Бо Парвина Абдураҳмонова, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2025», дар кӯдакистони «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд дар ҳалқаи кӯдакон мулоқот намудем.
Бо тарбиятгирандагон Парвина Абдураҳмонова дар бораи дӯстдории марзу буми кишвар ва гиромӣ доштани Истиқлолу ваҳдати миллӣ сухан меронд ва кӯдакон дар васфи Ватан ва Тоҷикистон шеър мехонданд.
Мо раванди суҳбатро ба иштирок дар озмун ва таассуроти хотирмону гуворо аз натиҷаи он баргардонидем. Парвина Абдураҳмонова иброз дошт: «Аз он шоду масрурам, ки дар даври шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2025» фаъолона иштирок намудам.
Ман дар ҳар даври озмун камбудиҳоро ислоҳ намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ ҳаматарафа омода шудам. Душвор аст иштирок кардан дар чунин озмуни сатҳи баланд бо иштироки беҳтаринҳо. Ин масъулият, таҷриба ва эҷодкорию маҳорати баландро тақозо мекунад. Бо масъулият ба озмун тайёрӣ дидам. Ҳатто дар хона ҳама дарсу баромадҳои худро такрор мекардам ва гоҳе мешуд, ки шавҳарам ҷойҳои фаромӯшнамудаамро ба ёдам меовард ва таъкид менамуд, ки ин хел баромад ва ё суханронӣ кунам, боз беҳтар мешавад. Ман дар оилаи аҳли маориф ба воя расидаам. Модарам солҳои зиёд омӯзгор буд ва шояд ҳамин роҳнамоиҳояш буд, ки пешаи таълиму тарбияро интихоб намудам. Дар аввал дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо ихтисоси молия ва қарз таҳсил намудам, баъдан дар факултети таҳсилоти томактабии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ихтисоси нав гашта, фаъолиятамро дар кӯдакистони №3 ба ҳайси ёрдамчии мураббӣ оғоз кардам. Айни замон ҳамчун мураббӣ ба таълиму тарбияи атфол машғулам.
Кӯдаконро дӯст медорам, онҳо дунёи ман ҳастанд, бо онҳо мефахраму меболам. Бо камоли масъулият ба тарбия ва таълими созандагони фардои дурахшон машғул мебошам. Дар тӯли 10 соли фаъолият ба ман муяссар гардид, ки дар дили кучаки кӯдакон меҳру муҳаббат нисбат ба китобу донишро ҷой диҳам, бисёр сирру асрори ниҳони кӯдаконро омӯхта, ҳамроҳи онҳо ба дунёи зебои саршор аз меҳру муҳаббат ва поку беолоишашон ворид гардам».
Баҳри такмил додани маҳорати касбии худ ин мураббияи фаъол дар озмуни шаҳрии «Ман касбамро дӯст медорам» иштирок намуда, сазовори диплом гардид. Дар шуроҳои педагогӣ, машваратҳои назди мудир ва соатҳои методӣ бо маърӯзаҳои илмии хеш суханронӣ карда, дониш ва таҷрибаи худро мунтазам сайқал медиҳад.
Тарбиятгирандагони мураббия дар озмунҳои шаҳрии «Донояк», «Парчамат бодо парафшон» ва «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» иштирок намуда, сазовори мукофотҳо гардидаанд.
П. Абдураҳмонова ба навиштани мақола ва дастурҳои методӣ низ машғул аст. Дастурҳои методиаш бо номҳои «Намунаи машғулиятҳои сиёсӣ барои мураббиёни гурӯҳи калон», «Намунаи машғулиятҳои суробсозӣ дар гурӯҳи калон» ва «Расмкашӣ дар кӯдакистон» ҳамчун маводи ёрирасон оид ба машғулияти расмкашӣ барои муассисаҳои томактабӣ ба нашр расидаанд.
– Бароям фаромӯшношуданист, ки зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2025» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун панҷ мураббии беҳтарин аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Шартҳои озмун гуногун буданд. Ҳайати ҳакамон ба баромади ҳама иштирокчиён баҳои воқеӣ доданд ва ман бо гирифтани холҳои баландтарин сазовор шудам», — мегӯяд Парвина Абдураҳмонова.
Боиси ифтихор аст, ки муовини Сарвазири мамлакат ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ барои Парвина Абдураҳмонова Ҷоми ғолиб, Диплом, мукофоти пулӣ ва нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»













