РУШДИ УСТУВОРИ ИЛМУ МАОРИФ САМАРАИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ, СУЛҲУ СУБОТ ВА ТАЛОШУ ПАЙКОР АСТ

Тавре хонандагони нашрия медонанд, ҳамасола суҳбати сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо вазири маориф ва илм сурат гирифта, масоили муҳимми илму маорифи кишвар мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода мешавад. Ин навбат низ дар суҳбат бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро масъалаҳои мубрами рушди соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дастовардҳои соли 2025, ислоҳоти низоми таҳсилот, вазъи таҳсилоти томактабӣ, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон, баланд бардоштани музди меҳнат, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмин бо китобҳои дарсӣ, ҳамзамон, ба масъалаҳои сифати таҳсил, омодасозии кадрҳои баландихтисос, иштироки Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ (PISA, PIRLS), рушди фанҳои дақиқу табиӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ, рақамисозии маориф ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ  дар худшиносию худогоҳии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Инчунин, ба баҳсҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил, баҳогузории 10-хола, муноқишаи хонандагон, камбудиву норасоии барномаи таълимиву китобҳои дарсӣ ва ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ва вазифаҳои афзалиятноки соҳа барои соли 2026 равшанӣ андохта мешавад.

— Чун анъана ҳамасола бо Шумо суҳбате анҷом медиҳем, ки аз дастовардҳои як соли сипаришуда як навъ натиҷагирӣ карда мешавад. Ин навбат, мехоҳем, дар баробари муаррифии дастовардҳо, дар атрофи чанде аз мушкилоти ҷойдошта низ андешаҳои хешро иброз менамудед. Пеш аз он ки ба таҳлили проблемаву мушкилот пардозем, хуб мешуд, нахуст аз чанд дастоварди соли сипаришуда ёдовар мешудед.

— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат бармеоянд, ба роҳ мемонад. Аслан дастовардҳои соҳаи маориф ба касе пӯшида нест, зеро тамоми дастовардҳои вазорату муассисаҳои таълимӣ тавассути сомонаи расмии вазорат ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ карда мешавад. Дар маҷмуъ, агар тамоми дастовардҳои соли 2025-ро номбар кунем, суҳбати мо шояд соатҳо идома ёбад, аммо мехоҳам, атрофи чанд дастоварди муҳим, ки бо роҳнамоию дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба он ноил шудем, андешаронӣ кунам. Муҳимтарин дастоварди соли сипаришуда барои кормандони соҳа ин таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Қабули қонуни мазкур иқдом ва ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба аҳли маориф буда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Бо истифода аз фурсат аз номи кулли омӯзгорони ҷумҳурӣ ба Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули қонуни мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем. Дар зимн, бояд ёдовар шавам, ки дар соли 2025 дар соҳаи маориф ва илм 23 санади меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла, 5 қонун, 1 фармон, 2 амр ва 15 қарор аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Дастоварди дуюм, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ мебошад. Тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бояд дар соли 2025 фарогирӣ ба 30% расонида мешуд ва мо ба ин дастовард ноил шудем. Дар ҷумҳурӣ теъдоди кӯдакистонҳо ба 795 адад расида, дар онҳо 127 913 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 38 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 9521 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 3154 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 182 744 кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024-ум 223 марказ ва 49 383 кӯдак зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 310 657 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 58 904 кӯдак зиёд буда, ба 30,1% баробар аст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 23,2%-ро (6,9%) ташкил медод.

Дастоварди сеюм, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон ба 2439 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, 533 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхати Вазорати маориф ва илм ҷиҳати таъмин шудан ба ҷойи кор дастрас гардид. Аз ин теъдод 248 нафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 975 нафар ба вилояти Хатлон, 635 нафар ба вилояти Суғд, 196 нафар ба шаҳри Душанбе ва 385 нафар ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фиристода шуданд.

Дар соли таҳсили 2025-2026-ум 9178 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор қабул гардидаанд, ки дар маҷмуъ, теъдоди омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили 2024-2025-ум 5384 нафар зиёд шудааст. Яъне, дар баробари он ки дар оғози соли таҳсили 2025-2026 мо муассисаҳои таълимиро пурра бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудем, ҳамзамон, дар муассисаҳо, тавре гуфтем, беш аз 5 ҳазори дигар омӯзгор ба кор ҷалб шудааст.

Дастоварди чорум, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ мебошад. Барои соли таҳсили 2025-2026 нашри 9 154 000 нусха китоби дарсӣ ба нақша гирифта шуд, ки аз ин миқдор ба анбори китобҳои дарсии вазорат 8 681 310 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ ворид гардидааст, ки 94,8% нақшаро ташкил медиҳад. Аз оғози соли 2025 то санаи 10.01.2026 ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7 150 889 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас карда шуд. Ин шумора нисбат ба соли 2024-ум 41,5% зиёд мебошад. Чунин дастоварди назаррас, яъне, чопи наздик ба 9 миллион нусха китоби дарсӣ бори аввал аст, ки вазорат ба он ноил мегардад. Айни ҳол дар анбори китобҳои дарсии вазорат 3 миллиону 270 ҳазору 817 нусха адабиёти таълимӣ мавҷуд аст.

Ба ин монанд дастовардҳо зиёданд, ки дар идомаи суҳбат ёдовар мешавем.

— Шумо гуфтед, ки тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд дар соли 2025 фарогирӣ ба ин зинаи таҳсилот то 30% расонида мешуд ва вазорат ба ин дастовард муваффақ ҳам шуд. Мехостам суҳбатро маҳз аз зинаи таҳсилот идома диҳем ва мегуфтед, ки ҳастанд шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо фарогирӣ ба ин зинаи таҳсилот дар сатҳи паст қарор дорад?

— Бале, ҳастанд. Тавре ишора кардем, дар натиҷаи тадбирҳои амалии Вазорати маориф ва илм фарогирӣ ба таври назаррас зиёд гардида, аз 15,6% соли 2022 дар соли 2025 ба 30,1% расида, талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 иҷро гардид. Мутаассифона, шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки талаботи Стратегияи мазкурро ҷиҳати то 30% фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ иҷро накардаанд. Аз ҷумла, фарогирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод 12,4%, Варзоб 13%, Роғун 11,5%, Сангвор 12,9%, Нуробод 14,2%, Рашт 19,6%, Рӯдакӣ 16,6%, Файзобод 19,8%, Истаравшан 19,6%, Исфара 19,9%, Панҷакент 21%, Балҷувон 21,7%, Қубодиён 22,2%, Ҳисор 22,9%, Деваштич 23,9%, Конибодом 21,5%, Мастчоҳ 21,4%, Шаҳринав 25,8%, Кӯлоб 25,8%, Ашт 26,7%, Айнӣ 27,1%, Хуросон 27,7%, Норак 28,6% ва Дарвоз 29%-ро ташкил дод. Дар робита ба ин, соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳое, ки фоизи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар онҳо паст аст, ҷаласаҳои корӣ баргузор гардид. Зимни баргузории ин ҷаласаҳо раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабиро бештар ба роҳ монда, ҷиҳати то соли 2030 ба 50% расонидани фарогирии кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

— Табиист, ки рушди соҳа аз маблағгузории он вобаста аст. Пешвои миллат дар Паёми худ (16.12.2025) дастур доданд, ки аз моҳи сентябри соли 2026 боз музди маоши омӯзгорон мутаносибан ба андозаи 20-25% зиёд карда шавад. Пайваста зиёдшавии музди маош дар фаъолияти омӯзгорон чӣ таъсир расонида истодааст?

— Ҳамаи мо шоҳидем, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи маориф афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Соли 2025 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 миллиарду 909 миллиону 496 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки 6,6% Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 21,1% қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 2 миллиарду 677 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 32,5% зиёд мебошад.

Бо дарназардошти зиёдшавии музди меҳнат дар соли 2025 якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ бозбинӣ карда шуда, меъёри муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи зинаи таҳсилот ба андозаи 30 фоиз ва меъёри муассисаҳои таълимии давлатии томактабӣ то 20 фоиз зиёд ба инобат гирифта шудааст.

Ба андешаи ман, якбора беш аз 5 ҳазор зиёд шудани омӯзгорон дар муассисаҳо низ маҳз аз зиёд шудани маблағгузории соҳа, хусусан, музди маош мебошад.

Ҳатто таҳлилҳои мо нишод дод, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ барои қабули омӯзгорон озмун ташкил шудааст. Тавре қаблан ҳам гуфта будаму боз мегӯям, бисёр мехостаму мехоҳам, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон тавассути озмун қабул карда шаванд. Ҳамин гуна таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат нисбат ба омӯзгорон ва пайваста зиёдшавии музди маош бошад, бовар дорам, ки ба ин рӯзҳо низ мерасем.

— Дар суҳбатҳои қаблӣ мо атрофи яке аз мушкилоти мавҷудаи соҳа – норасоии омӯзгорон суҳбат намуда будем. Лутфан, мегуфтед, ки давоми як сол дар самти таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чӣ дигаргуниҳо ба амал омад?

— Бубинед, дар аввали суҳбат ишора кардам, ки дар оғози соли таҳсили 2025-2026 тамоми муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин шуданд, аммо набояд бо ин қонеъ шуд. Зеро ҳамасола дар раванди таҳсил мушоҳида мешавад, ки бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоии нафақа, фавт, беморӣ, баромадан ба рухсатии ҳомиладорӣ ё нигоҳубини кӯдак, тағйири касбу ҷойи зист эҳтиёҷот боз ба қайд гирифта мешавад. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ 67%-ро занҳо ташкил медиҳанд ва ҳамасола ҳудуди 15 ҳазор ба рухсатии ҳомиладорию нигоҳубини кӯдак мераванд. Аз ин рӯ, тамоми сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф вазифадор шудаанд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтиёҷот дарҳол ба вазорат хабар диҳанд ва вазорат аз ҳисоби кадрҳои захиравӣ ё аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4-5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин эҳтиёҷотро бартараф намояд.

Дар зимн, ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзгорони ғайритахассус фаъолият мекунанд, ҳарчанд теъдодашон каманд. Акнун дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ва «Дар бораи мақоми омӯзгор» давра ба давра тамоми омӯзгорони ғайритахассус ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба курсҳои бозомӯзӣ ё барои гирифтани маълумоти дуюм ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, рӯзҳои наздик ин масъала низ роҳи ҳалли худро меёбад.

— Бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ ва бунёди деҳаҳои нави аҳолинишин, инчунин, фарсуда шудани иддае аз биноҳои муассисаҳои таълимӣ, таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст яке аз дигар мушкилот ба ҳисоб меравад. Мегуфтед, ки дар соли сипаришуда дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чӣ қадар муассисаи нави таълимӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифт?

— Айни ҳол шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 4056 адад, аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 272, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 308 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3476 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 172 адад буда, 82 гимназия ва 90 литсей ба қайд гирифта шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 462 007 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Пешвои миллат дастур дода буданд, ки барои 100 ҳазор хонанда ҷойи нишаст муҳайё карда шавад. Дар соли 2025, тибқи маълумоти омории дастрасгардида, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 (барои соли 2025 ва солҳои минбаъда) бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шуд. Дар маҷмуъ, соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 5 шуъбаву раёсати маорифи ноҳияҳо ва 209 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 49 534 ҷойи нишаст дар як баст ва 99 068 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, ба истифода дода шуда, айни ҳол дар 100 иншооти дигари соҳа корҳои сохтмонӣ идома дошта, тибқи нақша, сари вақт сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ҷумҳурӣ 39 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар се баст фаъолият дошта, бинои 234 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар ин замина, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати аз ҳолати садамавӣ ва себаста баровардани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ, сармояи хориҷӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва бо тариқи ҳашар чораҷӯӣ гардида истодааст.

— Дар суханрониҳои Пешвои миллат масоили омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ мунтазам таъкид мегардад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм кадом корҳоро ба сомон расонидааст?

— Дуруст қайд кардед, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои болозикр пайваста таваҷҷуҳ мекунанд. Пеш аз ҳама, омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ дар меҳвари фаъолияти вазорат қарор дорад. Ҷиҳати омодасозии кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Хуб медонем, ки бо рушди техникаву технология хонандаву донишҷӯи имрӯза дар баъзе мавридҳо аз омӯзгор пеш гузаштааст. Аз ин рӯ, пайваста аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намудан ва ихтисосманд кардани омӯзгорони ғайритахассусӣ, таҷдиди пайвас­таи барномаву нақшаҳои таълимӣ яке аз самтҳои фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он мебошад.

Дар баробари ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот як қатор санадҳои танзимкунандаи арзёбӣ ва таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ бо қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд. Натиҷаи ҷамъбасти мониторинги гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 муайян намуд, ки сифати таҳсилот ба 37,9% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 94,4% баробар мебошад. Дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сифати таҳсилот 2,8% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,3% баланд гардидааст.

Бо ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва иштирок дар арзёбиҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 бори аввал бо ҷалби 160 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо иштироки 5757 нафар хонандаи синну соли 15-16-сола дар Барномаи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон – PISA иштирок кард, ки натиҷаи он соли 2026 аз ҷониби барномаи мазкур пешниҳод мегардад.

Инчунин, Вазорати маориф ва илм барои иштирок дар соли 2029 ба маркази Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA мактуб ирсол намуд, ки он ба хушнудӣ пазируфта шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуввум метавонад дар ин арзёбии байналмилалӣ иштирок намояд.

Ҳамзамон, соли 2026 иштироки хонандагони синфи 4-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалии PIRLS (Тадқиқоти байналмилалии сифати хониш ва дарки матн) ба нақша гирифта шудааст, ки даври озмоишии он соли 2025 гузаронида шуд.

Ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русию англисӣ ва фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Ман танҳо як маълумотро пешниҳод мекунам, ки бозгӯи ин гуфтаҳост. Соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал мизбони олимпиадаи байналмилалии сатҳи баланд – Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём (KhIMIO-2025) гардид. Ин олимпиадаи сатҳи баланд бо фарогирии дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Арманистон ва Камбоҷа баргузор шуда, ба рейтинги олимпии кишвар таъсири ниҳоят мусбат расонид. Дар маҷмуъ, натиҷаи баргузории олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ нишон дод, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ афзуда истодааст. Чунончи, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли таҳсили 2024-2025-ум 5924 нафар хонанда иштирок намуда, 2925 нафар сазовори ҷойҳои намоён (241 медали тилло, 501 медали нуқра ва 2183 медали биринҷӣ) гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли таҳсили 2023-2024-ум 821 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра бо 35 кумитаи тадорукоти озмуну олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар маҷмуъ, 696 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар даври ниҳоии 29 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, 63 нафар сазовори ҷойи якум, 103 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 167 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки чунин нишондод дар таърихи ҳаракати олимпии кишвар бесобиқа мебошад.

— Пешвои миллат ҳам дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ҳам дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ба масъалаи тарбияву омода намудани кадрҳои илмӣ ва мутахассисони варзида таваҷҷуҳ намуданд. Ба ибораи дигар, Сарвари давлат дар Паём бештар ба самти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳ карданд. Ба ин маънӣ, фаъолияти МТОК-ро дар сатми омодасозии кадрҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Имрӯз ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва пажуҳишҳои мавзуоти муҳим диққати махсус дода мешавад ва имконоти фаровоне дар ин самт ба вуҷуд оварда шудааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 6630 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1016 (15,3%) нафар доктори илм (аз ин 243 нафар занон (24%), 5333 (80,5%) нафар номзади илм ва 281 (4,2%) нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Аз шумораи умумии номзадони илм ва доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос 1684 нафар (30%)-ро занон ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омодасозии кадрҳо имрӯз дар марҳалаи муҳимми рушд қарор дорад ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин самт нишонаи аҳаммияти стратегии он барои пешрафти давлат мебошад. Дар солҳои охир, бо роҳандозии ислоҳоти пайгирона, такмили заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ ва ҷалби технологияҳои муосир, сифати омодасозии мутахассисон тадриҷан беҳтар мегардад.

Ҳамзамон, таъкидҳои Сарвари давлат дар Паём нишон медиҳанд, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд боз ҳам бештар ба талаботи иқтисоди миллӣ, бозори меҳнат ва рушди инноватсионӣ мутобиқ гардонда шавад. Масъалаи омода намудани кадрҳои рақобатпазир, дорои донишҳои муосир, малакаҳои амалӣ ва ҷаҳонбинии васеъ аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ тақозо мекунад, ки ҳамкориҳоро бо бахши истеҳсолӣ, илм ва соҳибкорӣ густариш дода, сатҳи таълими амалӣ ва тадқиқотиро тақвият бахшанд.

Дар маҷмуъ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро метавон қаноатбахш арзёбӣ кард, аммо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, зарурати бознигарии ҷиддӣ дар мазмуну муҳтавои таълим, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва тақвияти низоми баҳодиҳии сифати таҳсил боқӣ мемонад. Танҳо дар ҳамин сурат муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд рисолати аслии худ – омодасозии мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои рушди устувори кишварро пурра иҷро намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 226 240 донишҷӯ, аз ҷумла, 94 356 нафар духтар таҳсил менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 13 638 нафар омӯзгор буда, аз онҳо 5338 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи зиёда аз 600 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Соли 2025-ум 4 муассиса аз аккредитатсияи байналмилалӣ, дар маҷмуъ, давоми 2 соли охир 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияҳои институтсионалӣ ва ихтисосӣ гуштаанд.

Соли 2025 Муассисаи «Раддабандии муассисаҳои олӣ»-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ, ки қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Туркия мебошад, мониторинги байналмилалӣ миёни 422 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 55 давлати дунё гузаронид, ки як муассисаи кишвар (ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дар даҳгонаи беҳтарин ва ду муассиса (ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ) дар садгонаи беҳтарин ворид гардиданд, ки ин дастоварди муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ 1511 ҷавони лаёқатманд ба 16 кишвари хориҷӣ тибқи бурсияҳо, шартномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

— Пешвои миллат борҳо таъкид намуданд, ки маориф пояи асосии рушди давлат ва кафили амнияти миллӣ мебошад. Вазорати маориф ва илм дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати афзояндаи зеҳнӣ барои татбиқи ин ҳадафи стратегӣ кадом тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст?

— Бо дарназардошти таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат дар бораи нақши калидии маориф ҳамчун пояи асосии рушди давлат ва кафили амнияти миллӣ, Вазорати маориф ва илм дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати афзояндаи зеҳнӣ як қатор тадбирҳои мушаххас ва ҳадафмандро амалӣ намуда истодааст. Пеш аз ҳама, сиёсати давлатии соҳа ба баланд бардоштани сифати таҳсил, мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба талаботи замон ва рушди тафаккури таҳлилию интиқодӣ равона карда шудааст.

Дар ин замина, барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатӣ бознигарӣ гардида, унсурҳои таҳсилоти рақамӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ тадриҷан тақвият меёбанд. Ҳамзамон, ҷараёни рақамисозии соҳаи маориф, аз ҷумла, татбиқи платформаҳои электронии таълим, рушди таҳсилоти фосилавӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар раванди таълим ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст.

Илова бар ин, вазорат ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва ҷалби кадрҳои ҷавону лаёқатманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутараққӣ ва мутобиқсозии он ба шароити миллӣ низ аз тадбирҳои муҳимми амалкунанда маҳсуб меёбад.

Дар маҷмуъ, тадбирҳои андешидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки Вазорати маориф ва илм сиёсати маорифро ҳамчун масъалаи стратегӣ дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, бо такя ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати ташаккули неруи зеҳнии рақобатпазир ва таҳкими амнияти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.

— Президенти кишвар дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ба масъалаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои муосир, хусусан, татбиқи зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсилот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Вазорат барои ҷалби хонандагону донишҷӯён ба фанҳои бунёдӣ, баланд бардоштани савияи омӯзгорон дар ин самтҳо ва ҳамзамон, татбиқи зеҳни сунъӣ чӣ барномаҳо дорад?

— Таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар ба рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои муосир, аз ҷумла, татбиқи зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсилот, ҳамчун як самти калидии сиёсати давлатии соҳаи маориф баромад мекунад. Дар ин замина, Вазорати маориф ва илм як қатор барномаҳо ва тадбирҳои марҳилавиро роҳандозӣ намуда истодааст, ки ҳадафи онҳо ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба фанҳои бунёдӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар мебошад.

Барои баланд бардоштани шавқу ҳавасмандии хонандагон ба фанҳои дақиқ ва табиӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, маҳфилҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ тақвият дода шуда, шабакаи мактабҳои дорои тамоюли техникӣ ва технологӣ тадриҷан густариш меёбад. Ҳамзамон, барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи иқтисоди рақамӣ бознигарӣ гардида, унсурҳои барномасозӣ, робототехника, таҳлили маълумот ва асосҳои зеҳни сунъӣ марҳала ба марҳала ба муҳтавои таълим ворид карда мешаванд.

Дар самти баланд бардоштани савияи омӯзгорон, тавре болотар ишора кардем, вазорат курсҳои такмили ихтисос, омӯзишҳои бозомӯзӣ ва семинарҳои мақсаднокро бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда, истифодаи усулҳои инноватсионии таълим ва захираҳои рақамиро ташвиқ менамояд. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои муосир, синфхонаҳои рақамӣ ва инфрасохтори зарурии техникӣ низ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсилот, тадбирҳо барои истифодаи технологияҳои зеҳнии таълимӣ, платформаҳои мутобиқшавандаи омӯзиш, арзёбии рақамии донишу малакаҳо ва такмили идоракунии соҳаи маориф роҳандозӣ шуда истодаанд. Дар маҷмуъ, барномаҳои вазорат ба он равона гардидаанд, ки таҳсилот ба як низоми муосир, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи асри рақамӣ табдил ёфта, ҷавонон ҳамчун мутахассисони дорои тафаккури илмӣ ва технологӣ ба камол расанд.

— Дар Паёми Президент зарурати таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ тавассути низоми маориф таъкид гардид. Нақши мактабу донишгоҳҳоро дар тарбияи насли ватандӯст, масъул ва соҳибмаърифат чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва дар ин самт кадом иқдомҳои судманд амалӣ карда мешаванд?

— Таъкид гардидани масъалаи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Паёми Президенти кишвар нишон медиҳад, ки низоми маориф на танҳо воситаи интиқоли дониш, балки василаи муҳимми ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин раванд, мактабу донишгоҳҳо ҳамчун ниҳодҳои калидии иҷтимоӣ нақши сарнавиштсоз дошта, дар тарбияи насли ватандӯст, масъул ва соҳибмаърифат ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд.

Бояд қайд кард, ки муассисаҳои таълимӣ омили асосии баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ буда, тавассути омӯзиши таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик ба зеҳну шуур ва мафкураи хонандагону донишҷӯён таъсир расонида мешавад. Бо ҳамоҳанг намудани таълиму тарбия, такмили дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилҳои фарҳангиву маърифатӣ ва вохӯриҳо бо шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанг ҳисси ифтихору ватандӯстӣ дар ниҳоди хонандагону донишҷӯён тақвият меёбад.

Ҳамзамон, иқдомҳои судманд, аз қабили татбиқи барномаҳои тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, рушди ҳаракатҳои волонтёрӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва эҷодӣ, инчунин, истифодаи усулҳои муосири таълим амалӣ карда мешаванд. Мактабҳои олӣ низ бо таҳкими робитаи таълиму тарбия, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва масъ­улияти иҷтимоӣ метавонанд ҷавононони ватандӯсту соҳибкасбро ба камол расонанд.

Дар маҷмуъ, нақши муассисаҳои таълимиро дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ метавон хеле баланд арзёбӣ кард. Бо такя ба ҳидоятҳои Президенти кишвар, идомаи ин иқдомҳо имкон медиҳад, ки насли наврасу ҷавони ватандӯсту маърифатманд ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.

— Ин ҷо мехоҳем таваҷҷуҳи Шуморо доир ба чанд масъалае, ки дар ВАО шабакаҳои иҷтимоӣ бештар баҳс атрофи онҳо сурат мегирад, аз ҷумла, доир ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил, баҳогузории 10-хола, муноқишаи хонандагон, камбудиву норасоии барномаи таълимиву китобҳои дарсӣ ва ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ҷалб намоем. Ба масоили мазкур лутфан равшанӣ мебахшидед.

— Дар шароити рушди босуръати фазои иттилоотӣ ва фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, табиист, ки атрофи ислоҳоти соҳаи маориф баҳсҳо ва андешаҳои гуногун ба миён меоянд. Вазорати маориф ва илм чунин баҳсу баррасиҳоро ҳамчун нишондиҳандаи бетараф набудани ҷомеа нисбат ба сарнавишти таҳсилот арзёбӣ намуда, ҳамзамон, зарурати шарҳи воқеъбинона ва расмии масъалаҳоро муҳим мешуморад.

Вобаста ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил, бояд таъкид намуд, ки ин иқдом дар асоси таҳлилҳои илмӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддати хонандагон роҳандозӣ мегардад. Ҳадафи асосӣ на зиёд намудани солҳои таҳсил, балки беҳтар намудани сифати дониш, кам намудани сарбории хонандагон ва мутобиқ сохтани муҳтавои таълим ба талаботи асри XXI мебошад. Ин раванд марҳалавӣ ва бо омодагии пешакӣ амалӣ мешавад.

Дар мавриди баҳогузории 10-хола, тавре ҳама медонанд, аз соли таҳсили 2025-2026 аллакай он ҷорӣ шуд ва ин низом бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, адолат ва дақиқии арзёбии дониши хонандагон роҳандозӣ шуда, имконият медиҳад, ки сатҳи воқеии азхудкунии мавод беҳтар инъикос ёбад. Дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон пайваста анҷом дода мешаванд.

Масъалаи муноқишаи хонандагон яке аз мушкилоти умумии иҷтимоӣ буда, танҳо ба Вазорати маориф ва илм ё дар маҷмуъ, соҳаи маориф маҳдуд намешавад. Пешвои миллат борҳо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан, падару модарон даъват намудаанд, ки ҳама бояд дар атрофи мактабу омӯзгор ҷамъ омада, саҳми муносиби худро дар таълиму тарбияи насли оянда гузорем. Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла, тақвияти кори равоншиносон, омӯзгорони самти тарбия ва ҳамкории зич бо падару модарон роҳандозӣ гардидаанд.

Оид ба камбудиву норасоии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, бояд зикр кард, ки корҳои бознигарӣ, такмил ва нашри китобҳои мутобиқ ба стандартҳои нав пайваста идома доранд. Ин раванд вақти муайянро талаб мекунад. Агар ба китобҳои давраи пеш аз Истиқлоли давлатӣ нигарем, дар саҳифаи аввали он мебинем, ки нашри ҳаштодуму навадуму садум ва ғайра навишта шудааст. Яъне, ин маънои онро дошт, ки китоб 80, 90 ё 100 маротиба такмилу таҷдид ва нашр шудааст. Китобҳои мо ҳоло ба нашри 10-ум нарасидаанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки тадриҷан камбудиҳо бартараф карда мешаванд.

Дар мавриди ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, мавқеи вазорат қатъӣ ва тағйирнопазир аст: ҳар гуна ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ манъ мебошад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд ва шаҳрвандон метавонанд тавассути сомонаи расмии вазорат, телефони боварии он ё бевосита муроҷиат намоянд.

Вазорати маориф ва илм ба шаффофият, муколамаи созанда бо ҷомеа ва расонидани маълумоти дуруст пойбанд буда, омода аст, ки ҳамаи масъалаҳоро дар доираи қонун ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ҳаллу фасл намояд.

— Аз суҳбат маълум гардид, ки ислоҳот дар соҳаи маориф бомаром идома дошта, корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Ба андешаи Шумо, вазифаҳое, ки барои соли 2026 дар назди Вазорати маориф ва илм қарор доранд, кадомҳоянд?

— Имсол, дар баробари дигар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ пешниҳод карданд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад. Дар ин замина, моро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин рӯйдоди таърихию сиёсӣ корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш вусъат бахшида, дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори давлат, инчунин, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем, зеро Президенти кишвар таъкид карданд: «Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!»

Илова ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) дастур доданд: «…мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем».

Бо дарназардошти идомаи пайгиронаи ислоҳот дар соҳаи маориф ва дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, соли 2026 барои Вазорати маориф ва илм марҳалаи муҳимми таҳким ва такмили натиҷаҳои бадастомада ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, як қатор вазифаҳои афзалиятнок муайян гардидаанд, ки иҷрои онҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсил ва мутобиқати он ба талаботи рушди кишвар равона шудааст.

Пеш аз ҳама, вазифаи асосӣ баланд бардоштани сифати таҳсил дар ҳамаи зинаҳо бо таваҷҷуҳ ба навсозии муҳтавои таълим, татбиқи пурраи стандартҳои муосир ва таҳкими равиши салоҳиятноки омӯзиш мебошад. Ҳамзамон, тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла, ҷорӣ намудани унсурҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим аз самтҳои калидӣ маҳсуб меёбад.

Дар баробари ин, идомаи рақамисозии соҳаи маориф, такмили низоми идоракунӣ ва баҳодиҳии сифати таҳсил, инчунин, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, бахусус, дар деҳот вазифаҳои муҳимми соли 2026 хоҳанд буд. Баланд бардоштани сатҳи касбият ва мақоми иҷтимоии омӯзгорон, густариши барномаҳои такмили ихтисос ва ҷалби кадрҳои ҷавону лаёқатманд низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд.

Ҳамзамон, таҳкими корҳои тарбиявӣ, рушди худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таҳсилот идома меёбад. Дар маҷмуъ, вазифаҳои Вазорати маориф ва илм барои соли 2026 ба ташаккули низоми таҳсилоти босифат, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи рушди устувори кишвар равона гардида, бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат амалӣ хоҳанд шуд.

— Ташаккури зиёд барои суҳбати пурмуҳтаво.

— Саломат бошед.

Мусоҳиб
Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор», №4 аз 28.01.2026

Добавить комментарий