«Шоҳнома» – ситоишгари бонувон

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони тоҷик тақдим шудани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рӯйдоди муҳимми таърихию фарҳангӣ гардид, ки дар тақвияти ҳисси ватанпарварию ифтихори миллӣ нақши барҷаста хоҳад гузошт. «Шоҳнома» яке аз мондагортарину бузургтарин шоҳкориҳо дар дунёи адаб буда, ҳамчун таблиғгару саногӯи далерию шуҷоат, меҳнатдӯстию сарафрозӣ, хираду маърифат ва дӯстию рафоқат эътироф шудааст. Ин асари боҳашамату пурмаънӣ сужаи бовусъат, образҳои зиёд ва манзараҳои фаровонро фаро гирифтаасту ба қисматҳои зиёде тақсим мешавад ва ҳар як қисмат иртибот ба саргузашти печидаю пурҳаводис ва ҳикматбори ниёгони барумандамон дорад. Дар бораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва сохтору мазмуну муҳтавои он, хушбахтона, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам хориҷ аз кишвар асарҳои зиёде офарида шудаанд. Шоистаи тазаккур аст, ки бисёре аз муҳаққиқон ба масъалаи инъикоси симои зан дар ин шоҳкори адабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Воқеан, симои зан дар ҳеҷ як асари адабиёти классикиамон чун дар «Шоҳнома» ин қадар равшану барҷаста ва бо эҳтирому эътиқод офарида нашудааст. Нигоштаҳои шоири бузург нисбат ба зан хеле самимонаанд ва омезиш бо меҳру муҳаббат ва бовару эътимод доранд. Образи зан дар «Шоҳнома» як офаридаи оҷизу нотавон ва дорои фаъолияти маҳдуд будани занро, ки мутаассифона, иддае чунин назару мафкура доранд, қотеона рад мекунад. Дар асари мондагори Фирдавсӣ зан намоди шуҷоату далерӣ, донишу хирад ва чорасозию суханварист. Шоири тавоно нисбат ба зан ҳатто чунин қазоват мекунад, ки хеле муассир аст:

Зи марди хирадманд бедортар,
Зи дастури донанда ҳушёртар.
Далерию ҷасорату матонати занон дар «Шоҳнома» дар сатҳи олӣ ва бо навъе ифтихор ситоиш дарёфтаааст. Занон дар ин асари безавол то ба сатҳе фаъоланд, ки зумрае аз эшон ҳатто либоси низомӣ ба тан кашида, ба майдони ҳарб далерона, мардонавор дохил мешаванд ва ҳақиқатро, кишвари маҳбубро, шаъну шарафи худро ҳифз мекунанд. Аспсаворию лаҷомдории бонувон Гурдофарид, Синдухт, Ҷарира, Бонугушапс, Гурдия, Зарбону ва чанде дигар ҳамагонро ангушти ҳайрат ба лаб мегузорад, мафтуну мамнун мекунад, ба саногӯӣ вомедорад. Занон бар онанд, ки ҷангҳо вусъат наёбанд, пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шавад ва шарафи меҳан поймол нагардад. Маҳз бо ҳамин ният онҳо дар зарурат ба майдон мебароянду шуҷоату далерӣ нишон медиҳанд. Иртибот ба ҳамин маънӣ дорад байти машҳури зер:
Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, қаҳрамонӣ кунад.
Аз тарафи дигар, Фирдавсӣ покдоманию иффат, шарму ҳаё ва меҳру садоқатро дар зинаи саҳифаҳои умдатарин медонад ва вобаста ба ин ҷиҳати масъала низ образҳои шоистаю ибратомӯзе меофарад, ки барҷастатаринашон образи Таҳмина аст. Сифатҳои ҳамидаи занон дар байтҳои зер бозгӯйи шуда:
Бад-ӯ гуфт: Ройи ту, эй шерзан,
Дурахшон кунад дудаву анҷуман.
***
Агар порсо бошаду ройзан,
Яке ганҷ бошад пароканда зан.
***
Гаронмоя занро ба даргоҳ хонд,
Ба нома варо афсари шоҳ хонд…
Шоистаи он аст, ки нақши бонувон дар «Шоҳнома» минбаъд боз ҳам ба таври амиқтару дақиқтар мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Саодат КАРИМЗОДА,

омӯзгори гимназияи хусусии «Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий