Яке аз омилҳои муҳимми омӯзиши муассири забони англисӣ такмил ва устувории талаффуз мебошад. Фонетика, ки илм дар бораи овозҳо ва талаффуз аст, ҷузъи ҷудонопазири омӯзиши ҳар гуна забон мебошад. Барои осону шавқовар кардани омӯзиши фонетика дар дарсҳои забони англисӣ, бозиҳои фонетикӣ ҳамчун як усули педагогии интерактивӣ истифода мешаванд. Ин усул ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки овозҳои душворро дуруст талаффуз кунанд.
Намудҳои бозиҳои фонетикӣ:
1. Бозии «Minimal pairs». Масалан: sheep – ship, bit – beat. Мақсад: фарқ кардани овозҳои монанд.
2. Tongue twisters (бозиҳои забоншикана). Мисол: «She sells sea shells by the sea shore», мақсад: такмили равонӣ ва равшании талаффуз.
3. Matching sounds: Хонандагон калимаҳоро бо овозҳои ибтидоӣ ё охириашон ҷуфт мекунанд.
4. Phoneme bingo: Ба ҷойи рақамҳо, овозҳо ё калимаҳо дар кортҳо ҳастанд. Муаллим як овоз мехонад, хонанда онро пайдо мекунад.
5. Odd one out: Аз се калима яке бо талаффузи дигар аст, бояд ҷудо шавад.
Мисол: through – though – cough.
Бозиҳоро метавон дар оғози дарс барои фаъолсозии хонандагон, такрори мавзуъҳои гузашта, ҳангоми омӯзиши садоҳои нав ва қоидаҳои талаффуз ва дар ҷараёни кори гурӯҳӣ ё ҷуфтӣ истифода бурд. Дар ин сурат, тавассути бозӣ муҳити шавқовар эҷод шуда, қобилияти гӯш кардан ва суханронии хонандагон беҳтар мегардад.
Истифодаи бозиҳои фонетикӣ дар дарсҳои забони англисӣ забономӯзиро осон мекунад. Омӯзгорон бояд бозиҳоро мутобиқи синну сол, сатҳи забондонӣ ва маводи таълимӣ интихоб кунанд.
Дар татбиқи муваффақонаи бозиҳои фонетикӣ нақши омӯзгор хеле муҳим аст. Ӯ бояд садоҳои душворро интихоб ва тавзеҳ диҳад, бозиро ба синф ва сатҳи дониш мутобиқ созад, фаъолии ҳамаи хонандагонро таъмин намояд.
Омӯзгор, инчунин, метавонад воситаҳои аудиовизуалӣ, монанди сабтҳои овозӣ, видеороликҳо ва платформаҳои интерактивиро истифода барад, то таваҷҷуҳи хонандагон бештар ба омӯзиши ҷалб шавад.
Барои самаранокии бозиҳо, аз муносибати босалоҳият ба таълим бояд истифода кард, то хонанда на танҳо садоро талаффуз кунад, балки онро фаҳмад ва истифода барад. Калимаро дар контекст ё ҷумла талаффуз намояд, аз ҷиҳати коммуникативӣ фаъол бошад.
Бояд қайд кард, ки бозиҳои фонетикӣ яке аз роҳҳои самараноки ҷалби хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ мебошанд. Ин гуна бозиҳо дар дарс ҳавасмандӣ ва муҳаббат ба забонро меафзоянд.
Адиба Назарова,
омӯзгори забони англисии МТМУ №26-и шаҳри Душанбе













