Марказҳои инкишофи кӯдак – заминаи рушди тафаккур

Мудири шуъбаи морифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода зикр намуд, ки марказҳои инкишофи кӯдак танҳо ҷойи нигоҳубини кӯдак нестанд. Дар марказҳо муҳити таълимиву тарбиявие фароҳам оварда шудааст, ки кӯдак тавассути машғулиятҳои шавқовар, бозӣ ва муошират барои марҳалаи минбаъдаи таҳсил омодагӣ мегирад. Бояд қайд кард, ки дар шаҳр шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ 14595 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 4515 дар кӯдакистон ва 1020 нафар дар марказҳои инкишофи кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тӯли се сол аст, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ба номи М. У. Муминови шаҳри Бохтар маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунад. Муассисаи мазкур соли 1973 барои 1200 хонанда бунёд шудааст, Ҳоло дар он 1900 хонанда дар ду баст таълим мегиранд. Барои маркази инкишофи кӯдак бошад, синф­хонаи алоҳида ҷудо шудааст, ки дар он 50 кӯдак дар ду баст таълим мегиранд.
– Соли гузашта дар марказ чор гурӯҳ (ду тоҷикӣ ва ду русӣ) ташкил карда шуд. Имсол низ дар назар аст, гурӯҳҳоро зиёд кунем. Аз ҷониби волидон талабот бисёр аст, бинобар ин, кӯшиш дорем боз гурӯҳи нав кушоем,-иброз намуд директори муассиса Саломат Ҳайдарова.
Синфхонаи маркази инкишофи кӯдаки муассисаро кушоду равшан ва тозаву барҳаво дарёфтем. Дар синфхона мизу курсичаҳои якхела ва ба синну соли кӯдакон мувофиқ гузошта шудааст. Дар ҷевони қисми қафои синф аёният, бозичаву китобчаҳои ранга ба назар мерасанд. Мувофиқи ҷадвал бояд се машғулият: ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ, тарбияи ҷисмонӣ, инкишофи нутқ баргузор шавад. Дар синф 26 кӯдак аст, ки ба онҳо омӯзгор Мавҷуда Усмонова таълим медиҳад. Омӯзгор машғулияти аввалин (ташаккули тасавуроти одитарини математикӣ)-ро дар гурӯҳи русӣ аз салом додан ба хонандагон оғоз намуд.
Омӯзгор бо кӯдакон дар бораи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, муқаддасоти миллӣ як-як суолу ҷавоб карда, рангҳои парчам ва шакли онро пурсид. Пас аз посухи кӯдакон, омӯзгор ҳамроҳи онҳо дар бораи шаклҳои дигари геометрӣ (доира, росткунҷа, секунҷа, бисёркунҷа ва ғайра) суҳбат мекунад ва шарҳ медиҳад, ки дар машғулияти имрӯзаашон низ мавзуи «Шакли геометрии секунҷа» («Геометрическая форма трехуголника»)-ро такрор хоҳанд кард. Омӯзгор давоми машғулият аз ҳар гуна аёният (шаклҳои геометрӣ, коғазу қаламҳои ранга, бозича), бозиҳо истифода намуда, дарсашро ҷолиб баргузор намуд.
Тибқи талабот, дар марказ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, нақшаи тақвимӣ, ҷадвали машғулиятҳо, нақшаи яксоатаи дарс (план конспект), нақшаи кории омӯзгорон, ҳуҷҷати қабули пагоҳирӯзӣ, корҳои инфиродӣ, дафтари суҳбат бо падару модарон, адабиё­ти бадеӣ барои кӯдакон, стандарту барномаи таълимии таҳсилоти томактабӣ мавҷуданд. Маълум гашт, ки омӯзгор аз ду номгӯйи дастури методӣ – «Шиносоӣ бо олами ҳайвонот» ва «Ҳамаро донистан мехоҳам» истифода менамояд. Бинобар ин, ӯ барои дарёфти маълумот барои гузаронидани машғулиятҳояш бештар ба манбаъҳои интернетӣ такя менамояд. Мавсуф оид ба роҳу усулҳои таълиму тарбияи хонандагон мақолаҳои гуногуни методиву оммавӣ омода ва дар нашрияҳои даврӣ ба табъ мерасонад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр дар заминаи кӯдакистон соли 2006 таъсис ёфтааст. Айни замон дар он 1028 хонанда таҳсил доранд. Дар назди муассиса гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд. Марказ бо шароитҳои зарурӣ – мизу курсичаҳо, ҷевон, бозичаву асбобҳои аёнӣ таъмин аст. Реҷаи рӯзи хонандагон дар марказ аз қабули онҳо, муоинаи тиббӣ, бозӣ ва машқи пагоҳирӯзӣ, омодашавӣ ва баргузории машғулиятҳо таркиб ёфтааст. Дар марказ барои 60 нафар кӯдак дар ду баст омӯзгори ҷавон Манижа Яъқубова таълиму тарбия медиҳад. Омӯзгор дар қисми ташкилии машғулияти расмкашии гурӯҳи якум, ки дар мавзуи «Тасвир намудани шаҳри ман» аст, суҳбат бо кӯдакон оид ба макони зист барпо намуд. Дар рафти машғулият омӯзгор бо истифода аз аёният тасвири рангаи як гӯшаи шаҳри Бохтарро ба хонандагон нишон медиҳад ва ба онҳо супориш медиҳад, ки ҳамин гуна расми макони зисти худро тас­вир кунанд. Кӯдакон мустақилона расм кашида, онро бо рангҳои гуногун оро медиҳанд. Дар охир кӯдакон расми кашидаи худро бо як-ду ҷумла шарҳ медиҳанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар соли 1968 барои 960 хонанда сохта шудааст. Мактаб аз се бинои дуошёна ва 37 синфхона иборат буда, ҳоло 1829 нафар таҳсил доранд. Дар муассиса маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 50 хонанда дар ду баст фаъолият менамояд. Он аз ду ҳуҷра иборат буда, дар даҳлез мизу курсичаҳои хонандагон ва дар дохил ҷевони аёниятҳо, рӯйи фарши қолинпӯш курпачаҳо барои нишасти кӯдакон густурда шудааст. Ду нафар омӯзгор – Гулбону Кенҷаева ва Саодат Қосимова дар марказ ба таълиму тарбияи кӯдакон ҷалб гардидаанд. Гулбону Кенҷаева мегӯяд:
– Кӯдакон рӯзҳои аввал ба муассиса бо як хурсандӣ меоянд ва ҳангоме аз волидон ҷудо мегарданд, руҳафтодаву маъюс мешаванд. Аз назари мо – омӯзгорон ин ҳиссиёти онҳо, албатта, пинҳон намемонад, кӯшиш мекунем бо меҳрубонӣ, бозӣ ва ҳар роҳу восита онро бартараф созем. Оҳиста-оҳиста кӯдакон ин давраро паси сар намуда, ба омӯзиш шавқу рағбат пайдо мекунанд.
Хулоса, кӯдакон дар марказҳои инкишофи кӯдак ба муҳите ворид мешавад, ки ба ғайр аз тартибу интизом, шеърдонӣ, шиносоӣ бо ҳарфу рақам, муҳит, расмкашӣ, фикр, эҷод, ба дигарон гӯш додан ва баён кардани андешаҳои худро меомӯзанд.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе – Бохтар – Душанбе,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий