Аз 15 апрели соли 2016 ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин иқдом бо мақсади эҳтирому эътирофи давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ, ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, амалӣ гардид.
Давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини истиқлоли сиёсиву гуманитарӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи куҳан, бунёди давлати иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷумлаи корномаҳое ҳастанд, ки ба азми қавӣ ва нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд. Фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватани хеш боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор чунин мақому манзалатро мушарраф гардиданд. Баъди интихоб шудан ба вазифаи раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Ин абармард сарфи назар аз авзои мураккабу печида ва пурмоҷаро тавонистанд давлатдории тоҷиконро, ки шабеҳ ба киштии ғарқшуда дар уқёнуси пурталотумро дошт, аз нобудӣ наҷот бахшанд ва миллатро сарҷамъ намоянд ва дар кишвар сулҳу субот таъмин гардад.
Ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пайкор гаштанд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот зиндагии оромона доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳои бузург бо ворид гардидан ба арсаи сиёсат дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум – иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд. Толеи баланди мардуми Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Аз рӯзи аввали давлатдорӣ ҳамаи дониш ва қувваташонро барои барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ, бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба мамлакат ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарф намуданд.
Дар он лаҳзаҳое, ки саросари кишварро нооромиву садои тиру туфанг фаро гирифта буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона гуфтанд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!». Пешвои миллат ба қавлашон ҷавонмардона вафо карданд.
Таҷрибаи сулҳофаринии Роҳбари давлат дар ҷаҳони ноороми имрӯза моҳияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Хусусан, истифодаи таҷрибаи баргардонидани гурезаҳо ба Ватан барои мамлакатҳои ҷангзада хеле муҳим мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо миллион одам ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва ба ҳеҷ як роҳбари кишваре муяссар нагардидааст, ки мисли Сарвари давлати мо фирориёнро ба марзу буми худ бозпас гардонида бошад. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тифлони гаҳвораи солҳои навадуми асри XX имрӯз ҷавонони саодатманди асри нав ва созандагони Ватан гардида, дар бисёр кишварҳои дунё бо заковату дониши худ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ифтихормандем, ки Пешвои миллат яке аз чеҳраҳои шинохтаи дунёи сиёсат мебошанд. Хидматҳои барҷастаи ин абармард дар соҳаҳои сиёсати давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди фарҳангу маънавиёти дирӯзу имрӯз, ки эътимоди мардуми кишварро ба даст овардааст, аз ҷониби сиёсатмадорони ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст.
Пешвои миллат маҳбуби тоҷикон ва форсизабони дунё барои ба ҳам наздикшавии тоҷикон ва форсизабонҳои дунё саъйю талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устоди Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Ҷумҳурии Исломии Покистон, профессор Офтоби Асғар чунин гуфтааст: «Аллома Иқбол интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик ва даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст».
Мо, сокинони пойтахт, аз он ифтихормандем, ки шаҳри Душанбе ба маркази чорабиниҳои муҳимми илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, ҳамарӯза зебою дилрабо мешавад, ки ин ҳама маҳз бо кӯшишу дастгирии Сарвари кишвар вобаста аст.
Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабро боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин номидаанд. Пешвои миллат барҳақ фармудаанд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.
Дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии парвардаи мактаби сиёсии Пешвои миллат – Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки бо сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифи пойтахт ба таври чашмрас рушд кардааст.
Вусъат ёфтани бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназияву литсейҳо), ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути «Барномаи электронии eDonish» аз ҷумлаи он мебошанд.
Ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногун, зиёд шудани теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми аҳли маориф идомаи мантиқии ин раванд аст.
Дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозӣ ба иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мо вазифадорем, ки фаъолиятамонро тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.
Вазъи ҷаҳони имрӯза хеле ноорому номусоид аст. Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми худ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам самимонаву содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.
Баҳром ИСМОИЛЗОДА,
сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе













