Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди таҳсилоти томактабӣ рӯз то рӯз меафзояд, чунки таҳсилоти томактабӣ пойдевор ё худ зинаи нахустини омӯзиши илму дониш дониста мешавад. Вақте ки кӯдак дар муассисаи томактабӣ муддати ду-се сол ё зиёдтар таълиму тарбия мегирад, барои таҳсил дар зинаи дуюм, яъне, мактаб омода аст, зеро малакаҳои одӣ, монанди тарзу усули нишастану хестан, муносибату муошират кардан, одоби салом додан, то сатҳи муайяне хондану навиштанро аз худ кардааст. Аз ин ҷост, ки таҳсилоти томактабӣ дар инкишофу пешрафти соҳаи маориф заминаи устувору мустаҳкаме мегардад ва густаришу тавсеаи он ба рушди соҳаи маориф такони ҷиддӣ мебахшад.
Тибқи ҳисоботи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, соли 2025 шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо дарназардошти таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак дар синфхонаҳои алоҳида ва бинои мактабҳои таҳсилоти асосиву миёнаи умумӣ ба 250 адад расид, ки аз ин шумора 44 адад кӯдакистон мебошад. Бояд гуфт, ки аз кӯдакистонҳои мазкур 6-тояш хусусӣ аст. Аз 250 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 33-тояш маркази рушди барвақтии кӯдак буда, дар бинои ҷудогона фаъолият доранд, 6 адад аз ин марказҳо хусусӣ буда, дар маҷмуъ, 1650 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Лозим ба зикр аст, ки 168 маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал менамояд ва дар онҳо бо 2580 кӯдак машғулият мегузаронанд. Соли 2025 ҳамагӣ 8060 кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷалб гардид, ки 43 фоизи фарогириро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои раёсати маорифи вилоят, дар қиёс бо дигар минтақаҳои кишвар, ин баландтарин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Дар доираи амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» танҳо дар соли 2025 бунёди 35 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 31-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар панҷ соли оянда бунёд ва ба истифода дода шудани 74 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо беш аз сеюним ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Соли 2026 бунёди 44 бинои нави кӯдакистонҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо тарҳрезӣ гардидааст, ки дар 23-тои он сохтмон шуруъ ёфт.
Заминаи моддию таълимии муассисаҳои томактабӣ сол ба сол таҳким меёбад. Чунончи, танҳо дар 4 соли охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, кати хоби дуқабата, маҷмуи мизу курсии кӯдакона, ҷевони ранга барои либос, мизу курсӣ барои мураббиён, ҷевон барои бозичаҳоро ба таври ройгон ба ин муассисаҳо дастрас намуд.
Соли сипаригашта дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят 160 нафар мураббӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул буд, ки аз онҳо 122 нафар бо маълумоти олӣ, 15 нафар бо маълумоти олии нопурра, 16 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 7 нафар бо маълумоти миёна фаъолият доштанд. Дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон шумораи омӯзгорон ба 278 нафар мерасад, ки аз ин теъдод 133 нафар дорои маълумоти олӣ, 39 нафар дорои маълумоти олии нопурра, 82 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус ва 24 нафар дорои маълумоти миёна мебошанд. Ҳамаи ин далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба марҳалаи тозаи рушд ворид гардида, дар ояндаи наздик мушкилоти аз таълиму тарбия берун мондани кӯдакон дар вилоят аз байн меравад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»













