Рушди устувори иқтисоди миллӣ

Дар Паёми Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) ба масъалаҳои муҳимми иқтисодиёти кишвар, алалхусус, ба рақамикунонии иқ­тисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, рушди иқтисоди «сабз», ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти махсус дода шудааст. Ҳамчунин, рушди иқтисоди «сабз», бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қимматнок, такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо ҳамчун омили муҳимми дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегардад.

Ба ин маънӣ таъкид гардид, ки тайи даҳ соли охир, яъне, дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Ҳамчунин, дар Паёми имсола ҷиҳати маблағгузории соҳаи маориф низ таъкидҳо карда шуда, қайд гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли гузашта панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дар буҷети давлатӣ барои соли 2026 бошад, ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 15,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла, маорифу тандурустӣ, нишона аз таваҷҷуҳи баланди Ҳукумати кишвар ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ мегардад.
Дар даҳ соли охир маблағгузории давлатӣ аз ҳама бештар ба соҳаи томактабӣ зиёд гардидааст. Агар соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ин соҳа 125 миллион сомонӣ сарф намуда бошад, пас соли 2025 барои рушди таҳсилоти томактабӣ 606 миллион сомонӣ маблағ аз буҷети давлатӣ масраф гардидааст. Ба соҳаи таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 беш аз 7 миллиарду 707 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ маблағҳо сарф карда шудаанд. Дар даҳ соли охир маблағгузории зинаҳои мазкур то 3,7 маротиба зиёд гардидаанд.
Дар Паёми навбатӣ, ҳамчунин, ба масъалаи гузариш ба низоми сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аҳаммияти муҳим дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба мақсади таъмини самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ, инчунин, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ, бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, яъне, гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон мебошад.
Маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ яке аз механизмҳои меъёрии таъминоти буҷети муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад, ки тибқи он, ҳаҷми маблағгузории давлатӣ дар асоси шумораи воқеии донишҷӯён ва меъёри муқарраргардидаи хароҷот ба як нафар донишҷӯ муайян карда мешавад.
Дар доираи ин механизм маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба ҳаҷми хидматрасониҳои таълимии амалан пешниҳодшаванда ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равона мегарданд.
Моҳияти иқтисодии маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ дар гузариш аз усули сметавии маблағгузорӣ ба модели меъёрӣ ва натиҷамеҳвар ифода меёбад, ки дар он таъминоти молиявӣ бо натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ робитаи мустақим пайдо менамояд. Дар ин ҳолат объекти маблағгузорӣ хидматрасонии таълимӣ, интиқолдиҳандаи маблағгузорӣ донишҷӯ ва гирандаи маблағҳо муассисаи таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад.
Меъёри маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ дар асоси сохтори хароҷоти муассисаи таҳсилоти олӣ ташаккул ёфта, хароҷот барои пардохти музди меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорон, таъминоти таълимӣ-методӣ ва иттилоотӣ, нигоҳдорӣ ва рушди пойгоҳи моддӣ-техникӣ, инчунин, хароҷоти идоракунӣ ва умумии хоҷагидориро дар бар мегирад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити нисбатан баробар барои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, меъёрҳо бо дарназардошти сатҳҳои таҳсил, самтҳои омодасозии мутахассисон ва хусусиятҳои минтақавӣ тафриқабандӣ карда мешаванд.
Аҳаммияти маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ барои низоми таҳсилоти олӣ, пеш аз ҳама, дар баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ зоҳир мегардад, зеро ҳаҷми маблағгузорӣ мустақиман аз шумораи донишҷӯён вобаста мебошад. Ин ҳолат ба коҳиши хароҷоти ғайрисамаранок, оптимизатсияи барномаҳои таълимӣ ва такмили сохтори фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат мекунад.
Маблағгузорӣ ба сари як нафар донишҷӯ ба васеъ гардидани мустақилияти молиявӣ-хоҷагидории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рушди идоракунии стратегӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарият барои натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ мусоидат менамояд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат, хоса, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин радиф маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, соҳаи маориф ҳамасола зиёд мегардад.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маълум мегардад, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисоди давлатӣ ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромади буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имконияти сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошад.
Дӯстмурод Шерзод,

сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илм

Добавить комментарий