Истиқлоли давлатӣ барои мо имкону шароити мусоиди худогоҳию худшиносиро фароҳам овард. Агар фазои соҳибистиқлолӣ дар кишвар тасаллут пайдо намекард, оё метавонистем, худогоҳу худшинос бошем? Албатта, ки як дараҷа худогоҳу худшинос мебудем, аммо ба таври куллӣ наметавонистем, падидаҳои калидии зиндагиамон – худогоҳию худшиносиро ба унвони арзишҳои фарогири миллӣ муаррифӣ кунем. Ин аст, ки аз фазои соҳибистиқлолӣ истифода бояд кард ва аз шароити мусоиди он барои шинохти зарфияти миллият, шиносоии иштибоҳоту мушкилоти худӣ, бозшиносии равандҳои муосири иҷтимоию сиёсӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннату маросимоти дерпойи аҷдодӣ ва таблиғу ташвиқи мероси гаронмояи бостонӣ кор бояд гирифт.
Истиқлол, пеш аз ҳама, бо огоҳӣ, масъулиятшиносӣ, эҳсоси ифтихормандӣ, хирадварзӣ, созандагӣ, фарзонагӣ ва шоистагӣ тавъам аст. Дар зимн, истиқлоле, ки бидуни огоҳӣ, масъулиятшиносӣ, тавонмандӣ, шоистагӣ ва хирадварзӣ вуҷуд дорад, истиқлоли нопойдор ва маснуию тақаллубист. Бинобар ин, истиқлолу озодиро одамон бо заҳмат, талош, такопу, мубориза, пайкор, ибтикор ба даст меоваранд ва миллату кишварро ба марҳалаи шоистагӣ мерасонанд. Истиқлол ва озодӣ шиор ва ғуруру ифтихори дурӯғин нест, балки раванди иҷтимоию сиёсиест, ки тавассути он инсон ва дар маҷмуъ, ҷомеа ба марҳалаи мустақилияти сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ мерасад.
Пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ нахустин қадамҳо ва барномарезиҳо дар заминаи худшиносии миллӣ ба амал омад. Худи Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги давлатдории мост, ки бар мабнои хиради азалӣ ва худогоҳию худшиносии Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон даст дод ва аз ин тариқ силсилачорабинию тадбирҳои судманд дар заминаи таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва тақвияти хотираи таърихӣ роҳандозӣ гардид. Ба ин тариқ, нахуст барномаи таҷлили 1100-солагии давлатдории Сомониён дар қолиби ҷашни давлатӣ чида шуда (соли 1999), ба дунболи он ҷашнҳои 2700-солагии «Авасто» (дар соли 2001), Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (соли 2006), Соли Рӯдакӣ (соли 2008), ба унвони ҷашни байналмилалӣ қарор гирифтани ҷашни Наврӯз (соли 2010), ҳамин тавр, эътирофи байналмилалӣ ёфтани ҷашнҳои бостонии аҷдодӣ дар мисоли Меҳргону Садаву Тиргону Ялдо, пешниҳоди таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, дар чор гӯшаи пойтахти кишвар кушодану таъсис додани боғҳои фарҳангӣ-фароғатии замонавӣ, таъсиси Боғи Куруши Кабир (7 июни соли 2019 таъсис ёфтааст), овардани порахоки қаҳрамонони миллат дар моҳи майи соли 2026 ва эълом доштани «Соли ободкорию созандагӣ ва таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ» дар соли 2026 аз ҷумлаи силсилатадбирҳоеанд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ андешида шудаанд.
Давлати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва ба вуҷуд овардани зиндагии шоиста талошҳои фаровон ба харҷ дода, дар ин замина, иқдомоти арзанда рӯйи даст гирифт. Бунёди иншоотҳои бузурги аср, аз НБО-и «Роғун» шуруъ карда, то тадбирҳои саноатисозии кишвар аз ҷумлаи иқдомоти барномавиеанд, ки давлат сари онҳо тамаркуз кардааст.
Ба кор андохтани чархаи иқтисоди миллӣ, ворид гардидан ба марҳалаи иқтисоди рақамӣ иқдомоти саривақтии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир маҳсуб мешавад. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Театри миллӣ ба унвони пойгоҳи мафкурасозию миллатшиносӣ иқдоми наҷибонаест, ки аз ҷониби Сарвари давлат роҳандозӣ гардидааст. Театри миллӣ, ки муҳташамтарин бинои муосир аст, шукӯҳи давлати миллиро дар шароити ҳассоси бархӯрдҳои тамаддунӣ ва таҳоҷумоти мафкураи бегона ба намоиш мегузорад.
Маориф, тиб, ҳунар, фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ маъно ва моҳияти миллию давлатӣ касб карданд. Дар ин замина, ибтикорот ҳамоно идома доранд. Корҳои зиёде моро дар пеш аст, аз ҷумла, тарбияи миллӣ ба сифати унсури меҳварии тарбияти давлатӣ дар авлавият бояд қарор бигирад. Тарбияи насли нав, сиёсатмадорон, фарҳангиён, зиёиён, донишмандон, табибон, омӯзгорон, муҳандисон ва амсоли инҳо дар руҳияи эҳтиром ба миллияти тоҷикӣ, ватану кишвардорӣ, арзишҳои миллӣ-давлатӣ ва манофеи миллӣ дар саргаҳи ибтикороти барномавии давлатӣ қарор мегирад. Танҳо аз тариқи ибтикороти насли нави ҳувиятшиносу соҳибандешаву худогоҳу худшинос метавонем давлат, Ватан ва миллатро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созем.
На дар сухан, балки дар амал, аз тариқи ибтикороту ташаббусоти шахсию инфиродию гурӯҳию ҷамъӣ, ки ба сатҳи огоҳию худшиносиамон вобастагӣ дорад, метавонем миллати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун будани худро ба намоиш гузорем, суннату оину маросимоти гузаштаи аҷдодиро ҳифз кунем, мероси гаронмояи фарҳангиамонро тарғибу ташвиқ созем ва Истиқлоли давлатиро поянда гардонем.
Нозим НУРЗОДА,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон