Роҳҳои ҷалби хонандагон ба омӯзиш

Омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ аз муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз ин фанҳои бунёдӣ имкон фароҳам меоранд, ки насли ихтироъкору навовар ба камол расида, кишварро ба марҳалаи нави рушди технологӣ ворид созанд.

Ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф ҳамоҳанг мебошад. Яъне, имрӯз ба бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, рушди ин соҳа ба мутахассисони соҳибкасб ниёзи бештар дорад.
Маълум аст, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои ғании табиӣ ва канданиҳои фоиданок мебошад. Истифодаи самараноки захираҳо эҳтиёҷ ба мутахассисони баландихтисосро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар ба он равона гардидааст, ки насли ихтироъкор ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон омода карда шаванд. Дар ин замина, вазифа ва рисолати омӯзгорони фанҳои дақиқ боз ҳам бештар мегардад. Онҳо бояд кӯшиш намоянд, ки шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ зиёд намоянд, зеро асоси интихоби касби оянда аз зинаҳои аввалини таҳсил дар мактаб гузошта мешавад.
Хусусияти муҳимми фанҳои дақиқ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо бо ҳаёти воқеӣ робитаи зич доранд. Хонандагон метавонанд натиҷаи донишҳои худро дар амал мушоҳида намоянд, ки ин худ омили шавқмандии онҳо ба омӯзиш мегардад. Зарур аст, ки дарсҳо тарзе ташкил карда шаванд, ки шавқу рағбати хонандагонро бедор намуда, онҳоро ба омӯзиши ҳидоят намоянд. Дар ин самт, нақши омӯзгор ҳалкунанда мебошад. Омӯзгор метавонад бо роҳҳои гуногун шавқи хонандагонро баланд бардорад:
Якум, ҷолибу рангоранг баргузор намудани дарсҳо ва истифодаи воситаҳои аёнӣ имкон медиҳад, ки хонандагон дар раванди дарс фаъол бошанд ва мавзуъҳоро ба таври фарогир аз худ намоянд.
Дуюм, пайваст намудани мисолу масъалаҳо ба ҳаёти воқеӣ, то хонандагон дарк кунанд, ки омӯзиши ин фанҳо барои зиндагии онҳо муҳим аст.
Сеюм, ҷалби хонандагон ба истифодаи манбаъҳои иловагӣ, аз ҷумла, адабиёти илмӣ ва воситаҳои таълимии муосир, ки ба рушди тафаккури онҳо мусоидат мекунад.
Ба ин минвол, метавон роҳ­ҳои зиёдеро барои ҷалби хонандагон ба омӯзиш идома бахшид, ки дар ин раванд нақши омӯзгор ҳалқунанда мебошад. Дар таҷрибаи фаъолияти хеш шоҳиди он гардидам, ки маҳз маҳорати баланди педагогӣ ва рангорангии дарсҳо таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиш бештар менамояд.
Заррина ҲАФИЗОВА,

омӯзгори математикаи литсейи №1-и шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий