Таърихи пайдоиши ҷашни Сада хеле қадимӣ буда, доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст.
Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун (сат, сатаг, сазак ва ё саз) омада, арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне, 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне, ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне, 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон(-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне, 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд».
Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукор ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он – гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад. Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хосса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳ истиқбол мегардид.
Вобаста ба ҷашни Сада шоирони классику муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони ориёӣ шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мешуд. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ ва равшан гардондани зулмати шаб будааст.
Гулоро ШАРИФОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №19-и ноҳияи Айнӣ













