Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки 1-уми сентябри соли 2011 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардида буд, чунин иброз доштанд: «Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат неруи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад».
Дар робита ба ин, бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои стратегии кишвар ва барномаҳои давлатӣ дар самти соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, рушди техника ва технология, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои имрӯзаи кишвар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ, баъдан, соли 1993 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Расо 35 сол қабл, рӯзи 1-уми ноябри соли 1990 нахустин машғулиятҳо дар ин боргоҳи илму маърифт оғоз гардиданд. Баргузории чорабиниҳо бахшида ба солгарди таъсиси донишгоҳ як навъ арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат дар даврони 35 соли фаъолияти пурсамар ба ҳисоб рафта, ангезае барои имрӯзу фардои насли ҷавон мебошад.
Ҳоло дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, 20 кафедра, 4 марказ, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, шурои диссертатсионӣ, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, парки технологии «Фановар» ва литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият мекунанд.
Донишгоҳ роҳи пуршараферо тай намуд, нуфуз ва мақомашро устувор кард ва сазовори эҳтирому эътироф дар байни муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар гардид.
Натиҷаи фаъолияти пурсамару содиқонаи омӯзгорону кормандон аст, ки донишгоҳ рисолати асосии худ – омода намудани мутахассисони соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазирро бо муваффақият иҷро карда, нақша-чорабиниҳои зиёдеро таҳия ва онҳоро дар амал татбиқ намуда, боиси рӯз аз рӯз баланд шудани мавқеи донишгоҳ дар фазои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он гардида истодааст.
Мавриди зикри хос аст, ки соли 2020 донишгоҳ дар байни 40 мактаби олии ҷумҳурӣ мақоми 8-умро ишғол намуд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 чор зина боло мебошад.
Соли 2024 донишгоҳ аз аттестатсияи навбатӣ гузашта, соҳиби иҷозатнома барои фаъолияти муҳлаташ бемаҳдуд гардид, ки дар асоси он аз рӯйи 58 ихтисоси зинаи бакалавр, 38 барномаи зинаи магистратура, 18 ихтисоси докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва постдокторантура, 22 ихтисос аз рӯйи аспирантура ва докторантураи анъанавӣ ва 30 номгӯйи курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ-сертификатсионӣ мутахассисонро омода менамояд.
Аз инҳо 37 барнома бевосита дар ҳошияи амалишавии Стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷумла, дар самти саноати сабук 13 барнома, дар самти саноати хӯрокворӣ 12 барнома, дар самти зеҳни сунъӣ ва ҳавопаймои бесарнишин 5 барнома ва дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ 7 барнома амалӣ шуда истодаанд.
Донишгоҳ дар тӯли 35 соли фаъолияти худ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 20 ҳазор мутахассиси баландихтисос омода кардааст, ки зиёда аз 700 нафари онҳо сазовори дипломи аъло гардидаанд.
Имрӯзҳо хатмкунандагони донишгоҳ дар самтҳои гуногуни соҳаҳои саноат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ аз рӯйи ихтисосҳои худ фаъолияти пурсамар карда истодаанд. Соли равон таъмини хатмкардагон бо ҷои кор 93%-ро ташкил дод, ки ин тамоюл рақобатнок будани донишгоҳро дар бозори меҳнат ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нишон медиҳад.
Баҳри баланд бардоштани мақоми худ дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ донишгоҳ бо як қатор агентиҳои аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, соли 2019 аз ҷониби Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба реестри Аврупоии ташкилотҳои аккредитатсионии байналмилалӣ шомил аст, панҷ барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаҳо гаштанд.
Дар ин самт, донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки соли 2026 аз аккредитатсияи институтсионалӣ низ гузарад.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид, ки дар ин самт раёсати донишгоҳ тадбирҳои иловагиро ҷиҳати таҷдиди сохторӣ ва такмили иқтидорҳои таълимӣ андешида, қадамҳои устуворро дар масъалаи рақамикунонии равандҳои таълимӣ, илмӣ ва инновтсионӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас комёб гаштааст.
Дар ин замина, азнавсозии шабакаҳои маҳаллию глобалӣ бо хатҳои нахию нурӣ (оптикӣ), ташкили сервери пуриқтидор ва махзани додаҳои калони умумидонишгоҳӣ, таҷдид ва такмили сомонаи расмии донишгоҳ бо ба эътибор гирифтани истифодаи чат-бот дар он, китобхонаи электронӣ бо захираи беш аз 1 миллион нусха ва дастрасӣ ба маводи электронии китобхонаҳои Федератсияи Россия ва як қатор кишварҳои хориҷӣ, платформаҳои электронӣ, гузаронидани санҷишҳои марҳалавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, ташкили ID-кортҳо, Фейсконтрол ва назорати электронии давомоти донишҷӯён тариқи низоми ягонаи автоматикунонидашудаи идоракунии фаъолияти кормандону донишҷӯён, ба роҳ мондани пардохтҳои ғайринақдӣ, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои соҳавӣ бо техника ва таҷҳизоти муосир роҳандозӣ гардидааст.
Тайи солҳои охир ҷиҳати омода кардани мутахассисони ҳирфаӣ барои рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти кишвар дар донишгоҳ қабули донишҷӯён аз рӯйи як қатор ихтисосҳои нав, ба монанди «Зеҳни сунъӣ», «Истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи беҳавонавард», «Дастгоҳҳои зеҳнӣ, мошинҳо ва истеҳсолот», «Роботҳои саноатӣ ва комплексҳои робототехникӣ», «Киберамният» ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Аз соли таҳсили 2024-2025 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, ширкатҳои мобилӣ ва телекоммуникатсионӣ, бонкҳо ва ташкилоту муассисаҳои дигари ватанӣ таҳсилоти дуалиро ба роҳ монда, дар заминаи онҳо 17 филиали кафедраҳои тахассусиро таъсис додааст, ки дар онҳо ба донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм ва 4-ум дарсҳои амалӣ гузаронида мешавад.
Донишгоҳ бо зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ-омӯзишии беш аз 30 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дошта, дар барномаҳои байналмилалии гуногун фаъолона иштирок мекунад ва ҳоло 10 лоиҳаи муштарак мавриди амал қарор доранд.
Ин ҳамкориҳо асосан ба татбиқи барномаҳои муштараки таълимию илмӣ, мубодилаи академии донишҷӯён ва устодон, гузаронидани семинару конференсияҳои байналмилалӣ ва интишори асарҳои илмӣ равона гардидаанд.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо ва бо дастгирии молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ якчанд маркази таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ, аз ҷумла, Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Корея, Маркази таълимии забони кореягӣ ва омодасозии касбии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар доираи барномаи Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) бо маблағгузории 10 миллион доллари амрикоӣ бунёди Маркази таълими технологияҳои нассоҷӣ барои тайёр кардани мутахассисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон ба назар гирифта шуда, татбиқи амалии он аз моҳи марти соли 2026 шуруъ мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар 5 соли охир беш аз 400 нафар донишҷӯю омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар марказҳои илмию таълимии як қатор кишварҳо – Итолиё, Испания, Олмон, Британияи кабир, Португалия, Словения, Словакия, Латвия, Федератсияи Россия, ИМА, Чин, Туркия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Сингапур, Малайзия, Индонезия, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра ба таҳсил ва коромӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, дар 5 соли охир дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ беш аз 30 нафар мутахассиси хориҷӣ барои ташкили курсҳои бозомӯзии касбӣ ҷалб гардида, зиёда аз 70 нафар омӯзгору корманди донишгоҳ малакаи касбии худро баланд бардошта, соҳиби диплому сертификатҳо гаштанд.
Соли 2013 дар асоси мониторинги Агентии Интерфакс ДТТ ҳамчун ягона донишгоҳи ҷумҳурӣ ба рӯйхати донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои ИДМ шомил шуда, дар байни 400 донишгоҳ мақоми 151-умро сазовор гардид.
Соли 2022 ДТТ дар рейтинги байналмилалӣ миёни донишгоҳҳои Авру-Осиё ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфуз ворид гардида, бо ҷоизаи «Ситораи сифат – 2022» сарфароз карда шуд.
Дар тӯли фаъолияти худ донишгоҳ ба яке аз марказҳои пешрафтаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии кишвар табдил ёфта, дар ин муддат 143 омӯзгор рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Айни ҳол ҷиҳати баланд бардоштани неруи зеҳнӣ ва илмӣ дар донишгоҳ шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ду равияи илмӣ (саноати сабук ва хӯрокворӣ) амал мекунад.
Имрӯзҳо дар донишгоҳ беш аз 160 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 115 нафар дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ буда, 17 нафар доктори илм, 98 нафар номзади илм мебошанд. Иқтидори илмии донишгоҳ ба 70,1% баробар буда, дар байни МТОК-и кишвар яке аз нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ҷалби барномаҳои байналмилалӣ, ҳамасола аз ҷониби устодону профессорони донишгоҳ ҷиҳати ба даст овардани лоиҳаҳои буҷавӣ низ корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин давра даҳҳо лоиҳаи илмии устодон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бо зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд.
Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва пажуҳишҳои олимону муҳаққиқон аз рӯйи самтҳои илмии донишгоҳ (саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, равияҳои техникӣ ва технологӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ) дар шакли монография ва мақолаҳо нашр гардида, инчунин, зиёда аз 100 патент оид ба ихтироот, аз ҷумла, 12 патенти Авруосиёгӣ ба даст оварда шудаанд.
Ҳамин тариқ, донишгоҳ фаъолияти густурдаро бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияҳо, барномаҳо ва консепсияҳои миллӣ ба роҳ монда, бо ташкили чорабиниҳои илмӣ, ирсоли маводи таҳлилӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамоҳангсозии равандҳои таълимӣ саҳми босазо гузошта истодааст.
Ин ҳама амалҳои созанда боиси таҳия ва тасдиқи марҳалаи нави стратегияи рушди донишгоҳ то соли 2030 гардид, ки самтҳои асосии пешрафти минбаъдаро ба равияҳои инноватсионӣ афзалият медиҳад.
Бо итминони комил изҳор медорем, ки бо кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҳайати бисёрнафараи устодону кормандон, донишҷӯёну хатмкардагон, мо метавонем мақом ва нуфузи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ҳамчун донишгоҳи пешрафта ва эҷодкор баланд бардорем ва ҷиҳати боз ҳам шукуфо гардидани он камари ҳиммат бандем.
З. РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ













