Ошёни меҳру умед

Омӯзгороне, ки дар мактаб фаъолият менамоянд, масъулияти бузурги таълиму тарбияро бар дӯш доранду ояндаи дурахшони ҷомеа, давлату миллат­ро бунёд мегузоранд. Дар ин ҷода масъулияти омӯзгорону мураббиёни Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ дучанд аст. Тарз ва усули кори онҳо, қобилияти муносибат карда тавонистан бо ҳар як кӯдак, роҳ ёфтан ба қалби нозуку ҳассос имконият фароҳам меоварад, то мавқеи ояндаи таълимгирандагон дар зиндагиву ҷамъият муайян гардад. Ин мутахассисон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки кӯдакону наврасони муассиса дар оянда ҳамчун шахси комилҳуқуқи ҷамъият ба воя расанд ва дар зиндагӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда тавонанд.

– Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ маконе мебошад, ки дар он ба кӯдакон на танҳо дониш, балки меҳру муҳаббат, дастгирӣ ва умеди нав ба зиндагӣ дода мешавад. Кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда, дорои истеъдоду қобилияти махсусанд ва орзуҳои нек дар дил мепарваранд. Вазифаи асосии омӯзгорон, равоншинос, логопед, дефектолог – мутахассисони муассиса фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду камолоти онҳо мебошад. Дар ин ҷо омӯзгорони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд, ки ба ҳар як хонанда бо меҳру муҳаббат ва сабру таҳаммул муносибат менамоянд,-иброз намуд дар суҳбат директори муассиса Моҳира Даминзода.
Мактаб-интернат солҳои 50-уми асри XX бунёд ёфта, аз ду бинои таълимии дуошёна, хобгоҳ ва якчанд бинои якошёна иборат мебошад. Дар дохили биноҳо синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои фанниву ҳунаромӯзӣ, ҳуҷраҳои алоҳидаи бозӣ, толорҳои фарҳангиву варзиш, китобхона, ошхона мавҷуданд. Айни замон 242 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои ношунаво ва ё шунавоияшон заиф, дауни сабук аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти муовини директор оид ба тарбия Фурқат Сафаров, омилҳои гирифтории кӯдакон ба ин гуна бемориҳо зиёд аст, масалан, тарс, никоҳи хешутаборӣ, табларзаи сахт, бемориҳои сироятии гуногун. Кӯдаконро ба муассиса пас аз гузаронидан аз ташхиси тиббӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илм қабул мекунем. Тахминан даҳ сол қабл шумораи хонандагон аз 90 нафар иборат буд, айни замон бо сабаби зиёдшавии аҳолӣ теъдоди хонандагон низ афзудааст. Дар муассиса соли хониши ҷорӣ 92 духтар ва 150 писар дар 19 гурӯҳи таълимӣ таҳсил доранд.
Дар мактаб-интернат хонандагон аз синфи 1 то 10 дар як баст таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, кӯдакони 6-сола мувофиқи талаби волидон дар маркази инкишофи кӯдаки муассиса бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Имсол низ ду гурӯҳ хонандагон дар ин марказ таълим мегиранд. Дар синфхонаҳо бо дарназардошти хусусияти фардии хоси ҳар як кӯдак, ки муносибати махсусро аз омӯзгор талаб менамояд, аз 10 то 12 нафар ҷой дода шудаанд.
– Синфҳоро мувофиқи бемории хонандагон ба се шуъба: якум (фаъол), дуюм (камфаъол) ва ёрирасон (нофаъол) тақсим кардаем. Барномаи таълимии мактаб-интернат аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фарқ мекунад. Масалан, барномаи синфи 10-и мактаб-интернат ба синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқ меояд. Барои хонандагон нисбат ба машғулиятҳои назариявӣ машғулиятҳои амалӣ осонтар буда, барномаҳои таълимиашон низ махсус ба ҳамин самт равона гардидааст,-гуфт дар идомаи суҳбат Ф. Сафаров.
Савринисо Султонова 36 сол собиқаи умумии корӣ дошта, 26 соли онро дар мактаб-интернат сарфи таълиму тарбияи хонандагон намудааст. Муаллима аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Дар як машғулияти муаллима, ки дар синфи 6-уми шуъбаи якум баргузор шуд, иштирок кардем. Дар синф 12 нафар хонанда ҳузур дошт. Муаллима дар қисмати ташкилии дарс бо хонандагон саволу ҷавоб баргузор намуд. Мавзуи гузаштаро, ки «Тасрифи феъл» буд, аз қисме дар тахтаи синф ва аз боқимондаҳо бо додани супориш дар ҷойи нишасташон пурсон шуд. Хонандагон дар рафти машғулият фаъолияти хуб доштанд. Давоми дарс омӯзгор бо хонандагон вобаста ба мавзуи гузашта машқҳо иҷро намуд.
– Як мавзуъро дар ду-се дарс мегузарем, то бачаҳо хуб аз худ кунанд. Мекӯшем, дарсҳоямонро бо истифода аз усул ва дар шакли ҳамгиро баргузор намоем. Бачаҳо бояд бисёртар фаъолият нишон диҳанд, мо бошем, онҳоро роҳбаладӣ ва назорат мекунем. Як калимаро якчанд бор бо ишора такрор менамоем. Барои бачаҳои мактабҳои муқаррарӣ осонтар аст, мебинанду мешунаванду мегӯянд. Хонандагони мактаб-интернат танҳо мебинанду ишора мекунанд. Омӯзгорон вазифадоранд бо роҳу усулҳои махсус дарсро хуб фаҳмонанду хонандагон дарк кунанд,-қайд кард С. Султонова.
Омӯзгори биология Малика Тағоева пеш аз ба кор пардохтан аввал як муддат таҳти роҳбарии Саттор Қувватов дар курси махсуси такмили ихтисос забони имову ишораро омӯхтааст. Дар аввал 300 ишора, оҳиста-оҳиста тамомашро аз бар кардааст. Муаллима изҳор намуд, ки дар рафти дарс аз тахтаи электронӣ, аёниятҳои гуногун васеъ истифода мебарад. Аёниятҳо кори омӯзгоронро осон месозанд. Кӯдакон низ мавзуъро дар ин замина хубтар дарк мекунанд.
Натиҷаи ҳамин заҳмату кӯшишҳои омӯзгорон аст, ки соли гузашта дар аввалин сурдоолимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони муассиса ҳама ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.
– Ин аввалин сурдоолимпиада дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар Тоҷикистон аз 5 фан бо иштироки хонандагон аз 7 муассисаи таълимии навъи мактаб-интернатҳо барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд баргузор шуд. Дар муассисаи мо сафи иштирокчиён дар даври аввали озмун хеле зиёд буд, лекин ба даври ҷумҳуриявӣ 22 хонандаи беҳтарин роҳ ёфт. Аз ин шумора 5 хонанда созовори ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм, 7 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар соҳиби мақоми ифтихорӣ гаштанд,-иттилоъ дод муовини директор оид ба таълим Муҳаммадшокир Ибодов.
Саидҷон Холов хонандаи синфи 6 буда, ҳангоми иштирок дар сурдоолимпиада аз фанни математика барояш муяссар гашт, то ҷойи якумро соҳиб шавад. Барои ин писараки доно дигар фанҳо низ ҷолибанд. Мавсуф дар оила ҳамроҳи 4 додару хоҳараш ба воя мерасад. Ӯ дар оянда орзу дорад, омӯзгори математика ва дастгири волидон гардад.
Дар ин муассиса 12 маҳфили фаннӣ ва касбомӯзӣ амал мекунад. Ба хонандагон барои пешбурди зиндагиашон дар оянда касбу ҳунарҳои гуногун омӯзонида мешавад. Онҳо мувофиқи синну сол ва шавқу ҳаваси худ маҳфилеро интихоб мекунанд. Роҳбарони маҳфилҳо мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи худ, собиқадоронанд. Онҳо ба хонандагон нозукиҳои ҳар як касбро меомӯзанд. Тамоми ҳуҷраҳои маҳфилҳо бо дастгоҳҳои зарурӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъминанд.
– Маҳфилҳои математикони ҷавон, информатика, дӯзандагӣ, дуредгарӣ, пойафзолдӯзӣ, сартарошӣ, рассомӣ, қуроқдӯзӣ, пухтупаз, гӯштини миллӣ, футбол, шоҳмоту шашка, тенниси рӯйи миз, волейбол ва ғайра амал мекунанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ҳуҷраҳо бо тамоми шароит таъминанд,-иброз намуд М. Даминзода.
Роҳбари маҳфили «Дӯзандагӣ» Меҳрӣ Қосимова 16 сол аст, ки дар мактаб-интернат ба хонандагон нозукиҳои ҳунари чевариву гулдӯзиро меомӯзонад. Маҳфили мазкур 24 аъзо дорад. Шогирдон бо роҳбарии омӯзгор барои хонандагони муассиса либосҳои милливу мактабӣ ва пешдоману таксарӣ, рӯйҷову бистар медӯзанд. 24 мошинаи дарздӯзӣ дар ихтиёрашон аст.
Яке аз устодони собиқадори соҳа Сафаралӣ Қарахонов беш аз 40 сол аст, ки дар мактаб-интернат ба шогирдон ҳунари пойафзолдӯзиро меомӯзонад. Ӯ пас аз хатми Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ соли 1986 дар як гӯшаи ҳавлии муассиса ҳуҷраи корӣ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазгардида ба кор пардохт. Тӯли ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия кард. Ҳоло дар ин маҳфил 14 нафар нозукиҳои касбро аз худ мекунад.
Дар баробари ин, хонандагони мактаб-интернат ҳамасола аз намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳо байни кӯдакони имконияташон маҳдуд ширкат варзида, 70-75 медал ба даст меоранд. Онҳо ба футбол, тенниси рӯйи миз, шашкаву шоҳмот ҳаваси зиёд доранд.
– Яке аз шогирдони собиқи муассиса Меҳробиддин Ҳафизов дар лижаронӣ дар Паролимпиадаи зимистона дар Австрия ва давидан дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии олимпӣ (World Games Abu Dhabi 2019), ки дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд, сазовори ҷойи намоён гардид. Имрӯз низ чунин шогирдон дорем. Умед дорем, ки дар оянда варзишгари хуб мешаванд ва кишварамонро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд,-бо ифтихор иброз намуд омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Умарҷон Муратов.
Бинои хобгоҳ ва ошхонаи мактаб-интернат дар ҳавлии алоҳида, рӯбарӯйи таълимгоҳ ҷойгир мебошад. Толори ошхона соли гузашта васеъ карда шуд ва акнун дар он 160 нафар дар як баст таом истеъмол мекунанд. Дар хобгоҳ бошад, барои 192 нафар кат мавҷуд буда, духтарон ва писарон мувофиқи синну солашон дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷой дода шуда, таҳти назорати доимии мураббиён қарор доранд. Дар шафати бинои хобгоҳ бинои нав барои 95 таълимгиранда бунёд мешавад ва тибқи маълумоти роҳбари муассиса, он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор магирад.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»

P.S: Хеле хушоянд аст, ки дар пайи таълиму корбарӣ ва нигоҳубинии махсус дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамасола аз 10 то 12 нафарро, ки шунавоияшон беҳтар мегардад, ба мактабҳо барои идомаи таҳсил равона месозанд.

Добавить комментарий