рӯзномаю маҷалла овардан.
6. Ба кӯдакон барои тамошои телевизион ва истифодаи компютеру телефонҳои мобилӣ маҳдудият ҷорӣ мебояд кард. Агар кӯдак дар истифодаи ин воситаҳо озод бошад, китоб хондан ҳеҷ гоҳ ба ёдаш намерасад. Барномаҳое, ки ӯ дар телевизион тамошо мекунад ва машғулиятҳое, ки дар компютер мегузаронад, бояд тарзе интихоб гардад, ки барои инкишофи кӯдак манфиатовар бошанд.
7. Агар имкон бошад, ҳангоми китоб хондани кӯдак паҳлуи вай нишаста, расмҳои дар китоб бударо ба ӯ нишон диҳем.
8. Вақте ки барои кӯдакон китоб мехонем, муҳим аст, ки вобаста ба гуфтори қаҳрамонҳои асар тағйири овоз кунем, чунки ин омил диққати кӯдакро ҷалб мекунад. Азбаски дар синни томактабӣ диққати кӯдакон зудтар парешон мешавад, бинобар ин, муҳим аст, ки барои онҳо ҳикояҳои кӯтоҳ интихоб намоем. Пас аз хондани ҳикоя ё асар ба кӯдак тарзи хулосабарорӣ карданро низ омӯзонем.
9. Ба ягон маҷалла аз номи кӯдак обуна шудан лозим аст, ки ин диққати кӯдакро ҷалб мекунад. Маҷаллае, ки ба номи кӯдак харида мешавад, ӯро ба шавқ оварда, хушнуд месозад.
10. Волидон, ҳангоме ки бо кӯдак ба бозор мераванд, ҳатман ба ягон фурӯшгоҳи китоб рафтанашон лозим аст. Ҳангоми тамошои китоб ва харидани он кӯдак бояд дар пеши волидонаш бошад ва он ҳолатро бубинад.
11. Волидон бояд дар хона барои китобхонӣ вақт ҷудо кунанд. Масалан, шабона, пеш аз хоб барои хондан вақти мувофиқ аст. Махсусан, кӯдакони синфҳои ибтидоиро водор кардан зарур аст, ки ҳар шаб, пеш аз хоб ним соат китоб бихонанд. Пеш аз хоб китоб хондан бояд ба як машғулияти дӯстдоштаи кӯдак табдил ёбад.
12. Вақте волидон ба кӯдак чизе туҳфа карданӣ мешаванд, ҳамроҳи туҳфа ҳатман китоберо низ тақдим карданашон лозим аст. Дар рӯзҳои махсус ба кӯдакон китоб туҳфа намуда, ба ин васила, шавқи китобхонии кӯдаконро баланд бардоштан мумкин аст.
Дилноза МУРОДОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №43-и ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий