Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳёи давлатдории тоҷикон, Ваҳдати миллӣ ва сарнавишти навини кишвар мебошад.
16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Аз ҳамон лаҳза сарнавишти давлату миллат дигаргун шуд.
Пешвои миллат дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ва нооромии кишвар бо иродаи қавӣ ва диди стратегӣ роҳеро интихоб намуданд, ки имрӯз бо номи марҳалаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагии Тоҷикистон шинохта шудааст.
Пас аз барқарор шудани сулҳ зарурати ташкили давлати воқеан миллӣ ва қонунбунёд пеш омад. Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 бо раъйи умумии халқ қабул гардид.
Ин санади олии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдорӣ, адолат, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва соҳибихтиёрии миллӣ гардид.
6 ноябри соли 1994 бори нахуст интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории аксари мардум ҳамчун Президенти кишвар интихоб гардиданд.
Дар солҳои минбаъда бо ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими қонунгузорӣ шакли давлатдории тоҷикон – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ устувор гардид.
Дар давраи истиқлол садҳо муассисаи таҳсилоти миёна ва олӣ сохта шуда, даҳҳо барномаи давлатӣ оид ба рушди маориф, илм ва фарҳанг амалӣ гардиданд.
Таъсис ёфтани мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои таълимии муосир натиҷаи ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба илму дониш аст.
Дар соҳаи фарҳанг низ корҳои бузург анҷом ёфтанд: Бунёди Кохи миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Маҷмааи «Истиқлол», барқарорсозии Саразм, Ҳулбук, Панҷакенти қадим, Қалъаи Хуҷанд, эҳёи ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва ғайра.
Ҳамаи ин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мусоидат намуд.
Дар арсаи олам Тоҷикистон бо сиёсати «дарҳои боз» шинохта шудааст. Пешвои миллат аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ташаббусҳои муҳим суханронӣ намудаанд, ки аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд.
Имрӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти кишвар, балки рамзи ваҳдат, адолат ва пешрафти давлати тозаистиқлоли тоҷикон мебошанд.
Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаи худ тавонистанд пояҳои давлатдориро мустаҳкам, ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиро дар ҷомеа бедор намоянд.
Ҳоло Тоҷикистон дар давраи навини рушд қарор дорад – давраи саноатикунонӣ, рақамикунонӣ ва густариши маорифу фарҳанг. Ҳар як дастоварди давлати тоҷикон самараи заҳмати Пешвои миллат ва ҳамбастагии мардум аст.
Мақсуд Мизробзода,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент













