Истиқлол ва рушди забони давлатӣ

Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда мепайвандад. Тафаккуру андешаи ҳар халқу миллат маҳз ба воситаи забон шакл гирифта, инъикос мегардад.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки забони тоҷикӣ дар муддати мавҷудияти худ ҳамеша вазифаи ҷамъиятиашро адо намуда, барои соҳибонаш на танҳо воситаи мубодилаи афкор, балки муҳимтарин омили худшиносиву худогоҳӣ ба ҳисоб меравад. Ин забон дар муддати мавҷудияти худ марҳалаҳои гуногунро паси сар намуда, борҳо аз санҷишу имтиҳони таърихӣ гузашта, ташаккулу таҳаввул ёфтааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоиҳои бедареғу корнамоиҳои бемислу монанди соҳибзабонон буд, ки он роҳи ниҳоят пурфоҷеаи таърихиро паси сар карда, бо захираи бою рангини луғавӣ, таъбироти зебою дилнишин ва сохтори пуриқтидори синтаксисӣ ба мо мерос монда, то ба имрӯз вазифаи ҷамъи­ятиашро иҷро менамояд. Ниёгони шарафманди мо дар ин муддат забони тоҷикиро аз тӯфону офатҳои замон ҳимоя карда, онро дар шакли нобу беолоиш ба мо мерос гузоштаанд.
Бо ин забон осори безаволи илмиву адабӣ таълиф ёфтааст, ки ганҷинаи маърифати ҷаҳониро бою ғанӣ гардонда, дар пешрафти фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ ва ташаккули маънавиёти инсонӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳарчанд макони ташаккулу таҳаввули забони тоҷикӣ сарзамини аҷдодии тоҷикон – Мовароуннаҳру Хуросон ба ҳисоб меравад, ин забон дар гузашта ба яке аз забонҳои пуриқтидори илму адаб табдил ёфта, шуҳрати оламшумул пайдо карда буд. Ҳамин аст, ки доираи фарогириаш аз ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон фаротар меравад, ҳатто намояндагони халқу миллатҳои дигар бо ин забон эҷод мекарданд. Аз ҷумла, Амир Хусраву Ҳасани Деҳлавӣ, Бедилу Зебуннисо ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар сарзамини таърихии Ҳиндустон осори беза­воли худро маҳз бо ин забон эҷод кардаанд ва асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишери Навоӣ нахустин қадамҳои эҷодии худро бо забони тоҷикӣ ниҳода, сонитар бо ҳидояти устодаш Мав­лоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо забони модариаш асар меофарад.
Чунонки забони тоҷикӣ боиси бақои миллати тоҷик гардидааст, фарзандони ба­рӯманду сарсупурдаи ин миллат низ ҳамеша ҳомиву пуштибони ин забон будаанд ва барои бақои ин забон саҳми назаррас гузоштаанд. Аз ҷумла, даҳсолаҳои дуюм ва сеюми асри ХХ барои миллат ва забони мо марҳалаи нави тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Дар ин давра гурӯҳе забони тоҷикӣ ва миллати тоҷикро инкор ва исбот карданӣ мешуданд, ки дар сарзамини Мовароуннаҳр бо ин ном забон ва халқият вуҷуд надорад. Ин бадхоҳон мехостанд, мавҷудияти халқи тоҷикро инкор ва худи ӯро аз давлатдорӣ маҳрум намоянд. Маҳз дар ҳамин давраи тақдирсоз устоди донишманду худогоҳ Сад­риддин Айнӣ ба майдон омада, бо эҷоди китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки Мовароуннаҳр ҳазорсолаҳо инҷониб сарзамини сукунати тоҷикон мебошад. Дар ин асари безаволи устод Айнӣ дар бораи сесад нафар шоире маълумот дода мешавад, ки дар давоми беш аз ҳазор соли охир дар ҳамин сарзамин ба дунё омада, зиндагиву эҷод кардаанд ва осори безаволи худро бо забони тоҷикӣ навиштаанд. Бо эҷоди ин асари тақдирсоз, устод Айнӣ дар асоси факту далелҳои эътимодбахш собит намуд, ки тоҷикон дар гузаштаи дури таърихӣ мардуми таҳҷоии сар­замини Мовароуннаҳру Ху­росон буда, соҳиби забону фар­ҳанг ва адабиёти қадима мебо­шанд ва барафрӯзандаи чароғи илму маърифат дар ин сарзамин маҳз фарзандони ҳамин халқ ба ҳисоб мераванд. Устод Садриддин Айнӣ на танҳо гузаштаи таърихии мардуми худро собит намуд, балки ҳамчун асосгузори адабиёти навини тоҷик ва бунёдгузори забони адабии тоҷикӣ дар барқарор гардидани асолату тозагӣ ва таъмини истиқлоли забони тоҷикӣ нақши бузургу муассир бозид.
Дар замони Истиқлоли дав­латӣ мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд гардид, ки ин мақом аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Дар моддаи 2-и боби 1-и ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат мақоми забони тоҷикӣ ба таври ниҳоят кӯтоҳу мушаххас баён шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ҳарчанд нахустин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ҳанӯз 22 июли соли 1989 дар замони побарҷо будани Иттиҳоди Шуравӣ аз тарафи Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардида буд, бисёр муқаррароти ин қонун ба талаботи замони истиқлол, аз ҷумла, ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ, 5 октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушду такомули арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, барои пешрафту инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду инкишофи худ ворид гардид, ки ин барои боз ҳам ғанӣ гардидани таркиби луғавӣ, беҳтару хубтар истифода бурдан аз имконоти грамматикии он мусоидат мекунад. Забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ҳамчун забони расмӣ мавқеи устувор пайдо намудааст. Дар соҳаи илм, махсусан, дар соҳаи илмҳои табииву дақиқ низ мавқеи он рӯз то рӯз устувор мегардад. Барои ин сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Бо боварӣ гуфта метавон, ки сиёсати давлат доир ба забон дуруст ба роҳ монда шуда, мақоми забонро дар ҷомеа муайян ва рушду инкишофи онро дар оянда таъмин менамояд. Мо-соҳибони забонро низ зарур аст, ки барои ҳамаҷониба омӯхтани ин забон, дуруст истифода бурдани имконоту меъёрҳо, покиза нигоҳ доштан, таъмини асолат ва барои ба ояндагон дар шакли нобу беолоиш ба мерос гузоштани он кӯшиши бештар ба харҷ диҳем. Барои таъмини чунин сиёсат, пеш аз ҳама, ба вазъи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳатто дар муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир намуд.
Меҳроб Ҷумъазода,
доктори илми филология,

профессор

Добавить комментарий