Таҳкими худшиносии миллӣ – сипар аз ифротгароён

Экстремизм ва терроризм амалҳои номатлуб, хушунатомезу тахрибкор буда, пеш аз ҳама, ба мафкураи инсон, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти шахс таҳдид мекунанд. Гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз усулҳои гуногун кӯшиш доранд, то ҳисси муҳаббат ба Ватан ва миллатро дар шахс коҳиш дода, арзишҳои миллиро беқурб нишон диҳанд ва наврасону ҷавононро аз решаҳои таърихиву фарҳангии ниёгони хеш ҷудо гардонда, ҳувияти миллиро бо ҳувияти ифротӣ иваз ва дар умқи қалбу шуури онҳо ҷойгир созанд.

Файласуфону ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки экстремизм ва терроризм худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар замири наврасону ҷавонон аз байн мебарад. Хусусан, ҷавонони сустирода, тафаккури миллиашон ташаккулнаёфта бештар зери таъсири таблиғоти ифротгароён қарор гирифта, ба доми гурӯҳҳои террористӣ кашида мешаванд. Бинобар ин, ба назари мо, таҳкими худшиносии миллӣ усули муассири муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошад, зеро агар шахс арзишҳои миллии худро шиносад, онҳоро эҳтиром намуда, ба осонӣ ба арзишҳои бегона иваз намесозад.
Агар гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавонон ҳувияти бардурӯғ ва бегонаро таҳмил кунанд, худшиносии миллӣ ҳувияти устувор ва воқеиро ташаккул медиҳад. Ҷавонони худшинос ва огоҳ аз решаҳои таърихиву фарҳангии хеш тафаккури ифротиро ҳатто дар тахайюли хеш ҷой намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки таҳкими худшиносии миллӣ сипар аз ифротгароён аст. Яке аз омилҳои муҳимми ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ кашида шудан, надонистани арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҷиҳати табдили худшиносии миллӣ ба усули муассири муқовимат бо экстремизм ва терроризм роҳандозии тадбирҳои таъхирнопазир муҳим аст.
Зинаи аввали он таҳкими тарбияи ватандӯстӣ дар оила ва мактаб мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» заминаи ҳуқуқии ин равандро мустаҳкам ва самтҳои асосии онро муайян кардааст. Дар қонуни мазкур зикр шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ бояд ба ташаккули шахсияти дорои ҳисси баланди ифтихори миллӣ, масъулиятшинос ва омода ба ҳимояи Ватан нигаронида шавад. Муқаррароти мазкур дар тарбияи наврасону ҷавонон аз ҷониби волидону омӯзгорон бояд афзалият дошта бошад.
Зинаи дуюм омӯзиши амиқи таърих ва фарҳанги миллиро ташкил ме­диҳад, зеро ҳар саҳифаи таърихи мо ибратомӯз ва ифтихорангез аст. Нав­расону ҷавонон низ бояд таърихи пурифтихори хешро донанд, саҳми бузурги ниёгонро дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ дарк намоянд.
Зинаи сеюм поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ аст. Ҳифзи покии забон ва ташвиқи истифодаи забони адабӣ худшиносии миллиро таҳким мебахшад.
Зинаи чорум муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ дар фазои интернетӣ аст.
Зинаи панҷум ҷалби наврасону ҷавонон онҳо ба омӯзиш, варзиш, санъат ва ҳунармандӣ аст.
Наврасону ҷавонон танҳо дар сурати дарки амиқи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иқтидори муқовимат бо гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористиро пайдо мекунанд.
Р. ШОКИРОВА,

омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий