САНГАРИ МАЪРИФАТ

Ҳар гоҳ ки нахустин рӯзи таҳсил фаро мерасад ва танини занги аввал фазои кишварро фаро мегирад, мо, аҳли маориф ва омӯзгорон, шоҳиди таҳаввулоти бузурги маънавӣ мегардем, ки аз чаҳорчӯби ҷашни маъмулии тақвимӣ бамаротиб фаротар меравад. Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар фарҳанги давлатдории миллии мо ба маросими сарнавиштсоз табдил ёфтааст, зеро маҳз дар ҳамин нуқта гузаштаи пурсабақ, воқеияти имрӯз ва ормонҳои фардо ба ҳам мепайванданд. Суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо, бақои миллат ва сипари боэътимоди давлат мебошанд.

Агар аз нигоҳи таҳлилӣ ба роҳи тайкардаи маорифи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ назар афканем, пеш аз ҳама, вусъати бесобиқаи бунёдкориҳо ба чашм мерасад. Дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ беш аз 4135 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар пойтахти маҳбубамон — шаҳри Душанбе дар зарфи нуҳ моҳи соли охир 55 муассисаи нави таълимӣ ва 42 кӯдакистон бунёд гардид.

Дар ин занҷираи рушди маърифат Сарвари давлат ба як асл ва қоидаи муҳимми соҳа таваҷҷуҳ намуданд: таҳсилот аз зинаи томактабӣ сарчашма мегирад ва маҳз кӯдакистон заминаи аввалини ташаккули зеҳнӣ ва иҷтимоии кӯдак ба ҳисоб меравад.
Дар фалсафаи давлатдории миллии мо мактабу маориф ба масъалаи амнияти давлатӣ пайванд мехурад. Таърихи на чандон дури мо гувоҳи он аст, ки чӣ гуна камсаводӣ, бехабарӣ аз асолат ва осебпазирии зеҳнии насли ҷавон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба омили асосии таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ ва шикасти пояҳои оромии ҷомеа табдил ёфт. Ҳар гоҳ ки чароғи маърифат ва тафаккури илмӣ заиф мегардад, дар фазои холимондаи зеҳнҳо тухми ҷаҳолат, хурофот реша медавонад. Аз ин сабаб аст, ки дар сиёсати Пешвои миллат сангари аввалини муҳофизати мафкуравӣ нигаҳбони сулҳу субот ба шумор меравад.
Дар баробари ин, мушоҳидаи равандҳои имрӯза нишон медиҳад, ки таҳдидҳои нав дигар танҳо бо силоҳи оташфишон не, балки тавассути тахриби оромии равонӣ ва бесарусомонии иттилоотӣ сурат мегиранд. Сарвари давлат бо дурандешии хос диққати аҳли ҷомеаро ба зуҳуроти инқилоби рақамӣ, бахусус, зеҳни сунъӣ ҷалб намуда, ҳамзамон, нигаронии ҷиддии тарбиявӣ ва иҷтимоиро ба миён мегузоранд. Имрӯз истифодаи бемеъёр ва беназорати телефонҳои ҳушманд ва ғарқшавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ ва қобилияти таҳлилии шогирдон таъсири манфӣ расонида, диққати онҳоро пароканда месозад. Агар мо насли наврасро аз ин гирдоби маҷозӣ берун накашем ва фарҳанги баланди иттилоотиро тарғиб накунем, неруи созандаи зеҳнии насли ояндасоз коҳиш меёбад. Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ бояд абзори таҳқиқ ва пешрафт бошанд, на василаи коҳиши саводи табиӣ ва беҳудагузаронии вақт.
Дар ин замина, яке аз масъалаҳои дигари ҷомеа, ки дар суханрониҳои Роҳбари давлат маҳкум гардид, тамоюли зоҳирпарастӣ ва касбинтихобкунии бемантиқ мебошад. Давлат ба мутахассисони корозмуда, устоҳои чирадаст ва муҳандисони замони нав ниёз дорад, ки чархи иқтисоди миллӣ, саноат ва сохтмонҳои бузурги кишварро ба ҳаракат дароранд. Аз суханронии Пешвои миллат барои татбиқи ин рисолати бузург чанд пешниҳоди мушаххас бармеояд:
1. Ҷорӣ намудани фанҳои ҳатмии «Саводи иттилоотӣ ва амнияти рақамӣ» ва «Асосҳои кор бо зеҳни сунъӣ» дар нимсолаи аввали курси 1-ум бо мутобиқсозии қатъӣ ба ихтисосҳо. Ин курсҳо бояд мувофиқи хусусияти касбии ҳар як ихтисосу факултет тарҳрезӣ шаванд. Барои донишҷӯёни соҳаи рӯзноманигорӣ ва робита бо ҷомеа — модули «Зеҳни сунъӣ дар коркарди маълумот, далелсанҷӣ (фактчекинг) ва муқовимат ба хабарҳои дурӯғин», барои донишҷӯёни ҳуқуқшиносӣ – «Ҳуқуқи рақамӣ, муҳофизати додаҳо ва этикаи зеҳни сунъӣ», барои риштаҳои муҳандисӣ ва иқтисодӣ – «Алгоритмҳои пешгӯӣ, таҳлили додаҳои калон (Big Data) ва киберамният».
2. Бозбинии стандарти нақ­шаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва кам кардани сарбории фанҳои ғайриихтисосӣ дар солҳои 1-ум ва 2-юм. Мутобиқи супориши Сарвари давлат, бояд ба омӯзиши бевоситаи модулҳои тахассусӣ аз соли аввали таҳсил гузашт. Сарбории фанҳои такрорӣ ва назариявии бенатиҷа кам карда шуда, ба ҷои онҳо соатҳои амалӣ, кори мустақилона бо устоди роҳнамо ва коркарди лоиҳаҳои воқеӣ дар робита бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои соҳавӣ ҷорӣ карда шавад.
3. Таъсиси марказҳои ташхиси лаёқат ва роҳнамоии касбӣ дар заминаи мактабҳо бо ҷалби равоншиносони соҳавӣ. Барои хотима додан ба «тақлиди кӯркӯрона» ва «зоҳирпарастӣ» дар интихоби ихтисос бояд низоми тестии илман асосёфта ва мониторинги лаёқати хонандагон аз синфи 8-ум ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, ҳар сол бояд харитаи кушоди талаботи бозори меҳнат (бо нишон додани норасоии кадр­ҳои мушаххаси коргарӣ, муҳандисӣ ва саноатӣ) ба хатмкунандагон ва волидони онҳо пешниҳод гардад, то интихоб на бар асоси тахайюли бардурӯғ, балки тибқи талаботи воқеии иқтисод сурат гирад.
4. Азнавсозии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон бо меъёри ҳатмии супоридани имтиҳони маҳорати рақамӣ ва методикаи татбиқи таҷрибаҳои озмоишӣ. Пеш аз он ки ягон методология ё стандарт аз таҷрибаи байналмилалӣ вориди барнома гардад, бояд тибқи талаботи қатъии Роҳбари давлат марҳалаи озмоиширо дар муассисаҳои таълимӣ гузарад. Донишкадаҳои такмили ихтисос набояд курси такмили ихтисосро бо додани шаҳодатнома ба анҷом расонанд, балки омӯзгор бояд маҳорати ташкили дарсро бо истифодаи воқеии таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, таълими интерактивӣ ва усулҳои пешрафтаи санҷиши дониш амалан собит созад.
5. Гузариш ба амнияти иттилоотӣ ва масъулияти рақамии оила. Таҷрибаи байналмилалӣ собит месозад, ки эҷоди маҳдудият танҳо тавассути барномаҳои назоратӣ натиҷа намедиҳад, зеро насли наврас роҳҳои истифодаи ғайримақсаднок ва гурези техникиро зуд пайдо мекунад. Муқовимат ба ин хатар бояд се пояи қатъӣ дошта бошад:
Дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ: Қабули низоми қатъии «Мактаби бидуни смартфон». Воситаҳои алоқаи шахсӣ, пеш аз оғози дарс дар қуттиҳои махсуси нигоҳдорӣ гузошта шуда, истифодаи онҳо дар ҷараёни таълим ва танаффусҳо манъ карда шавад.
Дар сатҳи танзимгарони соҳа ва ширкатҳои мобилӣ: Вазифадор намудани ширкатҳои интернетрасон (провайдерҳо) ва операторони мобилӣ барои пешниҳоди ҳатмӣ ва ройгони тарофаҳои бехатари «Интернети кӯдакона» бо филтратсияи марказонидашудаи муҳтавои хатарнок, сомонаҳои дорои мазмуни хатарнок дар сатҳи шабака.
Дар сатҳи маърифати волидон: Баргузории курсҳои ҳатмии «Маърифати амнияти рақамии волидон» дар мактабҳо, то падару модарон тарзи истифодаи филтрҳои мавҷудаи системавӣ (ба монанди абзорҳои расмии назорати волидайн), танзими реҷаи рӯз ва ҷалби шогирдонро ба варзишу мутолиаи китобҳои чопӣ таъмин намоянд.
Вақте ки суханронии Пешвои миллат ба поён расид, дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муколамаи озоду самимӣ бо аҳли толор сурат гирифт. ҳангоми мулоқот як нуктаи ҳакимона садо дод. Набояд кӯдакро ба интихоби ин ё он касб маҷбур кард; бояд ба ӯ бо чашми таҳқиқ нигарист, истеъдод ва шавқу завқашро мушоҳида намуд ва ҳамон роҳеро кушод, ки қалбаш ба он ташна аст.
Айнан ҳамин дидгоҳ дар роҳи илм иртибот мегирад. Наметавон илмро ба хотири гирифтани дараҷа ва унвони расмӣ пеша кард. Илм вақте самар медиҳад ва ба пешрафти ҷомеа хидмат кунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои давлатдорӣ дар ҳама сафарҳои худ ба минтақаҳои мамлакат ҳатман бо аҳли маориф вомехӯранд, дари муассисаи таълимии наверо мекушоянд, ба омӯзгорон эҳтироми хосса доранд. Ҳамин аст, ки дар ҳама суханрониҳояшон нақши калидии омӯзгоронро дар таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисон қайд менамоянд. Дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон (3 октябри соли 2026) таъкид карданд: «Омӯзгорӣ аз ҷумлаи касбҳои пуршараф ва дар айни замон масъулияти бузург мебошад, зеро рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи наслҳое вобастагии мустақим дорад, ки бо заҳмати омӯзгорон ба камол мерасанд.» Маҳз бо пешниҳоду дастгирии Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид ва мақому манзалати омӯзгорро боз ҳам боло бурд.
Оре, маҳз аҳли маориф, омӯзгорону зиёиёни ҳақиқӣ поягузори сангар дар мубориза алайҳи ҷаҳолату ҷиноят ва ифротгароӣ буда, чароғи маърифатро фурӯзон медоранд.
Ҷамшед САЪДУЛЛОЕВ,
Сангин ГУЛОВ,
устодони факултети журналистикаи ДМТ

Добавить комментарий