Аз соли 2014 инҷониб низоми кредитии таҳсилот дар мактабҳои олӣ татбиқ гардидаву натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст. Низоми мазкур имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баланд гардад, омӯзгор ба сифати роҳнамо баромад намояд ва шароит фароҳам орад, ки донишҷӯ бештар фаъолу кӯшо гардад.
Хурсанд Ҳамдамзода — муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ дар ин маврид зикр намуд: «Низоми кредитии таҳсилот ба омӯзгорон низ талаботи нав, ки аз таҳсили анъанавӣ фарқ мекунанд, пеш меорад, зеро дар ин низом нақши омӯзгор аз як «манбаи ягонаи дониш» ба роҳнамо, мушовир ва роҳбари раванди таълим барои донишҷӯ табдил меёбад. Тағйири нақши омӯзгор як ҷузъи муҳимми таҷдиди низоми таълим буда, талаб мекунад, ки маводи дарсӣ ва лексияҳоро омода намуда, омӯзиш, баҳогузорӣ ва фаъолияти мустақили донишҷӯёнро идора кунад».
Дар низоми мазкур омӯзгорон нақши худро аз маълумотдиҳанда ба роҳнамою машваратчӣ табдил дода, аз методҳои муосир ва технологияҳои иттилоотию интерактивӣ ҷиҳати шавқманд намудани донишҷӯён самаранок истифода менамояд.
Донишҷӯ ҳуқуқ дорад, ки фанҳоро интихоб кунад ва барномаҳои модулӣ барояш имкон медиҳад, ки маълумоти фарохро соҳиб гардад.
Вай вазифадор аст, ки мавзуъҳоро ҷустуҷӯ, манбаъҳоро муқоиса намояд ва дониши худро такмил бахшад.
Х. Ҳамдамзода бар он назар аст, ки низоми кредитии таҳсилот ба таври назаррас маҳорати худомӯзӣ ва ташаббускории донишҷӯёнро такмил медиҳад: «Он асосан ба донишҷӯ ҳамчун субъекти фаъоли раванд нигаронида шудааст ва барои ноил шудан ба натиҷаҳои таълимӣ масъулияти шахсиро ба ӯ вогузор мекунад. Ҳадафи асосии низоми кредитӣ аз худ кардани донишҳои назариявӣ, рушди малакаҳои мустақилонаи омӯзиш, таҳлил ва татбиқи амалии дониш мебошад, ки ҳамаи ин ба ташаккули шахсияти худогоҳ ва ташаббускории донишҷӯ мусоидат мекунад».
Дар татбиқи амалии низоми кредитӣ баҳогузорӣ муҳимтарин омил ба ҳисоб меравад. Агар дар низоми анъанавӣ натиҷаи асосӣ аз як имтиҳони ниҳоӣ вобаста бошад, дар асоси низоми мазкур баҳогузорӣ ба раванди ҳаррӯза табдил ёфтааст.
Абдулло Латифӣ — омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав иброз дошт: «Таҷриба нишон медиҳад, ки ин раванд рақобатпазириро боло мебарад ва донишҷӯро маҷбур месозад, ки натиҷаҳои худро дар сатҳи устувор нигоҳ дорад. Ба таври мисол, гуфта метавонем, ки аксари донишҷӯён (хусусан, курсҳои аввал) кӯшиш мекунанд, ки аз холи муқарраршудаи худ (ки барои як чоряк 100 бал аст) ягон холашон кам нашавад ва баҳои аъло гиранд, зеро фаъол будан дар чоряк (агар дар ду чоряк 100-балӣ гиранд) аллакай 50%-и баҳои имтиҳони донишҷӯро медиҳад. Силлабусҳо меъёрҳои баҳогузориро пешакӣ муайян мекунанд, холҳо тадриҷан ҷамъ мешаванд ва дар бисёр ҳолатҳо ба таври электронӣ сабт мегарданд. Донишҷӯ метавонад пешрафти худро пайгирӣ намояд ва медонад, ки барои ба даст овардани натиҷаи беҳтар кадом корро бояд анҷом диҳад».
Дар низоми мазкур яке аз мушкилот кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки он бояд дар асоси таҳлилу таҳқиқ ва бозёфтҳо таҳия шавад. Мутаассифона, иддае аз донишҷӯён бо истифода аз маводи интернетӣ онро таълиф менамоянд. Ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, зеро заминаи асосӣ барои навиштани корҳои курсӣ, дипломӣ ва рисолаҳои номзадӣ маҳз аз ҳамин марҳала оғоз меёбад.
– Барои омӯзгор шумурдан ва гузоштани холҳои донишҷӯён мушкилӣ пеш меорад, зеро вақти зиёдро мегирад. Мо дар асри технология зиндагӣ мекунем ва барои иҷрои супоришҳои бисёр ба таҷҳизоти замонавӣ ниёз дорем, ки на ҳамаи мактабҳои олӣ бо шароит ва таҷҳизоти техникӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин ҳастанд. Баъзан дар маркази имтиҳонсупорӣ аз лиҳози системаҳои электронӣ, компютерӣ ва суръати сусти интернет ҳам ба омӯзгор ва ҳам ба муҳассилин мушкилот эҷод мешавад,-мегӯяд омӯзгор А. Латифӣ.
Ба гуфтаи Х. Ҳамдамзода, ин низом як қатор дастовардҳоро ба бор овардааст: «Нахуст дар раванди татбиқи низоми кредитӣ афзоиши масъулияти шахсӣ ва худидоракунии донишҷӯён дида мешавад. То андозае донишҷӯён дар раванди таълим фаъолияти мустақилона намуда, ба корҳои таҳқиқотӣ ва амалӣ машғул мешаванд. Раванди баҳогузорӣ нисбат ба давраи низоми анъанавӣ беҳтар гардида, шаффофият ва адолат таъмин мешавад».
Татбиқи низоми кредитии таҳсилот ба баланд шудани сифати таҳсил мусоидат намуда, раванди омӯзиш вусъат ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Назаралӣ Имомов — омӯзгори ДМТ иброз дошт: «Донишҷӯ метавонад баъзе фанҳоро мувофиқи шавқу завқ ва ихтисоси худ интихоб намояд. Холҳои ҳар як рейтинг ҷамъ карда мешаванд ва натоиҷи ҳар рейтинг ба донишомӯз ба таври дақиқ ҳисоб карда мешавад. Корҳои мустақилонаи бисёре ҳаст, ки метавонад ба такмили дониши донишомӯз мусоидат кунад. Агар донишҷӯ ноком шавад ва аз имтиҳон нагузарад, метавонад дубора имтиҳон супорад ва холи бештар ба даст орад. Ба ҷойи як имтиҳони ниҳоӣ дар давоми таҳсил ду рейтинг месупорад, ки донишҷӯёнро ба омода шудан водор менамояд».
Зарур аст, ки дар ин самт корҳои зеринро анҷом дод:
Якум, фаъолияти донишҷӯёнро дар иҷрои корҳои мустақилона тақвият мебояд бахшид.
Дуюм, низоми кредитӣ аз фарҳанги фаъолияти академӣ вобаста аст. То замоне ки донишҷӯ омӯзишро танҳо ҳамчун роҳи гирифтани диплом бидонад, омӯзгор низомро танҳо ҳамчун маҷмуи талабот қабул кунад, самаранокии пурра таъмин намегардад. Вақте ки ҳар ду ҷониб онро ҳамчун абзори рушди сифат, рақобатпазирӣ, пешрафт, дилгармӣ ба касб ва масъулият дарк намоянд, таъсиргузор хоҳад буд.
Сеюм, рушди инфрасохтори рақамӣ бояд пайгирона идома ёбад. Идоракунии кредитҳо, ҳисобкунии GPA, назорати қарзҳои академӣ ва шаффофияти баҳогузорӣ бе системаҳои устувори электронӣ мушкил аст. Ҳангоме ки платформаҳо пурра ва устувор фаъол бошанд, таъсири инсонҳо аз байн меравад.
Ба ин маънӣ, Х. Ҳамдамзода зикр намуд: «Нақши технология ва рақамикунонии идоракунии таълим дар рушди низоми кредитӣ ҳаётан муҳим аст, зеро онҳо ба муассисаҳои олии касбӣ имкон медиҳанд, ки раванди таҳсилро самаранок идора кунанд, ба донишҷӯёну омӯзгорон имкониятҳои нав фароҳам оранд ва шаффофияту мутобиқати баҳогузорӣ ва таълимро таъмин намоянд. Бо ҷорӣ кардани технология ва платформаҳои рақамӣ низоми кредитӣ дар шакли назариявӣ татбиқ шуда, раванди омӯзиш дар амал самаранок ва пайваста идора карда мешавад».
Воқеан, истифодаи низоми мазкур ба рушди таҳсилот ва баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат намуда, шаффофияту адолатро ҳангоми баҳогузорӣ таъмин менамояд.
Ҳотами ҲОМИД,
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Омӯзгор»













