КИТОБЕ, КИ КАСЕ НАДУЗДИД…

(Эссе)

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ. Замоне, ки арзиши бисёр чизҳо дигар шуда буд. Одамон аз хонаҳои худ фирор мекарданд, молу мулк бесоҳиб мемонд, дару дарвозаҳо шикаста мешуданд. Аз хонаҳо ҳар чизеро, ки арзише дошт, мебурданд: қолину палос, зарфу либос, радио, телевизор, яхдон, ҳатто дару тиреза ва баъзан тахтаи фарши хонаро.

Аммо ягона чизеро, ки касе намебурд, КИТОБ буд.
Китобҳо рӯйи фарши хонаҳои ғоратшуда, назди деворҳо, дар ҳавлӣ ва ҳатто рӯйи роҳ мехобиданд. Аз болояшон мегузаштанд, вале хам шуда намебардоштанд.
Ин манзараро метавон яке аз фоҷиаҳои хомӯши он солҳо номид. Фоҷиа танҳо он набуд, ки хонае ғорат шуда ё моле аз даст мерафт. Фоҷиаи дигар ин буд, ки дар миёни ҳамаи чизҳои хона китоб барои ғоратгар ҳатто кирои ғорат кардан надошт.
Шояд касе аз хонандаи ин сатрҳо дарҳол бигӯяд, ки дар ҷанг инсон, пеш аз ҳама, дар фикри нон аст, на китоб. Дуруст! Аммо ин ҷо сухан аз ҷанг нест. Он саҳна барои ман рамзе аз муносибати мо ба китоб аст. Гӯё баъзан ҳама чиз дар зиндагии мо нарх дорад, ба ҷуз он чизе, ки инсонро ҳамчун инсон нигоҳ медорад.
Як устодам қисса кард.
Мегуфт, ки дар хонааш китобҳои зиёд, аз ҷумла, китобҳои хуби бачагона дошт. Рӯзе ба ёдаш мерасад, ки дар яке аз идҳо ба кӯдаконе, ки идгардак меоянд, ба ҷойи пулу шириниҳо китоб туҳфа кунад. Магар туҳфаи беҳтаре барои кӯдак аз китоб ҳаст?
Кӯдакони аввалин омаданд. Ба ҳар кадом китоб дод. Аммо баъди чанд лаҳза манзара ранги дигар гирифт, ки устод интизораш набуд. Вақте ки устод аз тирезаи пешайвон ба кӯча нигоҳ мекунад, чанд кӯдакеро мебинад, ки китоб дар даст ба ҳамсолони аз пеш меомадаашон мегӯянд:
— Ба он хона наравед, китоб медиҳанд…
Шояд ин ҷумла хандаовар намояд. Аммо агар каме андеша кунем, бисёр талх аст.
Кӯдак аз куҷо фаҳмидааст, ки гирифтани як сомонӣ ё кадом як навъи ширинӣ аз гирифтани китоб беҳтар аст? Оё ӯ бо чунин тасаввур ба дунё омадааст? Не. Мо — калонсолон арзишҳоро ба ӯ омӯхтаем. Вақте кӯдак мебинад, ки барои телефони нав маблағи калон сарф мекунем, аммо барои харидани китоб дудила мешавем, вақте мебинад, ки дар хона барои телевизори бузург ҷой ҳасту барои ҷевони китоб не, вақте ҳар рӯз аз ӯ мепурсем, ки чанд баҳо гирифтӣ, вале кам мепурсем, ки имрӯз чӣ хондӣ, ӯ тадриҷан мефаҳмад, ки китоб дар силсилаи арзишҳои зиндагӣ дар кадом ҷой қарор дорад.
Устод роҳи дигар меёбад. Ба кӯдакон мегӯяд:
— Биёед, ҳам китоб медиҳам, ҳам пул.
Он замон пулҳои коғазии яксомонӣ зиёд дар муомилот буданд. Як сомониро миёни саҳифаҳои китоб мегузорад ва баъд китобҳоро тақсим мекунад.
Кӯдакон ин дафъа китобро мегиранд. Шояд ба хотири як сомонӣ. Аммо кӣ медонад, эҳтимол яке аз онҳо баъдтар китобро кушода бошад. Барои гирифтани пул саҳифаҳоро варақ задаву чашмаш ба як ҷумла афтода бошад. Як ҷумла ӯро ба ҷумлаи дигар бурда бошад. Ва рӯзе ҳамон як сомонӣ сабаб шуда бошад, ки кӯдаке арзиши чизеро бифаҳмад, ки ҳазорон сомонӣ қимат дорад.
Қиссаи баъдӣ боз ҳам андешабарангезтар аст.
Устоди дигаре умре китоб ҷамъ овардааст. Тақрибан панҷоҳ ҳазор китоб. Ин китобҳо ҳар кадомаш рӯзе интихоб ва харидорӣ шудааст, хонда шудааст, шояд зери ҷумлае хат кашидаю дар ҳошияаш андешае навишта шудааст. Яъне, он китобхона қисме аз зиндагиномаи соҳиби худ будааст.
Устод аз дунё мегузарад. Баъди марги ӯ масъалаи тақдири китобҳо пеш меояд. Дар хона касе нест, ки ба ин китобҳо эҳтиёҷ дошта бошад. Фарзандон яке соҳибкор, дигаре савдогар, сеюмин… ҳар кадом машғули зиндагии худ.
Ниҳоят китобҳои як умр ҷамъоварда ба китобхона супорида мешаванд.
Албатта, ба китобхона расидани китоб кори бад нест. Баръакс, он ҷо шояд хонандаи воқеии худро пайдо кунад. Аммо дар ин воқеа як суоли дигар нуҳуфтааст: чаро баъзан мероси маънавии падар барои фарзандон мерос ҳисоб намешавад?
Агар хона мемонад, тақсим мекунем, мошин мемонад, соҳибаш муайян мешавад, замину молу маблағ мемонад, албатта, барои он ворис ҳаст. Аммо китоб? Баъзан барои китоб ворис намеёбем.
Ин масъала танҳо хоси мо ҳам нест. Таърихи башар пур аз саргузашти китобҳост. Китобҳоро сӯзондаанд, мамнуъ эълон карданд, ба об андохтаанд ва китобхонаҳоро вайрон кардаанд. Аммо аҷиб ин аст, ки дар баробари ҳар касе, ки китоберо сӯзондааст, инсони дигаре будааст, ки барои наҷоти китоб ҷони худро ба хатар гузоштааст.
Дар романи машҳури Рэй Брэдбери «451 дараҷа бо Фаренгейт» ҷомеае тасвир мешавад, ки китоб хондан барои аҳли он хатарнок шумурда мешавад ва вазифаи махсуси оташнишонҳо на хомӯш кардани оташ, балки сӯзондани китобҳост. Аммо қаҳрамони асар тадриҷан мефаҳмад, ки масъала дар худи коғаз нест. Қудрати китоб дар андешаест, ки дар он маҳфуз мондааст. Китобро метавон сӯзонд, аммо агар фикри он ба зеҳни инсон роҳ ёфта бошад, нобуд кардани он дигар осон нест.
Дар «Дузди китоб»-и Маркус Зусак низ китоб дар миёни ҷанг маънои дигар пайдо мекунад. Қаҳрамони хурдсоли асар Лизел дар замоне, ки марг, тарс ва хушунат ҳама ҷоро фаро гирифтааст, ба китоб паноҳ мебарад. Барои ӯ китоб воситаи зинда мондани руҳ аст. Дар ҷаҳоне, ки одамон аз бомба паноҳ мебаранд, ӯ бо калимаҳо худро аз тарс муҳофизат мекунад.
Чунин муқоисаҳо моро ба як ҳақиқати сода рӯ ба рӯ месозанд: қимати китоб аз муносибати инсон ба дониш вобаста аст. Барои яке китоб чанд варақи чопшуда аст, барои дигаре як ҷаҳон.
Шояд аз ҳамин ҷост, ки масъалаи китобу китобхонӣ дар сиёсати фарҳангиву маърифатии Тоҷикистони соҳиб­истиқлол мавқеи махсус пайдо кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷомеаро ба китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати мардум даъват карда, таъкид намудаанд, ки китоб воситаи муҳимми ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти инсон мебошад.
Таъсиси Китобхонаи миллӣ, бунёду навсозии китобхонаҳо, нашри адабиёти гуногун, ташкили озмунҳои маърифатӣ ва махсусан, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз иқдомҳое мебошанд, ки ҳадафи онҳо дубора ба яке аз арзишҳои асосии ҷомеа табдил додани китоб аст.
Ҳанӯз соли 2019 Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд…»
Дар идомаи ҳамин андеша, китоб ҳамчун маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, воситаи маърифатнок намудани ҷомеа ва васеъкунандаи доираи андешаву ҷаҳонбинии инсон арзёбӣ гардидааст.
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як озмун аст, аммо ҳадафи ниҳоӣ ин аст, ки фалсафаи аслии он бояд аз толори озмун берун равад. Муҳим танҳо он нест, ки иштирокчӣ садҳо асар хонад, ҳазорон мисраъ аз ёд кунад ва соҳиби ҷоиза шавад. Муваффақияти воқеии ин ташаббус замоне хоҳад буд, ки китоб ба зиндагии ҳаррӯзаи оила ворид гардад. Вақте ки падар китобхонии фарзандашро ҳамон қадар ҷиддӣ гирад, таҳсилу оянда соҳиби касбу пешае шудани ӯро зарур мешуморад. Вақте модар барои кӯдакаш дар баробари либосу бозича китоб ҳам харад. Вақте туҳфаи китоб дигар барои кӯдак ҷазо набошад.
Имрӯз озмун доираи васеи ҷомеаро фаро гирифтааст ва тибқи Низомнома ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Дар баробари он, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва ба ҳар оилаи мамлакат дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ як маънои муштарак доранд: китоб бояд аз рафи китобхонаҳо ба дохили хона ва аз дохили хона ба шуури инсон роҳ ёбад. Вале дар ин миён як масъ­улияти дигар ҳаст, ки онро бо дастуру супориши ин ё он ниҳод ҳал кардан душвор аст: масъулияти оила.
Мо метавонем ҳазор китобхона созем, миллионҳо нусха китоб чоп кунем. Озмун баргузор намоему мукофот диҳем. Аммо агар кӯдак падару модарашро ҳеҷ гоҳ дар даст китоб набинад, тарғиби китобхонӣ барои ӯ бештар ба насиҳат монанд мешавад.
Кӯдак аз гуфтаи мо камтар ва аз рафтори мо бештар меомӯзад. Агар дар хона китоб муқаддас бошад, кӯдак эҳтироми онро меомӯзад. Агар китоб танҳо барои пур кардани ҷевон бошад, ӯ низ онро ашёи ороишӣ мешуморад.
Боре шунида будам, ки баъди фавти як шахси китобдӯст наздиконаш китобҳои ӯро тақсим мекарданд. Касе пурсид:
— Ин ҳама китобро чӣ мекунем?
Савол, зоҳиран, одӣ аст. Аммо шояд саволи дуруст ин мебуд:
— Мо бе ин ҳама китоб чӣ мекунем?
Фарқи ҷомеаи китобхон ва ҷомеаи аз китоб дур шояд маҳз дар ҳамин ду тарзи гузоштани савол бошад.
Мо одат кардаем, ки арзиши чизҳоро бо нарх муайян кунем. Хона чанд пул? Мошин чанд пул? Телефон чанд пул? Либос чанд пул? Аммо арзиши китобро бо нархи пушти муқовааш чен кардан хатост.
Китоб метавонад панҷоҳ сомонӣ бошад, вале андешае, ки аз он мегирем, метавонад сарнавишти инсонҳоро тағйир диҳад. Ва баръакс, китобе метавонад ҳазорҳо сомонӣ нарх дошта бошад, аммо агар ҳеҷ гоҳ кушода нашавад, танҳо чандсад варақи байни ду муқова мемонад.
Ин ҷо гуфтаи устоди донишгоҳиамон, равоншод Асадулло Саъдуллоев ба хотир мерасад, ки боре дар дарс бо такя ба кадом як нависандаи рус таъкид карданд: «Агар бадтарин китобро ҳам хонед, аз он чизе меомӯзед». Ва боз ёдам омад, ки замоне як дӯстам дар зодрӯзи рафиқаш китобе туҳфа мебарад. Баробари дидани туҳфа соҳибҷашн мегӯяд: «дар ин шабу рӯз наход одам дар рӯзи зодрӯз китоб туҳфа кунад».
Бинобар ин, мушкили асосии мо камбуди китоб нест. Камбуди эҳтиёҷ ба китоб аст.
Он кӯдаконе, ки мегуфтанд: «Ба он хона нарав, китоб медиҳанд», шояд имрӯз калон шудаанд. Шояд соҳиби фарзанданд. Савол ин аст, ки имрӯз онҳо ба фарзандони худ чӣ медиҳанд? Танҳо пул? Ё китоб ҳам?
Дар солҳои ҷанг китобҳо рӯйи роҳ мехобиданд, зеро касе онҳоро намедуздид. Имрӯз, хушбахтона, ҷанг нест. Хонаҳо ободанд. Китобхонаҳо сохта мешаванд. Китобҳо чоп мешаванд. Озмунҳои бузурги китобхонӣ баргузор мегарданд. Аммо набояд ба он роҳ дод, ки китоб ин дафъа на рӯйи роҳ, балки дар рафи хонаҳоямон беқадр бимонад, зеро китобе, ки касе намехонад, аз китобе, ки рӯйи роҳ мондааст, чандон хушбахттар нест.
Ва шояд рӯзе бифаҳмем, ки гаронмоятарин чизҳое, ки аз даст додаем, ҳамонҳое будаанд, ки замоне ба назарамон арзише надоштанд.
Эҳсон САФАРЗОДА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий