Шукӯҳи ҷашни китоби бачаҳо – такмилбахши омӯзиш

Ҳар сол аз 2 то 9-уми апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор мешавад.

Фестивали китоби бачаҳо аз охири солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо анъана шуд. Яке аз поягузорони он шоири хуби кӯдакон Наримон Бақозода буд.

Аммо аз таърихи баргузории ин ҷашну ҷамъомад ва марому мақсади он ҳама хуб огоҳ нестанд. Аз ин сабаб, дар ин мақола дар хусуси он барои хонандагони китоб ва дӯстдорони каломи бадеъ мухтасар маълумот медиҳем.

Аз таърихи баргузории фестивал

22 июни соли 1941 Олмони фашис­тӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла кард. Дари бисёр мактабҳо баста шуд, омӯзгорон ба ҷанг рафтанд, нашриётҳо мисли солҳои пеш барои хурдсолон китоби бисёр чоп намекарданд. Бачаҳо ба ҷойи падару бобоҳояшон ба заводу фабрикаву дашту саҳро рафта, 12-16 соат кор мекарданд. Соли 1943 ҷанг ба авҷаш расид. Моҳи феврал муҳорибаи Сталинград ва моҳи август задухӯрди назди Курск ба шикасти душман анҷом ёфт ва бовари мардум ба ғалаба бештар шуд. Маҳз 26 марти ҳамин сол дар шаҳри Москва нахустин маҳфилу гуфтугӯи фестивали «Китоби бачаҳо» доир шуд. Андешаю пешниҳоди ин ҷамъомад ба адиби рус Лев Кассил тааллуқ дошт ва онро адибоне, ки барои хурдсолон асар эҷод мекарданд ва кормандони Нашриёти «Адабиёти бачаҳо» маъқул донистанд. Ҳамон рӯз ба Қасри Кремл бачаҳои Москваро даъват карда, адибон яктоӣ китоб туҳфа карданд, ки дар овони ҷанг ҳадияи бебаҳо буд. Дар фестивал-ҷамъомад Сергей Михалков, Агния Барто, Евгений Швартс, Виталий Бианка, Самуил Маршак, Евгений Чарушин ва дигарон суханронӣ карданд. Соли 1947 қарор шуд, ки фестивали «Ҳафтаи китоби бачаҳо» ҳар сол дар рӯзи таваллуди афсонанависи маъруф Ҳанс Андерсен – 2-юми апрел оғоз гардад ва то 9-уми апрел давом ёбад.

Соли 1967 Шурои байналмилалии китоби бачаҳо фестивалро байналмилалӣ эълон намуд. Ҳамин тавр, фестивали «Ҳафтаи китоби бачаҳо» ба ҳукми анъана даромад ва то ба Тоҷикистон ҳам расид. Адибони маъруфи тоҷик Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб ташаббускорону асосгузорони фестивал дар кишвар буданд.

Фестивал фақат муаррифии адибону китоби онҳо набуд. Тӯли як ҳафта бачаҳо бо адибону асарҳои навашон шинос мешуданд, рақсу бозӣ мекарданд, суруд мехонданд, расм мекашиданд, лаҳзаҳои хотирмони асарҳоро ба саҳна мегузоштанд. Аз адибон хоҳишу талаб, дар бораи китобу китобхонӣ гуфтугӯ ва ҳатто баҳс доир мешуд.

Охири солҳои 80-уми асри гузаш­та фестивал тадриҷан фаромӯш ва солҳои 90-ум барҳам хӯрд. Хушбахтона, соли 1997 Наримон Бақозода ҷашнро ба ёд оварда, дубора зинда кард… Алҳол масъулияти баргузор шудани ин ҷашн бар уҳдаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар аст.

Чанд ёддошт аз фестивалҳо

Адибону мутахассисон бар ин ақидаанд, ки барои кӯдак китоб навиштан кори саҳл нест. Ончи адибони баркамоли мо барои бачаҳо нигоштаанд, агарчӣ хурдакак аст, (гоҳо аз 4 ё 5 байт иборат мебошад), имрӯз вирди забони пиру барност. Метавон гуфт, ки чанд чистону шеъри барои бачаҳо навиштаи Абдусалом Деҳотӣ аз тамоми навиштаҳои дигараш зиёдтар вирди забонҳост. Ду-се шеъри бачагонаи устод Айнӣ солҳост, ки зеби саҳифаи китобҳои дарсии мактабист. Бачаҳо, қабл аз ошно шудан бо асарҳои дигари устод, маҳз бо ҳамин шеърҳо он касро шинохтаву писандидаанд. Чун адабиёти бачагона мегӯем, аввал номи Мирсаид Миршакар ба ёду забон меояд ва то солҳои 50-уми асри гузашта ягона адиби бачаҳо буд. Устод Баҳориро «Занбӯри айнакдор»-у «Аҷоиботи Нодар» маҳбуби хонандагони хурдсол карданд…

Вазорати фарҳанг имсол зиёда аз сӣ адибро ба вилояту ноҳияҳо фиристод, ки бо кӯдакон мулоқотҳо дошта бошанд. Адибон Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Муродалӣ Собир, Абдусаттори Раҳмон, Латофат Кенҷаева, Сафияи Носир, Маҷид Салим, Азизи Азиз ва дигарон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат рафтанд.

Бачаҳо дар ҳама гӯшаву канори мамлакат меҳмононро хубу хуш истиқбол намуданд. Аз забони адибон, аз рӯ ба рӯ, аз наздик сухан шунидан ва дар ҳузури онҳо шеър хондан онҳоро ба ваҷд меовард.

Лаҳзаҳои хотирмони Иди китоб зиёданд. Азизи Азиз ва Маҷид Салим ёд доранд, ки боре, баъди вохӯрие, ки дар шаҳри Сарбанд доир шуд, духтараки синфи шашум, Мадина гуфт:

– Ман худомӯзӣ кардам ва акнун забони суғдиро медонам. Бо ин забон гап занам, гӯш мекунед?

Боварнакарданист! Чаро ба ҳарфи ӯ гӯш надиҳем!?

Маълум шуд, ки Мадина ин забонро дар 6 моҳ омӯхтааст, акнун дар хонаашон низ ҳама бо забони суғдӣ ҳарф мезананд ва Мадина ба ёд гирифтани 4-5 забони дигари хориҷӣ камари ҳиммат бастааст.

Дар шаҳри Бохтар хонандае изҳор кард:

– Ман аз «Шоҳнома» ду ҳазор байт аз ёд медонам. Қироат кунам?

Дигаре гуфт:

– Ман панҷ ҳазор мисраъ медонам.

Ё худ Фаризаи хурдсол ҳикояи ҳаҷвӣ навишта буд. Ин духтараки ҳунарманд на камтар аз адиби асил ҳикояашро бо оҳангу лафзи мухталиф дар ҳузури адибон хонд. Ҳамон сол Фаризаро фавран ба Душанбе даъват намуданд ва дар ҷамъбасти фестивали китоби кӯдакону наврасони мамлакат аҳли толорро моту мабҳут намуд.

Тантанаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби бачаҳо» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Данғара, Истаравшан, Конибодом, Рашт, Ваҳдату Ҳисор ва маркази шаҳраку ноҳияҳои дигар низ доир гашт.

Маҳорати эҷодкории хонандагон

Адиб вазифадор аст, ки аз эҷодиёташ барои бачаҳо чанд намуна пешниҳод ва бачаҳоро ба эҷодкорӣ даъват ва руҳбаланд намояд.

Чанд сол қабл Маҷид Салим ҳам­роҳи чанд адиб меҳмони хонандагони ҳашт шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон – Бохтар, Сарбанд, Вахш, Дӯстиву Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомӣ шуда буд. Ҳар ҷо ки рафтанд, бачаҳои розию хурсанд, омодаю озода пешвоз гирифтанд. Китобдорону волидон ва мутасаддиёни бо қаноатмандӣ мегуфтанд, ки ин рӯзро бачаҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Майдону саҳнаро бачаҳо гоҳо он қадар, ба қавле, тасфонданд, ки калонсолон «кӯдак» шуданд.

Боре сухан аз суманак рафт. Албатта, суманак як таоми миллист, вале дар бораи ин таом бачаҳо чунон ҳарф заданд, ки ҳозирон бори аввал шуниданд. Онҳо 12 хосияту сифати суманаки машҳурро номбар карданд, ки эҷоди як ҳикояи бачагонаро мемонд. Онҳо гуфтанд:

– Суманак ягона таоми олам аст, ки танҳо баҳорон омода карда мешавад, ягона таомест, ки фақат шабона мепазанд, ягона таомест, ки занҳо мепазанд, ягона таомест, ки мардонро ҳангоми омода карданаш ба сари дег роҳ намедиҳанд. Суманак ягона таом аст, ки ду-се соат не, чандин рӯз тайёрӣ мебинанду баъд мепазанд, сурудхонон мепазанд, даф мезананду рақс мекунанд. Ягона таом аст, ки танҳо намехӯранд, бо дигарон ба ҳам мебинанд, дар дил орзуи нек мекунанд.

Ва адибон гуфтанд:

– Оне, ки дар як ғизои машҳуру одӣ ин қадар хосият дидааст, метавонад, ки дар ҳар гулу гиёҳ, сангу қатраи оби кишвараш асрору муъҷизаҳо кашф намояд ва он рӯз дур нест, ки ӯ адиби фардои мамлакати хеш гардад.

Аҷибтар аз ин, ҳамаро фаромӯш карда, ба баҳсу гуфтугӯи бачаҳо бо шавқу шодӣ калонсолон шарик шуда, афзуданд:

– Суманак бе қанду шакар ширин мешавад, суманак дар олам ягона таом аст, ки ба дег санг мепартоянд, суманакро дар зарфи сафедгуна ба ҳақу ҳамсояҳо мефиристанд…

Он чӣ гуфтанд, сухани нав нест, лекин ба тартиб овардану пайдарпай васф кардани сифатҳои як таоми миллӣ баёни нав буд ва ин ҳамаро ба ваҷд овард.

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ тақрибан 500 нафар ҳозир буданд. Чун сухан аз Ватану Модар рафт, хонандагону волидонашон гоҳо аз ҷой бархеста, изҳори сипос мекарданд. Магар дар ин мавзуъ кам гуфтаанд? На! Аммо сухани адиб шаҳомату таъсири дигар дорад. Дар куҷо, бо чӣ оҳанг, майлу хоҳиши хонандагонро ба инобат гирифта, қиссаеро баён намудани адибон басо муҳим буд.

Тантанаҳои фестивал дар Хатлонзамин

Соати даҳи 2-юми апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳини шаҳри Бохтар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби бачаҳо» ботантана оғоз шуд. Бояд қайд кард, ки солҳои 2026-2030 бо фармоиши раиси вилоят «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон шудааст ва дар ҳошияи ин кор китобхона намуди худро комилан тағйир дода, бошукӯҳтар ба назар мерасид. қариб тамоми таҷҳизот таҷдид шудааст, рафҳо низ наванду пуркитоб, толори китобхонаву ҳуҷраҳо замонавианду ободу зебо, кас аз тамошо лаззат мебарад. Директори китобхона Рухшонаи Шералӣ қайд кард, ки барои таъмиру азнавсозӣ ва афзунтар гардонидани захираи китоб имсол зиёда аз 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст.

Бачаҳои китобхону китобдӯсти шаҳр намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Юсуф Амирхон, адибону меҳмонон Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим, нависанда Азизи Азиз, корманди раёсати маорифи вилоят Фаррух Ҳотамзода, сардори раёсати фарҳанги вилоят Раҳмон Зокирзода ва дигаронро бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон намоиши китобҳои тозанашри нашриётҳои мамлакатро тамошо кардаву китоб харида, ба саҳни пуродами китобхона расиданд. Ин ҷо суруду мусиқӣ дар авҷ буд. Ба назар чунин мерасид, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалии тоҷикон ҳанӯз давом дорад. Ҳама либоси тозаву озодаву миллӣ ба бар кардаанд, хурдсолон мерақсиданд, суруд мехонданд, эҷодкорони мактаби бачагонаи рассомии шаҳр расмҳои кашидаашонро ба маърази тамошо гузошта буданд. Пас аз садо додани суруди фестивал бачаҳо шеър хонданд, ҳозирон ба сурудхонии Яҳёҷон Давлатов, Идрис Шукуров, Толиби Ҷумъахон, Анаҳита Қодирова ва рақсҳои тарбиягирандагони МТТ №1-и шаҳри Бохтар дурудароз кафкӯбӣ карданд.

Бахши муҳимму асосии фестивал

Албатта, бахши муҳимми баргузории фестивали китоби бачаҳо вохӯриву суҳбат бо адибон буд. Дар толори хурди китобхона хонандагони китобдӯст бо нависанда Азизи Азиз суҳбат оростанд. Адиб ба саволҳои бачаҳо ҷавоб гуфта, аз ваҷҳи ғамхории рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад. Аз ҷумла, гуфт:

– Солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» дар вилояти Хатлон эълон шудааст. Бале, ҳар кор фарҳанге дорад, китобхонӣ ҳам. Вале китоб хонандаашро бо фарҳанги дигар ҳунару касбу кору фаъолият ошно менамояд. Вақте инсон аз фарҳанги ягон кор огоҳ нест, бисёр хато мекунад ва мушкили зиёд ба сараш меояд. Унсурулмаолии Кайковус асари безаволаш «Қобуснома»-ро ба ҳамин мавзуъ бахшидааст. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро чоп кардану ба ҳар хонавода туҳфа кардани Пешвои миллат низ ба хотири баланд бардоштани фарҳанг ва худшиносии миллӣ аст. Ба ин мазмун озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда шудааст. Мо бояд ба қадри ин гуна ғамхориҳо ва сулҳу оромиву осоиштагӣ бирасем ва пайваста ба омӯзиш машғул гардем.

Дар нимаи дуюми рӯз меҳмонон бо хонандагони Китобхонаи шаҳрӣ ва шогирдони литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар вохӯрданд. Директори китобхона Қурбонгул Раҷабзода ва директори литсей Саодат Самадова аз муваффақиятҳои ин ду даргоҳи илму маърифат ҳарф заданд ва меҳмонон бо бачаҳо аз ваҷҳи аҳаммияту зарурати китобу китобхонӣ суҳбат карданд.

Адибони камнамо

Рӯзи дуюми фестивал вохӯрӣ бо китобдӯстони ду ноҳияи вилоят – Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ доир гардид, ки дер гоҳ дар хотири бачаҳо хоҳад монд.

Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шаҳло Шукурзода қайд кард, ки агарчи дар ҳаёти хурдсолон воқеаҳои ибратангезу фараҳбахш кам нестанд, вале ба фикри ман, онҳо ду вохӯриро тамоми умр дар ёд мегиранд. Дидору суҳбати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вохӯрӣ бо адибон!

Директори китобхонаи марказонидашудаи ноҳия Наргис Салимзода қайд кард:

– Агар тамоми хоҳишмандонро даъват ме­кардем, даҳ толор хонанда мешуд. Мутаассифона, ба тарафҳои мо адибон кам меоянд. Намедонам сабабаш чӣ бошад. Вақте мо бача будем, ба ноҳия боре ҳашт адиби бачаҳо – Наримон Бақозода, Убайд Раҷаб, Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Маҳбуба Неъматзода, Ҳақназар Ғоиб, Хайрандеш, Азизи Азиз, Бобо Ҳоҷӣ, Тоҷинисо Азизова меҳмон шуда буданд. Меҳмонҳо ба се гурӯҳ тақсим шуда, ба 10-12 мактаб рафтанд. Мо он вохӯриҳоро ҳанӯз ба хотир оварда, шодӣ мекунем.

Дар ноҳияи Ҷаллолиддини Балхӣ мониқаламҳои ояндаи Мактаби саънати бачагонаи ноҳияро рассоми омӯзгор Любов Соловёва муаррифӣ кард.

Воқеан, нашриётҳои мо ба рассомони китоб­ҳои бачагона сахт ниёз доранд. Дар як маҳфил раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим гуфта буд:

– Агар дар панҷ сол як нависанда ё шоири хуби бачаҳо ба камол расад, дастоварди бузург маҳсуб меёбад.

Ҳамин маъниро барои рассомони китобҳои бачагона низ метавон таъкид кард: кош, лоақал ду-се шогирди Любов Соловёва рассоми китоб­ҳои дарсиву бачагона шаванд.

Дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар ҳашт омӯзгор-рассом ба 200 рассоми хурдсол таълим медиҳанд. Марҷона, омӯзгори рассом, бо афсӯс зикр кард, ки дар шаҳри Бохтар филиали Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кушода нашудааст, вагарна дар мактаби санъати шаҳр зиёда аз 500 нафар таълим мегиранд ва на ҳар кадоми ин эҷодкорони оянда имконияти ба шаҳри Душанбе рафта, такмил додани ҳунари худро доранд.

– Як рӯз ин орзуи мо ҳам ҷомаи амал мепӯшидагист,-изҳор дошт Марҷона.

Мо ҳам бовару умед дорем.

Хулоса ва пешниҳод

Хуб мешуд, ки Фестивали ҷумҳуриявии китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон 15-уми апрел оғоз гардад, зеро 15-уми апрел рӯзи таваллуди устод Айнӣ мебошад ва намоди рамзӣ мегардад.

Чаро 2-юми апрел не? Албатта, ин рӯз низ таърихист, дар ин рӯз адиби афсонасарои кишвари Дания Андерсени машҳур ба дунё омадааст ва дар бисёр кишварҳо оғози фестивал маҳз ба 2-юми апрел мувофиқ меояд. Вале аз он ки анъанаро каме тағйир диҳем, манфиатбор хоҳад буд. Агар эътибор диҳем, хонандагони мактабҳо аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ба қавле, навакак берун омадаанд. Ҳар ҷашн, бахусус, ҷашни Наврӯз омодагиҳои зиёд тақозо мекунад ва ҳарчанд шодию нишоташ фаровон аст, заҳмат низ дорад. Чӣ мешавад, агар бачаҳо ду ҳафта пас аз як ид «истироҳат» дошта бошанду баъдан дар рӯзи таваллуди устод Айнӣ Иди китоб таҷлил гардад?!

Зиёда аз ин баҳори ҳақиқӣ маҳз дар миёнаҳои апрел фаро мерасад. Замину замон шукуфта ва ҳаво гармтар хоҳад шуд. Одатан аввали апрел ҳаво серборон ва сард меояд, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон рӯзҳои ид борони сахт, ҳатто барф борид.

Воқеан, чаро ба идгоҳ падару модару бобою бибиҳоро даъват накунем?! Мегӯянд, ки дар ҷашни китоби кишварҳое, ки мардумаш зиёд хонандаанд, аз кӯдакон зиёдтар модарон ширкат меварзанд. Онҳо барои фарзандонашон китобҳои зиёд харидорӣ мекунанд.

Нақши модар барои китобхон шудани фарзанд басо бузург аст. Ин сухан низ бе маврид нест: чун дар хонадон падар бесавод аст, падар зарар хоҳад дид, вале чун модар бесавод аст, ҳама азият мекашанду дар банди ҷаҳолат мемонанд. Бесабаб нест, ки барои китоби безаволи «Шоҳнома»-ро қадр накарданаш Султон Маҳмудро Фирдавсии бузург бо ин мисраҳо низ маззамат намуда буд:

Агар модари шоҳ бону будӣ,

Маро симу зар то ба зону будӣ…

Азизи Азиз дар ҳар суҳбат ба хонандагон хотиррасон менамуд, ки дар кишвари пешрафтаи Кореяи Ҷанубӣ ҳар синфхона 55-60 шогирдро гирд овардааст ва қариб ҳама хубу аъло таҳсил мекунанд. Вале мо бонги «хатар» мезанем, ки дар синфхонаҳои мактаби мо 30-40 шогирд таҳсил мекунанд.

Бо вуҷуди пуршогирд будани синфхонаҳо, дар Кореяи Ҷанубӣ омӯзгор чандон азият намекашад, зеро модар он ҷо барои таълими фарзандаш на камтар аз омӯзгор заҳмат мекашад. Кор ба ҷое расидааст, ки он ҷо барои камсаводии хонанда пештар аз омӯзгор волидонро айбдор меҳисобанд.

Дар кишвари Ҷопон фарзанд дар ҳаққи устодаш мабодо ҳарфи дағалу носазо гӯяд, дар хонадон мотам мегиранд. Чӣ расму оини хуб. Пӯшида нест, ки дар кишвари мо баъзе волидон барои хатою гуноҳи фарзанди худ бе ягон тафтишу санҷиш аз гиребони омӯзгор мегиранд.

Дар арафаи фестивал барои бачаҳо бояд китоби нав пешкаш кард. Баъзан дар маърази намоиш китобҳоеро мегузоранд, ки чандин сол пештар ба нашр расидаанд ва аслан ё чандон китоби бачагона нестанд. Адибоне, ки ба вилояту минтақаҳо сафар намуданд, изҳор доштанд, ки китобе низ ба назар расид, ки шеъри каммаънӣ, ҳикояи беҳикмат ва афсонаи хом дошт.

Фестивали китоби кӯдакону наврасон барои он таҷлил мегардад, ки ба кӯдакон китоби тозанашр пешкаш шавад, адибон аз боби китобу китобхонӣ ва истеъдоди китоб навишта тавонистан суҳбат ороянд, ба саволи бачаҳо ҷавоб гӯянд ва худ савол диҳанд. Дар фестивал бачаҳои истеъдоднокро пайдо намуда, ба шоҳроҳи адабиёт роҳбалад шаванду майдони адабиётро барояшон нишон диҳанд. Бачаҳо дарк намоянд, ки бе китоб одам шудан комилан номумкин аст.

Бояд қайд кард, ки баъзе хонандагон наметавонад ба маънии шеър, ибораву калима сарфаҳм рафта, ин корро дуруст ва бо маҳорати баланд анҷом диҳанд. Онҳо одатан фарёд мезананд, гумон мекунанд, ки ҳар қадар садо баландтар бошад, ҳамон андоза истеъдодноку ҳунарманданд. Аз ин қадар шеър шуниданҳо ному насаби андак хонанда дар ёди кас боқӣ мондааст. Ҳамон се духтарак, ки дар мактаби деҳаи кунҷи кӯҳистон – Зиддеҳи ноҳияи Варзоб чанд шеъри Юсуфҷон Аҳмадзодаро қироат намуданд, беҳтаринҳо буданд.

Мо дар ҳар вохӯрӣ ба бачаҳое, ки дар саҳна истода шеър мехонданд, як маслиҳати одӣ медодем:

– Чун ба саҳна меравед, китоб ба даст гиред. Китоб дар даст ҳусни саҳнаро такмил медиҳад. Агар фаромӯш кардед, бемалол китобро кушоеду хонданатонро давом диҳед. Агар шеърро аз ёд намедонед ё баъзе мисраъ фаромӯш шуд, айб нест. Муҳимтар аз ҳама, фаҳмидану дуруст қироат кардани шеър мебошад…

А. ИБОДУЛЛО

Добавить комментарий