Дониш ё адаб: кадоме афзалтар?

Мубоҳисаю мунозира сари ин мавзуъ хеле бардавом аст: гурӯҳе илму донишро муқаддам мешуморанд, иддае тарбияву адабро пеш донанд. Зумрае мегӯянд, ки ҳар ду ҳамвазнанд. Баҳсҳо перомуни ин масъала бештар чарх мезанад, ки хонандагони мактабҳо аз ин ду (тарбияву дониш) чиро дошта бошанд? Агар ҳар дуро дошта бошанд, чӣ хоҳад шуд ва агар якеро дошта бошанд, чӣ мешавад?

Замони донишҷӯ буданам як устоди гиромиамон ин байти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро пайваста такрор мекард:
Дор адаби дарси муаллим нигоҳ,
То нашавӣ таблаки таълимгоҳ.
Яъне, вақте аз беадабиат ҳар кас туро накуҳиш кунад, ба таблак мемонӣ, ки ҳар кадоме хоҳад, онро менавозад.
Бузургони илму адаби тоҷик ба адабу ахлоқ назари жарфе доранд. Эшон омӯзиши илмро хеле муҳим мешуморанд, вале доштани адабу ахлоқро аз дониш кам намешуморанд. Ҳарчанд илму дониш мукаррам аст, Мавлонои Балхӣ адабро тоҷе аз нури Худованд меҳисобад, ки дар ҳама ҷо инсон бо он иззатманд аст:
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав, ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки умре чун воиз мардумро ба порсоиву адабу ахлоқи наку даъват кардааст, дар асари худ «Ахлоқи Муҳсинӣ» ин нуктаро сари адабу ахлоқ овардааст: «Адаб сиёнат (нигоҳдорӣ)-и нафс аст, аз қавми нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ дошта ва обрӯйи худу дигарон нарехтан аст. Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамии аҳвол роҳи рост дошта бошӣ».
Аз ҳамин гуфтаҳо равшан мегардад, ки фарзанди мо, агар тарбияи хуб гирифта бошад, зиндагиашро пеш бурда метавонад.
Дар ин хусус, бо доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳоким Қаландариён суҳбат намудем. Мавсуф иброз дошт, ки тарбия аз одам инсон месозад, бе таълим метавон зиндагӣ кард, аммо бе тарбия ба ҷое наметавонӣ расид. Сар задани ҳар гуна муноқишаҳо, бадрафтории хонандагон, беҳурматӣ нисбат ба калонсолон шаҳодати он аст, ки тарбияи мо муассир нест, муҳите созгор барои тарбия созмон надодаем. Падару модар бояд, ки ба тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, чун фарзанд 6 соат дар мактаб мехонад, аммо 18 соат пеши падару модар аст.
Беҳроншо Ҷумъа-устоди Донишгоҳи дав­латии Хоруғ мегӯяд, ки адаб бояд дар ҷойи аввал бошад, чунки зарари шахси бетарбия ба ҷомеа зиёдтар мерасад. Бетарбия дигаронро ҳам бероҳа мекунад, аз ин ҷост, ки тарбияи фарзандро кори одӣ набояд пиндошт. Эҳтироми хонандаю донишҷӯ ба омӯзгор бояд аслӣ бошад, на сатҳиву рӯякӣ. Беҳурматӣ ба муаллим гувоҳи беадабу бетарбия будани хонандаву донишҷӯ аст.
Ҷангибеки Улфатшоҳ,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий