Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ин воқеият, ки ояндаи ҳар як кишвар аз сатҳи маърифати шаҳрвандонаш вобастагӣ дорад, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ маорифро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуданд.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки танҳо тавассути тарбияи насли соҳибмаърифату худшинос метавон истиқлоли сиёсиро ба истиқлоли фикрӣ ва иқтисодӣ табдил дод.
Марҳалаҳои рушди маориф дар замони истиқлол нишон медиҳанд, ки давлат дар ҳар як давраи муайян афзалиятҳои стратегии худро вобаста ба талаботи замон танзим намуда, аз ҳифзи сохтори мавҷуда ба марҳалаи ислоҳоти куллӣ ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ қадам гузошт. Дар ин замина, гузаштан ба низоми нави таълим, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот, таъсиси мактабҳои типи нав, аз ҷумла, литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ имкон дод, ки сифати таълиму тарбия ба куллӣ беҳтар гардида, рақобатпазирии хонандагони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъмин карда шавад.
Бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат омӯзгор ҳамчун шахсияти меҳварӣ ва созандаи тақдири ояндаи миллат шинохта мешавад, ки ин эҳтиром дар зиёд намудани музди меҳнат, ҷоизаҳои давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ инъикос ёфтааст. Омӯзгорони эҷодкору навовар бо истифода аз методҳои муосири таълим ва технологияҳои иттилоотӣ имрӯз насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд, ки ин омил дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои ҳифзи асолати миллӣ аҳаммияти ҳаётӣ дорад.
Ташаббусҳои наҷиби Сарвари кишвар, аз ҷумла, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар ҷомеа як ҷунбиши бузурги маърифатӣ ба вуҷуд оварданд ва завқи китобхониву илмомӯзии тамоми табақаҳои аҳолиро боло бурд.
Рушди маориф дар замони истиқлол, инчунин, бо таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа, қабули қонунҳо ва барномаҳои давлатии дарозмуддат пайванди ногусастанӣ дорад, ки ҳар кадоме аз онҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва муайян кардани уфуқҳои нави пешрафт нақши калидӣ бозиданд. Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бори дигар собит намуд, ки давлат ба илмҳои муосир ва технологияҳои нав таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Маҳз дар ин давра низоми таҳсилоти олии касбии кишвар низ тағйир ёфта, ҳамкориҳои байналмилалии таълимӣ имкон доданд, ки ҳазорон ҷавони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар саҳм гузоранд.
Яке аз рукнҳои калидии пешрафт, ки маҳсули сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат аст, муҳайё намудани шароити мусоиди таҳсили духтарону писарон ва ҷорӣ намудани квотаи Президентӣ мебошад.
Дар марҳалаи рақамикунонии соҳаи маориф ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба раванди таълим авлавияти бештар медиҳад.
Мақому мартабаи аҳли таълиму тарбия, инчунин, дар заминаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» маънои нав касб кард. Маҳз озмунҳои мазкур ба дарёфти захираҳои зеҳнии миллат мусоидат намуда, дар ин замина, дар меҳвари мактабу маориф нақш мебозанд. Заҳмати содиқонаи аҳли маориф дар тӯли 35 соли истиқлол собит намуд, ки онҳо сипари боэътимоди маънавии давлат буда, бо тарбияи насли босаводу соҳибхирад пояҳои истиқлоли давлатиро таҳкими мебахшанд. Истиқлол имкон дод, ки низоми маориф мутобиқи ниёзҳои миллӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ аз нав эҳё ва ташаккул ёфта, мактаби тоҷик ба мактаби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва илму ҳунар табдил гардид.
Сарфароз ЁҚУБЗОДА,
сардори шуъбаи Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи вилояти Хатлон













