Бо рушди илмҳои ҷомеашиносӣ масъалаи шинохти шахсияти таърихӣ аз нигоҳи илмӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар ин замина корҳои зиёде ба анҷом расидааст. Пажуҳиши ин мавзуъ дар замони муосир аз чанд ҷиҳат аҳаммияти илмӣ дорад. Мутолиаи осори марбут ба ин мавзуъ собит менамояд, ки шахсиятҳои таърихӣ бо кору пайкор ва фаъолияти доманадори хеш дар рушди ҷомеаҳои гуногун саҳмгузор будаанд. Бо вуҷуди ин, байни ҷомеашиносон ақидае низ роиҷ аст, ки нақши шахс дар рушди ҷомеа нисбист ва нафари алоҳида бо ҳама иқтидору азамати фитрӣ ва истеъдоди баланд имкон надорад, ки таърихсоз бошад. Олимон Носирҷон Салимӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода ба рағми ақидаи мазкур навиштаанд: «Ин ақида, ки моҳияти маънавии таърихи башар ва азамати руҳонии инсонро инкор намуда, ӯро дар ҳошияи таърих яктарафаю якҷиҳата тафсир мебаст, халлоқияту созандагӣ ва рисолатмандии шахсиятро қабул надошт».
Дар ҳама давру замон нақши шахс дар ташаккулу инкишофи ҷомеа бузургу мондагор аст. Дар таърихи инсоният исми афроди зиёди шинохтае зикр шудааст, ки бо корномаи барҷастаашон барои мардуми худ зиндагии шоистаро таъмин кардаанд ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Ба гунаи мисол, метавон аз корномаи Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Пётри I, Иван Грозний, Маҳатма Гандӣ, Авраам Линколн, Шарл де Гол, Фон Отто Бисмарк, Камол Отатурк ва чанде дигар ёдовар шуд. Ин шахсиятҳо бо иқтидору неруи худ тавонистанд дар кишварҳояшон истиқлолу ваҳдатро таъмин намоянд. Дар бораи ҳар кадоми онҳо асарҳои зиёди илмию бадеӣ ва публитсистӣ навишта шудааст, ки корномаҳои эшонро таҷассум менамоянд. Ин афрод барои миллати худ намунаи олии қаҳрамонӣ ва идеал маҳсуб ёфта, дар сарнавишти таърихии миллати худ дигаргуниҳои ояндасози сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиро таъмин карданд ва барои пешрафти давлату миллат заминаи воқеиву устувор ба вуҷуд оварданд. Аз ин рӯ, дар таърих аксаран пешрафти ҳар миллатеро дар иртибот бо корномаҳои арбобони сиёсию давлатиаш баҳо медиҳанд.
Дар замони нави давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин гуна шахсиятҳо маҳсуб меёбанд, ки аз оғози фаъолияташон мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва адибону публитсистон қарор гирифтаанд. Албатта, ин бесабаб нест, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки пояҳои давлатдории Тоҷикистон ноустувор ва ҳокимият фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат таҳдид мекард. Дар чунин вазъият курсии роҳбариро касе орзу ҳам намекард ва розӣ шудан ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз ҳисси масъулиятмандиву ватандӯстии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод, балки нишон аз фидоии халқу миллат буданашон низ буд.
Дар Муроҷиатномаи аввалини худ ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлат бо боварӣ ва ҷасорат ба ояндаи дурахшони давлат мардумро, ки ба ҳаёти амну осуда ва шукуфон эътимод надоштанд, дилгарм карданд. Пешвои миллат бо самимият ва нияти неки сулҳҷӯёна барои минбаъд ба мардум ваъда доданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Ҳарчанд ин сухан аз сидқ садо дода, самимияти фарди фидоиро дар иҷрои садоқатмандонаи вазифа бо руҳи баланди ватандӯстона нишон медод, аммо вазъи ноороми кишвар ва фалаҷ гардидани аркони давлатдорӣ аксариятро ба воқеияти ин гуфтаҳо ба шубҳаю дудилагӣ мувоҷеҳ мекард.
Батадриҷ иҷро гардидани ваъдаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузашонро дар байни ҷомеа боло бурд. Сарвари кишвар пайваста дар манотиқи гуногуни кишвар бо мардум мулоқот ороста, онҳоро ба сарҷамъӣ даъват мекарданд. Дар вазифаи Раиси Шурои Олӣ ва то расидан ба ваҳдати комил дар назди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҳадаф қарор дошт: якум, таъмин намудани ваҳдат дар кишвар ва дуюм ба Ватан баргардонидани гурезаҳо. Роҳбари давлат дар ҳар як суханрониву мулоқоти худ дар бораи Ваҳдати миллӣ сухан намуда, мардумро ба ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ даъват менамуданд. Мулоқотҳои пайдарпай, аз як тараф, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳдофи неку созандаашонро ба мардум мешиносониданд, аз сӯйи дигар, боварӣ ва эътиқоди халқро бо сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар мутмаин месохтанд. Ин ҷасорату боварӣ ва эътимоди мардум Пешвои миллатро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Низоми нави давлатдорӣ, ки Сарвари давлат дар самти ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ амалӣ карданд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқеиро таъмин намуд ва озодии сухан, виҷдон ва ақоиди ҳар як шаҳрвандро кафолат дод. Озодии инсон ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои ӯ бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикон барои ба даст овардани Истиқлоли миллӣ тавфиқ бахшид.
Ба таври мухтасар хидматҳои таърихию мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври зайл метавон арзёбӣ намуд:
1. Бо сарварии хирадмандона ва фидокорию ҷонбозиҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу осоиш ба даст омада, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ ҳукмфармо гардид.
2. Бо кӯшишҳои Пешвои миллат хатари аз байн рафтан ва пора-пора шудани давлати Тоҷикистон бартараф карда шуд.
3. Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки нухбагони сиёсии дорои тафаккури баланд ва содиқ ба ормонҳои миллиро баҳри рушди мамлакат дарёфт ва муттаҳид намоянд.
4. Пешвои миллат ба бедории тафаккури сиёсии мардум мусоидат ва дурнамои ояндаи сохти давлатдориро тарҳрезӣ намуданд, ки бо номи давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона (унитарӣ) маълуму машҳур мебошад.
5. Ба ташаккул ёфтан ва мустаҳкам гардидани сохтори ниҳодҳои интизомии мамлакат асос гузоштанд.
6. Тоҷикистон зина ба зина, бо таҳким ёфтани сулҳу субот ба кишвари саноатию аграрӣ табдил ёфта, созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави он рушду тақвият ёфт.
7. Президент ба инкишофи ҷомеаи мадании шаҳрвандӣ мусоидат карда, ваҳдату ягонагӣ ва ватандӯстиро шиори аҳли ҷомеа эълон намуданд.
8. Падидаи сулҳ дар кишвар бо номи Президент Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дошта, он ҳамчун модели сиёсии ба ҷанг нуқта гузоштан ва омили асосии таҳкими сулҳу ваҳдат барои кишварҳои ҷангзадаи дунё хидмат мекунад.
9. Шуҳрату нуфузи Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар ҷаҳон боло рафт.
10. Низоми нави давлатдорӣ ба миён омада, иқтисоду иҷтимоиёти кишвар рушду такомул ёфт.
11. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба марҳалаи рушду пешрафт ворид гардид. Дар ин миён, соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ мавқеи устувор пайдо кард ва имконоти мусоид барои омӯзишу таҳсил фароҳам оварда шуд.
12. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббусукор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд ва дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомоти ҷаҳониро роҳандозӣ кард.
Ба ин минвол, метавон ба тавзеҳи хидматҳои мондагори Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ идома бахшид. Ин ҳама хидмат ва таъмини сулҳ дар кишвар, аз як тараф, заминаҳои асосии Ваҳдати миллӣ, руҳияи созандагӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва амсоли инҳо гардида бошад, аз сӯйи дигар, боиси тавлиди осори гуногуни илмиву публитсистӣ ва ҳунариву бадеӣ доир ба шахсият ва кору пайкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуданд. Шинохти қобилияти роҳбарӣ, дар қавли худ устувор будан ва дар иҷрои он кӯшидан, пайваста фикри ободии кишвар, осудагии он ва некуаҳволии мардумро дар сар доштан, ҳисси масъулият ва кордониро аз тобеон хостан аз хислатҳои умдаи Пешвои миллат мебошад, ки дар ташаккули чеҳраи сиёсӣ ва ҳамчун шахсияти таърихӣ эътироф гардидан заминагузор мебошанд.
Вобаста ба муайян намудани махсусиятҳои шахсияти таърихӣ ва ташреҳи хидматҳои мондагори онҳо, олимони зиёде, чун Л. Февр, М. Блок, Ф. Бродел, Ж. Ле Гофф, З. Фрейд, А. Адлер, Г. Тэҷфел, А. Блази, Ф. Анкерсмит, Г. Люббе, П. Нора, П. Рикер, Е. Сергейчик, Э. Эриксон, Ж. Делюмо, Могилнитский, Николаева ва олимони тоҷик, аз қабили Н. Салимӣ, А. Шарифзода, А. Саъдуллоев, И. Усмонов, М. Муродӣ, Г. Зокиров ва дигарон корҳои арзишманд анҷом додаанд. Нақши шахсият дар сиёсат низ густардаву доманадор мебошад ва фарди муайяне метавонад бо хидмату корҳои мондагори худ ба рушду пешрафти ҷомеа таъсиргузор бошад. Ин нукта ба он иртибот мегирад, ки дар ҷомеа ҳамчун элита пешво ва шахсият ҷомеаро ба ҳам меорад ва амалу рафтораш муассир мебошад. Аз ҷониби дигар, доир ба шахсияти таърихӣ пажуҳишҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Ба шарофати таърих афроди ҷудогона аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин гуна афрод (шахсиятҳои мустақил) бо такрорнашавандагии худ тавассути таърих мумкин баробар (ҳаммонанд) карда шаванд. Ин такрорнашавандагиро бо нақли воқеоту падидаҳои таърихӣ метавон ба намоиш гузошт. Моҳияти муайян намудани марҳалаҳои таърихиро ҳамчун раванди фардикунонии сохторҳои ҷомеа бо роҳу усули тафовуткунонии шуморавӣ ва фардияти таърихӣ вусъату рушд бахшидан мумкин аст.
Нақши шахсият гуногунпаҳлу мебошад ва амалу рафтори ӯ метавонад ҷабҳаҳои гуногунро фаро гирад. Ин нукта аз ҷониби сиёсатшинос Г. Зокиров чунин тафсир гардидааст: «Шахсият на фақат дар меҳнат, балки дар муносибат ба одамони дигар, коллектив, табиат, илм, таълим, санъат, адабиёт ва ғайра зоҳир мешавад. Қобилияти эҷодии инсон хосияти табиӣ надорад. Вай маҳсули инкишофи дурударози таърихист. Шахсият дар худ хусусиятҳои тамаддун, тарзи истеҳсолот ва тарзи муайяни ҳаётро таҷассум менамояд. Инсон, ки ба равандҳои таълиму тарбия, фаъолияти амалӣ кашида мешавад, ҳатман ҳамчун барандаи ҳаёти иҷтимоӣ баромад менамояд. Умумияти биологӣ, иҷтимоию табиӣ ва ибтидоии ҷамъиятӣ намегузоранд, ки инсон яктарафа, ба сифати мавҷуди иҷтимоӣ ва ё биологӣ арзи ҳастӣ дошта бошад ва омӯзиши он чунин шарҳдиҳиро истисно мегардонад».
Ҳамбастагии инсон ва ҷомеа ба тағйироту такмили мавқеи иҷтимоии шахс мусоидат намуда, дар ибораи мафҳуми «мақоми иҷтимоӣ» мавқеи шахсият дар муносибатҳои ҷамъиятӣ вазифаҳо ва аҳаммияти иҷтимоии худро маърифат кардан фаҳмида мешавад. Аз ҷиҳати сотсиологӣ низ шахсият ҳамчун неруи тақвиятбахши ҷомеа дарк карда шудааст. Назарияи сотсиаликунонии сиёсӣ ҳамчун қисми таркибии назарияи сотсиаликунонӣ инкишоф ёфтааст. Аз ин мафҳуму таъбир ва пажуҳишҳои олимону мутафаккирони ҷаҳонӣ бармеояд, ки нақши шахсият дар ҷомеа вусъатноку таъсирбахш мебошад ва шахс метавонад бо донишу ҷаҳонбинӣ ва таъсиргузорӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо гузорад ва бо амалҳои мондагори хеш ҳамчун шахсияти таърихӣ ва улгу барои ҷомеа муаррифӣ шавад. Ба ин масъала, бахусус, муаррихоне, ки таърихи асрҳои миёнаи Аврупои Ғарбиро омӯхтаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, олимони аврупоӣ Л. Февр, М. Блок, Ф. Бродел, Ж. Ле Гофф ва дигарон аз аввалинҳо шуда, ин падидаи таърихиро (дар мисоли ҳодисаҳои таърихӣ, шахсиятҳои таърихӣ) ба таҳлили илмӣ кашидаанд.
Таҳлилҳои назариявии олимони маъруф нишон медиҳанд, ки ҳамчун шахсияти таърихӣ ташаккул ёфтани Пешвои миллат аз фаъолияти доманадор ва неруи тавоною тағийрдиҳандаашон бармало мегардад. Аз ин ҷост, ки корномаи Пешвои миллат ҳам дар адабиёт ҳам дар публитсистика ва ҳам дар илм мавриди таҳлилу омӯзиш ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, мавриди мувофиқест, ки бори дигар аз хидматҳои таърихии Пешвои миллат ёдвовар шавем ва барои пешрафту шукуфоии бештари Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳамвора талош намоем.
Насриддин ОХУНЗОДА,