Самараи омӯзишу заҳмат

Рӯзи омӯзгорон дар Тоҷикистон. Ҷамъомади тантанавиву бошукӯҳ дар «Кохи Суруш». Дар толор аҳли зиё, собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони шинохтаву барӯманд аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳузур доранд. Чеҳраҳо болида. Садои форами мусиқиву сарояндагон ва ҳатто, рӯшаниву садои шараққоси дастгоҳҳои аксу наворбардорӣ дар қалби Ҳусейн Ализода танин андохта, хурсандиву фараҳашро меафзуд…

Ҳусейн Ализода омӯзгори биологияи литсейи «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе дергоҳ орзуи ширкат варзидан дар озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон»-ро дар дил мепарварид. Аввалин бор соли 2020, сипас солҳои 2023 ва 2024 номи ӯ дар рӯйхати иштирокчиён сабт ёфт. Он солҳо ҳарчанд иштирок дар озмуни мазкур муяссараш шуд ва дар даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён гардид, аммо расидан то ба даври ҷумҳуриявӣ ҳамоно таҷрибаву заҳмати зиёдро тақозо дошт.
– Гарчи дар оғоз ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ наёфтам, руҳафтода нашудам. Пайваста заҳмат мекашидам, меомӯхтам, роҳу усулҳои нави таълимро пайгирӣ мекардам. Дар дарсҳоям усулҳои муосири таълимро дар омех­тагӣ бо унсурҳои классикӣ ҷорӣ менамудам,-иброз медорад муаллим.
Кӯшишу заҳмати омӯзгор Ҳусейн Ализода натиҷаи хуб ба бор овард. Соли ҷорӣ ӯ дар қатори 5 нафар омӯзгори варзида аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2025» роҳхат гирифт. Довталабон аз рӯйи ҳафт шарти озмун сабқат намуданд.
– Дар раванди ба хонандагон дарс додани дигар иштирокчиён мо низ дар синф ҳузур доштем. Ҳар яке методу усулҳои ҷолибро истифода мебурданд. Бароям бештар пешниҳоди мавзуи нав, алоқаманд кардани он бо дарсҳои гузашта, бо дигар фанҳо, тарзи истифодаи аёниятҳои Хушрӯз Темиров-омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ва Диловар Саъдуллоев-омӯзгори забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Данғара писанд омад. Дар умум, дарси ҳама ҳамкасбон хубу хотирмон буд,-мегӯяд ӯ.
Ҳусейн Ализода низ дар иҷрои шартҳои озмун фаъолона иштирок намуда, маҳорати педагогии худро дар сатҳи баланд нишон дод. Маҳорату малакаи омӯзгориаш аз ҷониби мутахассисони соҳа ва ҳайати ҳакамони озмун баҳои баланд гирифт. Зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон ҳамчун ғолиби «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» соҳи­би ҷоми озмун, диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ гардид.
– Омӯзгор бояд, пеш аз ҳама, касбашро дӯст дорад, дониши хуб дошта бошад ва пайваста биёмӯзад. Дар баробари ин, маҳорати бо хонандагон кор кардан, дода тавонистани донишро соҳиб бошад. Агар ӯ ин хаслатҳоро доро бошад, дар ҷомеа соҳибикром мегардад,-бо табассум изҳор медорад Ҳ. Ализода.
Меҳри касб ҳанӯз овони таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 43-и ноҳияи Сино дар қалби Ҳусейн Ализода пайдо гардид. Айёми наврасӣ касбу кори гуногунро барои фаъолияти минбаъда интихоб мекарду аммо фикраш зуд тағйир меёфт. Мехост касберо интихоб бикунад, ки ба василаи он дар ҷомеа мақому манзалат ва иззату эҳтиром пайдо намояд ва ба мардум нафъ биёварад. Пешаи орзуҳояшро ӯ зимни дарсҳои биологияи муаллима Сулҳия Наботова, муносибати хубу муҳаббат ба шогирдон ва сари баланди ӯ миёни аҳли ҷомеа пайдо намуд. Он айёмро Ҳусейн Ализода чунин ёд меорад:
– Муаллима дар ҷараёни дарс аз методҳои гуногун истифода бурда, кӯшиш мекард, шавқу завқи мо – шогирдонро нисбат ба омӯзиши би­о­логия биафзояд. Ҳатто баъзе мавзуъҳоро ба ман вогузор мекард, ки ба ҳамсабақонам фаҳмонам. Ин тарзи муносибат масъулияти маро дар омӯзиш бештар менамуд ва дарсҳои муаллима боис шуд, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супорам.
Донишгоҳ муҳити наве буду устодон раҳнамои донишҷӯён. Ҳусейни ҷавон дар дарсҳо фаъолона иштирок мекард…
Соли 2018 фаъолияти омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 97-и ноҳияи Сино (замони донишҷӯи соли чорум будан) оғоз шуд. Худи ҳамон сол ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология сазовори ҷойҳои 1 ва 2 гардиданду худи вай аз тарафи Вазорати маориф ва илм бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
– Омӯзгорӣ пешаи пуршараф аст. То имрӯз шогирдони зиёдам дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Ғолибияти онҳо бароям аз ҳама чиз муҳим аст. Шогирди хуб сари болову рӯйи сурхи омӯзгор дар байни мардум аст,-бо ифтихор зикр кард. Ҳ. Ализода.
Ҳусейн Ализода муаллифи мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ ва методӣ мебошад, ки дар нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла, «Омӯзгор», «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» нашр гардидаанд.
Ҳамчунин, ӯ мураттиби якчанд дастури методӣ ва яке аз муаллифони китобҳои дарсии насли нав аз фанни биология барои синфҳои 7 ва 11 мебошад. Дар ин боб Ҳусейн Ализода чунин қайд намуд: «Омӯзгор бояд навовар ва ҳамқадами замон бошад. Кӯшиш мекунам, аз афкору таҷрибаи олимону педагогони ҷаҳон баҳраманд гардам. Сипас донишҳои андӯхтаи худро дар амалия, дар рафти машғулиятҳо татбиқ намоям. Ба ин васила, таҷрибаву методҳои нав ба нави таълимро дар мақолаҳоям инъикос ва пешкаши ҳамкасбон мегардонам».
Ҳусейн Ализода омӯзгори муваффақест, ки бо интихоби касб эҳтироми ҷомеа ва ҳаёти шоистаро дарёфтааст. Имрӯз низ ӯ орзуҳои зиёдеро дар дил мепарварад ва баҳри амалӣ намудани он ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф соли ҷорӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадрдонӣ шуд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий