Меҳри безавол

Риштаи сухан дар маъракае аз бехирадии беасле, ки модари худро фаромӯш ва модари дигареро ба дашномкунӣ даромад, манша гирифт.

Аз ин ҳол муҳри хомӯшӣ дар лабони ҳама нақш баставу аҳли нишаст бетарафиро ихтиёр карда буданд. Аз бетарафӣ дил дар қафаси синаам дар такопӯ омад. Тоқатам тоқ шуд. Ғайриихтиёр аз шоири шинохта Эраҷ Мирзо мисраъҳои зайлро ба забон овардам:
Писар, рав, қадри модар дон, ки доим
Кашад ранҷи писар, бечора модар.
Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми ҳастиаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар, бечора модар.
Дарк кардам, ки он беҳаё аз дарки маънии шеър фарсахҳо дур аст. Пас аз тааммул ба ҷавон рӯ овардам. Модаронанд, ки нуҳ моҳу нуҳ рӯз тифлашонро дар батнашон нигоҳдорӣ мекунанд. Ҳангоми таваллуд дар байни ҳаёту мамот қарор мегиранд.
Модари ману ту мумкин аз ин зиёдтар бароямон ранҷу азоб кашидаанд. Вақте ки ҷавон хатояшро фаҳмид, аз рафтори нодурусти худ пушаймон шуда, дар назди аҳли давра сар хам кард. Ман худамро осуда ҳис кардам ва мурғи хаёлам ба рӯзгори гузашта, ранҷҳои кашидаи модарам пар зад.
Ёд дорам, модарам мани аз айёми тифлӣ аз падар маҳрумгаштаро аз ҷонаш ҳам зиёдтар азиз медонист. Ман модарамро то ҷое дӯст медоштам, ки ҳоло дар тавсифаш забонам оҷиз мегардад.
Охир, модарҷонам буд, ки соатҳои бемориам бо дидагони ашкбор, зору низор аз сари болинам дақиқае дур намешуд. Навозишам мекард, бо ташвишу дилсӯзӣ бароям табиб меҷуст.
Вой писарам, ҷону ҷигарам, умеду орзуям, соябони сарам, – вовайлокунон худро ба ҳар дар мезад.
Матлабаш, ки иҷро ва муродаш ҳосил мешуд, даст ба гиребони надомат бурда, ба даргоҳи Офаридгор шукргузорӣ менамуд.
Соле, ки синнам ба ҳафт расид, сарамро силакунон:
– Писарам, дар вақташ ман ба ҷое нарасидам. Шароит имкон надод ва падару модарам розӣ нашуданд, ки мани духтарбача хонам. Ту хуб хон! Дар ин бора ҳеҷ фикр накун. Маошам ба зиндагиямон мерасад. Хубу аъло хонӣ, албатта, ба ҷое мерасӣ! Бо дили пур насиҳатам карда, дас­тамро гирифта, ба дабистон бурд.
– Муаллим, умедам аз шумо калон. Фарзанди ягонаамро ба наздатон овардам. Чашмдорам, ки ӯро хуб таълим дода, нағз тарбия менамоӣ,-бо дидагони пурнам аз муаллим хоҳиш кард модарам.
Имрӯзҳо фикр мекунам, ки модарҷонам аз куҷо вақт ёфта, мунтазам аз ҳоли ман дар мактаб хабар мегирифт. Дар дарсҳо иштирок ва аз хонишу донишам огаҳӣ меёфт.
Талошҳои доимӣ, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи модарам буд, ки ман таълимгоҳро бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм намудам.
Рӯзи ба даст гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб, ки дар он ҷамъомад модарам низ ҳузур доштанд, аз рӯйи нурбораш бӯсида, гуфтам:
– Модарҷон, айёми тифлӣ, наврасию ҷавониам дар канорам хотирмону ширин, бо кӯлбори пурбори дониш гузашт. Ин ҳама муваффақиятҳоям ба шарофати ранҷу заҳматҳои шумо ба ман муяссар гардид.
– Модарҷон, ман худро дар наздатон умре қарздор медонам. Хидмататонро шабу рӯз адо кунам ҳам, ба қадри якшаба бедорхобиятон баробар шуда наметавонад. Фақат аз шумо хоҳишмандам, ки ками маро ба ҷойи беш дониста, аз ман розӣ шавед! Розигиятон кушоиши кор, як каф дуоятон дари ҷаннатро ба рӯям мекушояд,-бо илтиҷо хоҳиш кардам аз модарам.
Бо дуои модар ба донишгоҳ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуда, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтам.
Модарам насиҳатам кард:
– Писарам, ту ки фарди бофазлу донишӣ, нашавад, ки ҳаракату рафтори ноҷое намоӣ! То тавонӣ, некӣ кун, касеро наранҷону озор мадеҳ! Бад макун, ки бад афтӣ, чоҳ макан, ки худ афтӣ.
Акнун вақту соати роҳат кардани модарам расида буд, ки умр ба вай вафо, тақдир ба мани бетолеъ тараҳҳум накард.
Модарам рафту меҳраш дар умқи дилам монд. Аз марги нобаҳангоми ӯ чун лола ҷигарам доғдор шуд.
Вале оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки модар гавҳари ноёб асту варо дигар дар хобу руъёҳо мебинӣ. Бо ин ҳама, ҳамеша панду андарзи модар дар гӯш аз пайи омӯзишу заҳмат шуда, мақсаду орзуҳоямро амалӣ намудам. Солиёни зиёд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, ба нафақа баромадам.
Соҳиби фарзандони баркамол ҳастам, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият мекунанд. Аз зиндагӣ шукргузорам, саодатманду хушбахтам.
Кароматуллоҳи ҒАФУР,

омӯзгори собиқадор, шаҳри Ваҳдат

Добавить комментарий