Мактаб маконест, ки кӯдак дар баробари хондану навиштан, бояд тарзи дурусти зиндагӣ, риояи қоидаҳои беҳдошт, ғизои солим, аҳаммияти ҳаракат ва масъулият дар назди саломатии худро низ омӯзад. Аз замонҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки сабабҳои бемориҳоро муайян намоянд ва роҳҳои пешгириву табобати онҳоро пайдо кунанд. Дар ин раванд таҷрибаи мардумӣ, мушоҳидаҳои табибон ва баъдан дастовардҳои илмӣ заминаи ташаккули тибби муосир гардиданд.
Дар таърихи тамаддуни тоҷикон илми тиб ҷойгоҳи махсус дорад. Осори гаронбаҳои Абуалӣ ибни Сино, бахусус, «Ал-қонун фи-т-тиб» садсолаҳо дар рушди донишҳои тиббии ҷаҳон таъсиргузор буд. Ибни Сино дар баробари омӯзиши бемориҳо ва роҳҳои табобат ба тарзи зиндагӣ, ғизо, муҳити зист, ҳаракати ҷисмонӣ ва ҳолати руҳии инсон низ аҳаммият медод.
Имрӯз, бо вуҷуди пешрафти бесобиқаи илм ва технология, масъалаи пешгирии бемориҳо аҳаммияти худро гум накардааст. Баръакс, тарзи зиндагии муосир, камҳаракатӣ, истифодаи зиёди воситаҳои электронӣ, тағйир ёфтани одатҳои ғизохӯрӣ ва таъсири омилҳои равонӣ зарурати баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолиро бештар кардааст.
Тарғибгари тарзи ҳаёти солим
Дар муҳити мактаб омӯзгор шахси асосист. Ӯ бо рафтор, гуфтор ва муносибати худ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, одатҳо ва фарҳанги зиндагии хонанда таъсир мерасонад. Масалан, вақте омӯзгор ба хонандагон аҳаммияти шустани дастҳо, тозагии синфхона, истифодаи оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштро мефаҳмонад, дар асл, ба пешгирии бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад. Вақте дар бораи зарари тамоку, машрубот ва дигар одатҳои номатлуб суҳбат мекунад, дар ташаккули солимии наврасон саҳм мегузорад, аммо тарбияи фарҳанги саломатӣ набояд танҳо бо баргузории як соати тарбиявӣ ё овехтани чанд шиор дар девори синфхона маҳдуд гардад. Он бояд ба қисми табиии фаъолияти ҳаррӯзаи муассисаи таълимӣ табдил ёбад.
Омӯзгор метавонад дар оғози дарс ба равшании синфхона, ҳавои тоза ва тарзи нишастани хонандагон таваҷҷуҳ намояд. Ҳангоми мушоҳидаи хастагӣ ё паст шудани диққати хонандагон, вобаста ба синну сол ва шароити дарс, танаффуси кӯтоҳи ҳаракатӣ ташкил кунад. Ба кӯдакон фаҳмонад, ки чаро хоби кофӣ, истироҳат ва фаъолияти ҷисмонӣ барои хотира ва қобилияти омӯзиш муҳим мебошанд.
Баъзан дар мактаб кӯдак ногаҳон беҳуш мешавад, ҷароҳат мебардорад, нафаскашиаш душвор мегардад ё ҳолати дигари таъҷилии тиббӣ ба вуҷуд меояд. Дар чунин вазъият донистани қоидаҳои одии кумаки аввалия метавонад аҳаммияти ҳаётӣ дошта бошад.
Албатта, омӯзгор вазифадор нест, ки ҷойи табибро бигирад, аммо хуб мебуд, ки кормандони муассисаҳои таълимӣ дар доираи омӯзишҳои махсус тарзи дурусти муроҷиат ба хадамоти ёрии таъҷилӣ, таъмини бехатарии ҷойи ҳодиса ва расонидани кумаки аввалияи мувофиқ ба сатҳи омодагии худро донанд.
Панҷ одате, ки бояд аз кӯдакӣ ташаккул ёбад
Якум, риояи беҳдошти шахсӣ аҳаммияти калон дорад. Шустани дастҳо бо собун пеш аз хӯрок ва баъди баргаштан аз ҳоҷатхона, тоза нигоҳ доштани либосу ашёи шахсӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт аз роҳҳои одии коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошанд.
Дуюм, ғизои солим ва мутавозин барои инкишофи ҷисмонӣ ва фаъолияти зеҳнии кӯдак зарур аст. Истеъмоли мунтазами сабзавоту мева, ғизои гуногун ва оби тозаи нӯшокӣ бояд ба одати ҳаррӯза табдил ёбад. Истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокиҳои ширин ва маҳсулоти дорои намаку қанди зиёд метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Сеюм, фаъолияти ҷисмонӣ шарти муҳимми рушди солимии кӯдак аст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои кӯдакону наврасони аз 5 то 17-сола ба ҳисоби миёна дар як рӯз ҳадди ақал 60 дақиқа фаъолияти ҷисмонии шиддаташ миёна ё баландро дар давоми ҳафта тавсия медиҳад. Ин фаъолият метавонад роҳгардӣ, бозӣ, машқҳои варзишӣ ва дигар ҳаракатҳои мувофиқ ба синну солро дар бар гирад.
Чорум, хоби кофӣ ва истироҳат ба қобилияти дарк, хотира ва ҳолати равонии хонанда таъсир мерасонанд. Кӯдакони синни 6-12-сола маъмулан, ба 9-12 соат ва наврасони 13-18-сола ба 8-10 соат хоб дар шабонарӯз ниёз доранд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд ба реҷаи хоби фарзандон таваҷҷуҳ намоянд.
Панҷум, истифодаи оқилонаи телефон ва дигар воситаҳои электронӣ мебошад. Истифодаи тӯлонии онҳо, махсусан, вақте ҷойи хоб, ҳаракат, муошират ва машғулиятҳои таълимиро мегирад, метавонад ба некуаҳволии кӯдак таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзгорону волидон ба хонандагон тарзи дурусти истифодаи технологияро омӯзонанд.
Саломатии равонии хонанда – масъалаи муҳим
Хонанда метавонад аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим бошад, аммо дар натиҷаи муносибати нодуруст, тарс, фишори равонӣ, муноқишаҳои оилавӣ ё мушкилоти муошират дар мактаб худро нороҳат эҳсос кунад. Чунин ҳолатҳо метавонанд ба шавқи омӯзиш, диққат ва муносибати ӯ бо атрофиён таъсир расонанд.
Бинобар ин, омӯзгор бояд ба тағйироти рафтори хонандагон бетафовут набошад. Агар кӯдаке, ки пештар фаъол буд, ногаҳон камгап, парешонхотир ё аз ҳамсинфон дур шавад, ин ҳолат таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамоянд. Албатта, омӯзгор набояд мустақилона ташхиси тиббӣ ё равонӣ гузаронад. Вазифаи ӯ мушоҳида, суҳбати эҳтиёткорона, дастгирии кӯдак ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамкорӣ бо падару модар ва мутахассисони дахлдор мебошад.
Муносибати эҳтиромона, пешгирии таҳқиру зӯроварӣ, фароҳам овардани фазои дӯстона ва шунидани андешаи хонанда аз омилҳои муҳимми муҳити солими таълимӣ мебошанд.
Оила ва мактаб бояд ҳамкор бошанд
Тарбияи фарҳанги саломатӣ танҳо дар мактаб натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, агар он дар муҳити оила идома наёбад. Омӯзгор метавонад дар бораи зарари камхобӣ суҳбат кунад, аммо агар кӯдак шабона то дер бо телефон машғул бошад, тавсияи омӯзгор натиҷаи кофӣ намедиҳад. Дар мактаб аҳаммияти ғизои солим фаҳмонда мешавад, вале дар хона ба таркиби ғизои кӯдак таваҷҷуҳ намекунанд. Аз ин рӯ, масъалаҳои саломатии кӯдакон бояд яке аз мавзуъҳои доимии ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон бошанд.
Барои муассисаҳои таълимӣ ташкили вохӯриҳои маърифатӣ бо табибон, кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва мутахассисони соҳаи равоншиносӣ низ муфид аст.
Фарҳанги саломатӣ – сармояи ояндаи миллат
Дар шароити рушди босуръати илму техника ва тағйир ёфтани тарзи зиндагӣ масъалаи саломатии насли наврас беш аз пеш аҳаммият пайдо мекунад. Имрӯз вазифаи мо танҳо аз он иборат нест, ки кӯдаконро аз бемориҳо эмин нигоҳ дорем. Зарур аст, ки онҳо дониш, малака ва масъулияти заруриро барои ҳифзи саломатии худ дар тамоми умр аз худ намоянд.
Маҳз ҳамин ҷо мафҳуми маърифати тиббӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Шахси дорои маърифати тиббӣ медонад, ки саломатиро чӣ гуна ҳифз намояд, иттилооти боэътимоди тиббиро аз маълумоти беасос фарқ кунад, дар кадом ҳолат ба табиб муроҷиат намояд ва чаро риояи тавсияҳои мутахассисон муҳим аст.
Дар замоне, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти зиёди тиббӣ, аз ҷумла, тавсияҳои носанҷида паҳн мегарданд, омӯзонидани тарзи дурусти истифодаи иттилоот низ вазифаи муҳим мебошад. Хонанда бояд дарк кунад, ки ҳар маълумоти дар интернет нашршуда ҳақиқати илмӣ нест ва тавсияи шахсони ғайримутахассис наметавонад ҷойи машварати табибро бигирад.
Дар ин самт омӯзгорони фанҳои биология, химия, тарбияи ҷисмонӣ ва роҳбарони синфҳо метавонанд саҳми бештар дошта бошанд.
Таҷрибаи зиндагӣ собит месозад, ки пешгирии беморӣ дар бисёр ҳолатҳо аз табобати он осонтар ва камхарҷтар аст. Барои ҳамин, тарбияи одатҳои солим аз синни мактабӣ метавонад дар оянда ба коҳиши хатари бемориҳо, беҳтар гардидани сифати зиндагӣ ва болоравии сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат намояд.
Агар мо мехоҳем, ки фардои Тоҷикистонро насли донишманд, тавоно ва масъулиятшинос бунёд кунад, бояд имрӯз дар баробари таълиму тарбия ба саломатии ҷисмониву равониаш низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.
Саломатӣ сарвати инсон аст ва ҳифзи он аз маърифат оғоз меёбад. Мактаб бошад, яке аз муҳимтарин маконҳои ташаккули ҳамин маърифат аст.
Нигина ЁҒИБЕКОВА,
мудири маркази саломатии деҳаи Найсони ноҳияи Дӯстӣ













