Кафолати сатҳи баланди таълиму тарбия

Дар ҳама давру замон василаи асосии рушду пешрафти ину он давлат ва ҷомеаҳо соҳаи маориф ба шумор меравад. Маҳз илму дониш омили вусъат ёфтани маърифати аҳли ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи фаҳмишу дарк ва тафаккури одамон маҳсуб меёбад. Неруи раҳнамо ва пешбаранда дар самти бо илму дониш ва хираду фазл мусаллаҳ намудани аҳли ҷомеа омӯзгорон мебошанд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ, ки истиқлоли кишварро зери суол мебурд, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерую заковати худро ба он равона карданд, ки насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи андӯхтани илму савод ва молик гардидан ба маърифати баланд ба камол расанд. Пас аз ҷанги дохилӣ, ки зарару хисороти зиёде ба бор оварда буд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва бо омӯзгорони варзида таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ амали саҳлу осон набуд. То солҳои 1998-2000 вазъи омӯзиш ва таълиму тарбия, ба талаби замон ҷавобгӯ набудани бинои таълимгоҳҳо ва норасоии мутахассисон аз масоили мушкилу сангин ҳисоб меёфт. Аз ин рӯ, бо ҳидояту ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи асосӣ бо маоши қонеъкунанда таъмин намудани омӯзгорон ва дарёфту ҷустуҷӯи роҳҳои қадрдонию ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор мерафт. Ҳукумат ва Давлат дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош ба харҷ медод, ки ҳамасола маоши омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф зиёд карда шавад. Бояд таъкид кард, ки дар замони соҳибис­тиқлолӣ беш аз 20 маротиба музди маоши омӯзгорон баланд бардош­та шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали баъдиҷангӣ бо ҷудо кардани 75000 гектар замин, ки бо номи «Заминҳои Президентӣ» маълум гардида буд, дар навбати аввал дастур доданд, ки омӯзгорон бо заминҳои зикршуда таъмин карда шаванд. Гузаштан ба низоми нави хоҷагидорӣ тақозо мекард, ки дар ноҳияҳо заминҳои кишт ба кишоварзон тақсим карда, дода шавад. Дар радифи кишоварзон омӯзгорон низ соҳиби хоҷагиҳои фермерӣ гардиданд.
Давлат ва Ҳукумат баҳри зина ба зина беҳ гардидани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва дар маҷмуъ, кормандони соҳаи маориф ва бад-ин тариқ, баланд бардоштани рисолату мақоми омӯзгорон тадбирҳои амалӣ меандешид. Ислоҳоти соҳаи маориф, ки аз соли 2000-ум шуруъ гардида буд, комилан ба маҳорату лаёқат ва донишу фаҳмиши баланди омӯзгорон иртиботи амиқ дошт. Ин раванд бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таҳияву таълифи китобҳои дарсӣ, барномаҳою стандартҳои ҷадиди таълимиро, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ ба нашр расидаву дастраси омӯзгорон мегардиданд, инчунин, бо технологияи замони муосир (компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо) таъмин намудани таълимгоҳҳо, таҷҳизонидани синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фанниро дар бар мегирифт, сол ба сол вусъати тоза пайдо мекард.
Масъалаи меҳварии дигар ҳамоно баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон ва такмили ихтисосу бозомӯзии онҳо ба шумор мерафт, ки бо дастгирии Ҳукумат ва иқдомоти роҳбарияти Вазорати маориф ва илм масъалаи мазкур дар сатҳи зарурӣ амалӣ мегардид. Тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳа дар донишгоҳу донишкадаҳо ва ба муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудани онҳо ҳамвора зери назорати ҷиддии Давлат ва Ҳукумат қарор дошт. Бо ин мақсад, Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ қабул гардидааст.
Ҳамин тавр, арҷгузорӣ ба хидмату заҳматҳои омӯзгорону устодон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаклу шеваҳои гуногун татбиқ мегардид. Дар ин самт 3 майи соли 2006 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» нақши муҳимро иҷро мекунад. Бо қабули қарори мазкур омӯзгорони ҷавон имкон пайдо карданд, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо бо қитъаи замин барои сохтмони манзили зист ва қарзи дарозмуддат ҷиҳати нигоҳубини чорво ва занбуриасалпарварӣ таъмин гарданд.
Бо мақсади баланд бардоштани нақши омӯзгорону устодон дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба шахсияти соҳибони ин пешаи пурифтихор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 октябри соли 2025, №192) қабул карда шуд, ки ин иқдом падидаи таърихӣ дар самти эътирофи хидмату заҳматҳои омӯзгорону устодон ба шумор меравад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, дар он, аз ҷумла, дахлнопазирӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии фаъолияти касбӣ, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин, омодасозии омӯзгор ифода ёфтааст. Воқеан, қабули қонуни номбурда ба он мусоидат хоҳад кард, ки барои минбаъд мақомоти гуногун ба фаъолияти омӯзгорон дахолат накардаву онҳо ба корҳое, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, ҷалб карда нашаванд, инчунин, фаъолияти педагогияшон мавриди санҷиш ва назорати ғайрисоҳавӣ қарор нагиранд.
Дар ҷавоби чунин дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодону омӯзгорон вазифадоранд, ки вобаста ба талаботи замон аз тамоми шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода карда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия саҳми арзанда гузоранд. Имрӯз дар назди омӯзгорон ва кормандони соҳа вазифаҳои зиёде қарор доранд, ки иҷрои бетаъхири он ҳама ба рушду пешрафти ҷомеа ва кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Истифода аз васоити технологии муосир дар машғулиятҳо, ба роҳ мондани сабку шеваҳои навини таълиму тадрис, аз ҷумла, ҳадафмандона корбаст намудани усули муносибати босалоҳият ба таълим ва амсоли инҳо дар сатҳи баланд ва ба гунаи эҷодкорона бояд дар мадди назари омӯзгорон қарор бигирад. Масоили тақвият бахшидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ (бахусус, русӣ ва англисӣ), аз худ кардани фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимии кишвар бояд амалӣ карда шаванд. Масъулияти устодону омӯзгорон дар самти омода намудани хонандагон баҳри иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар карда шавад.
Яке аз паҳлуҳои фаъолияти омӯзгорон ҷанбаи эҷодию пажуҳишии онҳо ба шумор меравад. Дар ҳамдастӣ бо олимони соҳа, мактабшиносон ва муҳаққиқон бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи худ онҳо дар таҳияву таълифи дас­турҳои методию таълимӣ саҳми бориз гузошта метавонанд.
Масъалаи муҳимми дигар, ҳароина, тарбияи ахлоқии хонандагон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, масоили худшиносии миллӣ, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши бардавоми осори ниёгон аз омӯзгорон донишу тафаккур ва ҷаҳонбинии пешрафтаро тақозо мекунад.
Аз ин ҳама тадбирҳои судманд маълум мегардад, ки аз ҷониби Пеш­вои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нақши созандаю муассири омӯзгорон дар рушду пешрафти ҷомеа, тарбияи насли наврас дар руҳияи ормонҳои миллӣ, ҳуввиятхоҳӣ ва эҳсоси волои ватандӯстӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий