Шиносномаи миллат

Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон забони тоҷикӣ ҳамчун шиноснома ва ҳастиии миллат эътироф гардида, ҷойгоҳи сазовори худро пайдо намуд. Дар ин росто, хидмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст.

Дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат омадааст, ки «забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҷандинҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё, чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад». Мувофиқи маълумоти забоншиносон, дар ҷаҳон 7 ҳазор забон мавҷуд аст, аммо на ҳамаи онҳо рушду такомул ёфта, ба сифати забони тавоно шинохта ва ё муаррифӣ гардидаанд. Ин ифтихори бузург аст, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони дорою таърихӣ эътироф гардидаасту аз муҳаббату эҳтиром бархӯрдор аст.
Мероси ғанию ҷовидонаи фарзандони фарзонаи миллат маҳз ба шарофати забон то ба имрӯз расидааст ва барои аҳли башар хидмат менамояд.
Дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд: «Забони мо бо Истиқлоли Ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки Ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст». Пас, метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ ба забони модарии мо рушду такомул, болу пар бахшид. Он ҳама нобасомониҳое, ки дар тӯли таърих ба сари забони тоҷикӣ омада, ба пайкари он «захмҳо» гузошта буданд, оҳиста-оҳиста шифо ёфтанд. Даврони соҳибистиқлолӣ оғози рушди забони давлатӣ, ҳифзу гиромӣ доштани ин муқаддасоти миллӣ гардид. Ба мо муяссар шуд, ки озодона бо забони модарии худ муошират намоем, назару андешаҳои худро меросбари арзандаи забони тоҷикӣ муаррифӣ намоем.
Ҳоло дар ҷаҳон миллати моро бо забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Ин нукта тасдиқ мекунад, ки дарвоқеъ, забони миллат шиносномаи миллат аст. Боиси сарафрозиҳои мост, ки дар минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳон Пешвои миллат бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ мекунанд.
Истиқлол дар баробари дигар дастовардҳои муҳим шароит фароҳам овард, то забон аз ғамхориҳои давлат бештар бархӯрдор гардад. Чун забон омили муҳимми пойдорӣ, яъне, бақои давлату миллат дониста мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арҷгузории забони давлатӣ ҳамаҷониба таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳимму мушаххас меандешад.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон фароҳам омад, ки вобаста ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо амалӣ гарданд. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи забони давлатӣ ҳамасола 5-уми октябр дар саросари мамлакат аз мақому манзалат ва гиромӣ доштани забони давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд: «Забони миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллат аст ва забони давлатӣ рамзи давлат аст. Бинобар ин, беэътиноӣ нисбат ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ ба миллату давлат ба ҳисоб меравад».
Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ, бо пешниҳоди Пешвои миллат «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» қабул гардидаасту мавриди амал қарор дорад. Мақсади асосии ин барнома рушди устувор ва ҳимояи забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии он вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии забон мебошад.
Дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатмӣ буда, хилофи он амал намудан ҷавобгариро дар пай дорад. Мушоҳида мешавад, ки дар бархе аз шиору навиштаҷот, таблоҳои рекламавӣ ва дигар воситаҳои таблиғот меъёру талаботи забони давлатӣ риоя намегардад. Ин, аз як тараф, аз бемасъулиятии шахсони масъул дарак диҳад, аз сӯйи дигар, боиси паҳн гардидани чунин ғалатнигориҳо дар байни ҷомеа мешавад. Зарур аст, ки ҳангоми навишт ва гуфтор мо ба забони модарии худ эҳтиром гузорем. Кӯшиш намоем, ки ҳангоми муошират аз истифодаи калимаву ибораҳои ба забони модарии мо бегона даст кашем, забони тоҷикиро пок нигоҳ дорем. Дар ин самт комиссияҳои татбиқи забони давлатӣ дар назди шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро боз ҳам такмил бахшида, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, ки ба рушди забони давлатӣ халал мерасонанд, тадбирҳои судманд андешанд.
Забони мо ҳастии мост, қудрати мост, он тавоноии мо ба ҳисоб меравад. Бо ин забон моро шинохтаанду эътироф намудаанд. Ин забон забони модарии мост, забони расмии давлатии мост. Мо дар назди ин забон масъулият дорем, то ба ояндагони худ онро саҳеҳу покиза мерос гузорем.
Суханоро Расулзод,

омӯзгори МТМУ №10-и шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий