Омӯзгор воломақом аст

Омӯзгор дар ҷомеа аз шахсиятҳои маъруф, муҳим ва соҳибэҳтиром ба ҳисоб меравад. Агар падару модар инсонро ба дунё оваранд, омӯзгор ба ӯ роҳи дониш, маърифат ва зиндагии дурустро меомӯзонад. Аз ин рӯ, мақоми омӯзгор дар ташаккули шахсият ва пешрафти ҷомеа хеле бузург аст.

Омӯзгор танҳо омӯзандаи фан нест. Ӯ тарбиятгар, роҳнамо ва намунаи ахлоқу одоб барои шогирдон мебошад. Дар раванди таълиму тарбия ба хонандагон дониш медиҳад, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани илму маърифатро ташаккул медиҳад. Сухан, рафтор ва муносибати ӯ метавонад ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳи зиндагии шогирд таъсири амиқ расонад.
Касби омӯзгор масъулияти бузург талаб мекунад. Ӯ бояд дониши мустаҳкам, ҷаҳонбинии васеъ, сабру таҳаммул ва маҳорати баланди педагогӣ дошта бошад, дониш ва малакаи худро такмил диҳад, зеро ҷомеа ва талаботи замон пайваста тағйир меёбад. Омӯзгори муосир аз технологияҳои нав истифода бурда, усулҳои самараноки таълимро бояд ҷорӣ намояд ва ба қобилияту эҳтиёҷоти ҳар як хонанда таваҷҷуҳ зоҳир кунад.
Тазаккур бояд дод, ки эҳтироми омӯзгор аз арзишҳои муҳимми ҷомеа мебошад. Шогирде, ки заҳмати омӯзгорро эҳсос ва қадр мекунад, ба донишандӯзӣ ва маърифатнокии хеш муносибати ҷиддӣ пайдо мекунад. Дар навбати худ, дастгирии омӯзгорон аз ҷониби ҷомеа ва давлат барои баланд бардоштани сифати таълим аҳаммияти калон дорад. Фароҳам овардани шароити хуби корӣ, имкониятҳои такмили ихтисос ва қадршиносии меҳнати омӯзгор метавонад ба рушди соҳаи маориф мусоидат кунад.
Нақши омӯзгор, махсусан, дар тарбияи насли наврас муҳим аст. Ҷомеаи оянда аз донишу ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи ҷавонони имрӯз вобаста мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгор дар бунёди ояндаи кишвар саҳми арзанда мегузорад. Бисёр шахсони маъруфу донишманд дар зиндагии худ нақши омӯзгорони аввалини худро бо эҳтиром ба ёд меоранд.
Омӯзгор меъмори маънавии ҷомеа ва роҳнамои насли ҷавон аст. Мақоми баланди ӯ, пеш аз ҳама, аз саҳмаш дар таълиму тарбия, рушди маърифат ва ташаккули шахсияти инсон сарчашма мегирад. Эҳтироми омӯзгор маънои эҳтироми дониш, фарҳанг ва ояндаи ҷомеаро дорад. Аз ин рӯ, ҳар як хонанда бояд меҳнати омӯзгори худро қадр намояд ва аз таълиму маслиҳатҳои ӯ барои сохтани ояндаи неку созанда истифода барад.
Мусаллам аст, ки маориф аз соҳаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар ташаккули захираи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Дар маркази низоми маориф омӯзгор ҳамчун фарди пешбарандаи раванди таълиму тарбия дар ташаккули шахсияти хонанда мавқеи махсус ишғол менамояд.
Мақоми омӯзгорро на танҳо аз рӯйи вазифаи касбӣ, балки аз рӯйи масъулияти иҷтимоӣ ва маънавии ӯ низ бояд арзёбӣ кард. Омӯзгор ба хонанда дониш медиҳад, малакаҳои фикрронӣ ва муносибати мустақилона ба масъалаҳои ҳаётиро ташаккул мебахшад ва дар заминаи арзишҳои инсонӣ ба тарбияи шахсияти комил мусоидат менамояд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии талаботи бозори меҳнат нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиши мақоми омӯзгор ва муайян намудани омилҳои баланд бардоштани нуфузи касбии ӯ яке аз масъалаҳои муҳимми педагогӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Омӯзгор дар раванди таълим ҳамчун ташкилкунанда, роҳнамо ва субъекти фаъоли фаъолияти педагогӣ баромад мекунад. Самаранокии фаъолияти ӯ ба сатҳи дониши касбӣ, маҳорати педагогӣ, қобилияти муошират ва муносибати масъулиятнок ба шогирдон вобаста мебошад.
Имрӯзҳо моҳияти фаъолияти омӯзгор аз интиқоли дониш фаротар меравад. Ӯ бояд дар хонанда қобилияти таҳлил, муқоиса, хулосабарорӣ ва истифодаи донишро дар ҳолатҳои воқеӣ ташаккул диҳад. Дар ин раванд омӯзгор бояд ба хусусиятҳои инфиродӣ, қобилият ва эҳтиёҷоти таълимии хонандагон таваҷҷуҳ намояд.
Ҷанбаи дигари муҳимми фаъолияти омӯзгор тарбия мебошад. Таълиму тарбия ду ҷузъи ба ҳам алоқаманди раванди педагогианд. Бе ташаккули арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ донишҳои академӣ наметавонанд ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият пурра мусоидат намоянд.
Мақоми иҷтимоии омӯзгор аз аҳаммияти фаъолияти ӯ барои ҷомеа сарчашма мегирад. Ҷомеае, ки ба рушди устувор ва пешрафти зеҳниву маънавӣ ҳавасманд аст, ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Омӯзгор, махсусан, дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас нақши муҳим дорад. Муносибати ӯ ба меҳнат, дониш, фарҳанг, қонун, ҷомеа ва арзишҳои инсонӣ метавонад барои хонанда ҳамчун намунаи ибрат хидмат кунад. Аз ин рӯ, талаботи касбӣ нисбат ба омӯзгор на танҳо сатҳи баланди дониш, балки масъулияти ахлоқӣ ва фарҳанги волои муоширатро низ дар бар мегирад.
Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, инчунин, бо фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат, имконияти рушди касбӣ, такмили ихтисос ва қадршиносии меҳнати ӯ алоқаманд мебошад. Дастгирии иҷтимоӣ ва касбии омӯзгор метавонад дар такмилу тақвияти рушди субот ва сифати фаъолияти педагогӣ замина фароҳам оварад.
Таҳаввули роҳи равиши муосири технологӣ, ба фаъолияти омӯзгор таъсири назаррас мерасонад. Дар шароити кунунии рушди соҳаи маориф истифодаи воситаҳои рақамӣ, манбаъҳои электронии таълим ва усулҳои интерактивӣ имкониятҳои нави педагогиро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз, омӯзгори муосир бояд қобилияти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ташкили муҳити фаъоли таълимӣ ва кор бо манбаъҳои гуногуни иттилоотиро дошта бошад. Аслан, технологияҳои педагогӣ воситаи ёрирасон буда, мақоми баланди омӯзгорро пурра иваз карда наметавонад. Муносибати бошуурона, дарки эҳтиёҷоти хонанда, дастгирии равонӣ ва роҳнамоии маънавӣ аз унсурҳое мебошанд, ки нақш ва мақоми омӯзгорро баланд мебардоранд.
Такмили пайваст ва мунтазами дониш ва малакаҳои касбӣ аз шартҳои муҳимми фаъолияти омӯзгори муосир мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгор низ бояд доимо дар ҷараёни такмили ихтисос бошад, зеро рушди касбӣ заминаи пешравӣ ва маҳорати баланди педагогӣ махсуб меёбад.
Мактаби муосир на танҳо муассисаи таълимӣ, балки аз муҳитҳои муҳимми иҷтимоишавии кӯдак мебошад. Дар ин муҳит хонанда муносибат бо дигарон, масъулияти шахсӣ, эҳтироми қонун ва арзишҳои ҷомеаро меомӯзад.
Омӯзгор метавонад дар ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба забон, фарҳанг, таърих ва мероси маънавӣ саҳми назаррас гузорад. Ин раванд бояд дар асоси усулҳои илмӣ, муносибати эҳтиромона ба шахсияти хонанда ва дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ амалӣ мегардад.
Дар ин росто, тарбияи шаҳрвандии хонандагон низ аз самтҳои муҳимми фаъолияти омӯзгор мебошад. Шаҳрванди масъул бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дарк карда, ба ҷомеа ва муҳити зист муносибати масъулиятнок дошта бошад.
Мақоми омӯзгор аз сатҳи дониш ва маҳорати касбӣ, фарҳанги педагогӣ, қобилияти истифодаи технологияҳои нав ва муносибати масъулиятнок ба таълиму тарбия вобаста аст. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор танҳо фаъолияти худи омӯзгор кофӣ нест. Муҳити иҷтимоӣ, сиёсати маориф, шароити меҳнат, имкониятҳои рушди касбӣ ва муносибати ҷомеа низ аҳаммияти муҳим доранд.
Эҳтиром ва дастгирии омӯзгор, такмили пайвастаи маҳорати касбии ӯ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти эҷодӣ метавонанд барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли босаводу масъулиятшинос заминаи ус­тувор фароҳам оваранд.
Шодӣ САФАРОВ,
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
доктори илмҳои педагогӣ,
Абдулло ОРИФОВ,
дотсенти кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ,

номзади илмҳои химия

Добавить комментарий