Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ки воқеан, неъмати бузург ва бебаҳо дар сарнавишти миллати тоҷик ба шумор меравад, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ба пешрафти кишвар монеаи ҷиддӣ ва садди сангин гардид. Корхона, муассисаю идораҳои давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ амалан аз фаъолият бозмонда, хатари аз байн рафтани давлат ба миён омад. Дар чунин вазъи муҳлику фоҷиабор фарзанди барӯманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба сифати Раиси Шурои Олӣ баргузида шуданд, ки бо иродату ҷасорат ва руҳи барозандаю тавоно дар бартараф намудани ҷангу низоъ ва муноқишаҳои сиёсии ҷонибҳои даргир нақши мондагор гузошта, сулҳу ваҳдат ва фазои озоди зиндагиро ба мардум муҳайё сохтанд. Сарвари кишвар аз рӯзҳои нахустини давлатдории хеш ба рушди тараққии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, марҳала ба марҳала инкишоф ёфтани соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Маълум аст, ки ин амали осон набуд ва фидокорию заҳмат ва талошу такопӯи зиёдеро талаб мекард. Бо иқдому дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифи миллӣ тадриҷан ташаккул ёфта, дар тамоми ҷабҳаҳо ба дастоварду муваффақиятҳо ноил гардид. Ба ин мазмун, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми давлатдории миллӣ мувофиқ карда шуданд. Дар соҳаи маориф дигаргунию тағйироти бузург ба амал омада, дар заминаи хусусиятҳои нави давлатдории миллӣ, таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арзишу ормонҳои ватандорӣ ба роҳ мондани сохтори маориф ва таълиму тарбияи насли наврас дар авлавият қарор гирифт. Тарғибу муаррифии ғояҳои миллию ватандӯстӣ, консепсияи сиёсии таърихии давлатдории навини тоҷик, ҷанбаҳои ифтихор аз таърихи гузаштаю тамаддуни оламшумули миллат ва амсоли инҳо дар меҳвари барномаю китобҳои таълимӣ қарор гирифта, асос ва дарунмояю ҷавҳари таълиму тарбияро дар бар гирифтанд. Бо ин мақсад, бо дастгирии Ҳукумат ва Давлат марҳалаи ҷадид – таҳия ва таълифи барномаю китобҳои дарсӣ дар заминаи арзишу ормонҳои миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба роҳ монда шуд. Моҳияту ҳадаф ва ғояи консепсияи барномаю китобҳои дарсӣ куллан тағйир ёфта, ҷанбаи миллиро соҳиб шуд. Албатта, тӯли 34 сол бо пешрафту такомул ва дигаргунию таҳаввулоте, ки дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ба амал омад, таҳия ва таълифи барномаю китобҳои дарсӣ зинаҳои зиёдеро паси сар намуд ва раванди ислоҳот дар ин самт идома меёбад. Бузургтарину муассиртарин амале, ки дар масъалаи мазкур анҷом дода шуд, таълифи барномаву стандарт ва китобҳои дарсии насли нав мебошанд, ки дастраси омӯзгорону хонандагон гардонида шуда истодаанд.
Яке аз самтҳои бунёдии соҳа таҳкими пояҳои ҳуқуқию меъёрии асноди коргузории соҳа ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи мазкур ҳалли мусбати худро ёфта, баҳри пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ шароиту заминаҳои муътамад фароҳам оварда шуд. Инчунин, ба тамоми зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбия як силсила барномаҳои давлатӣ ва стандартҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд. Тарбияи томактабӣ яке аз бахшҳои муҳимми соҳаи маориф ба шумор рафта, пояҳои кадрии муассисаҳои томактабӣ мустаҳкам гардид. Ҳоло дар кӯдакистонҳо мураббияву омӯзгорони варзидаю соҳибихтисос ба тарбияи кӯдакон машғуланд. Барои фаъолияти пурсамари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барномаи махсуси давлатӣ қабул шуд. Натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки фарогирии тарбиятгирандагон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ сол то сол беҳтар мешавад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққии соҳаи маориф, бахусус, зинаи томактабӣ диққати махсус зоҳир мекунанд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28 декабри соли 2024) ба таври алоҳида таъкид намуданд, ки дар ҳар мавзеи аҳолинишин, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, кӯдакистонҳои нав бо тамоми шароити замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми зарурӣ сохта, ба истифода дода шаванд. Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар гардидани сатҳу сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагон ҳамасола муассисаҳои нави таълимӣ бунёд мешаванд. Шароитҳои хуби фароҳамовардашуда тақозо мекунанд, ки сатҳу сифати таълим беҳтар ва ба стандартҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шавад. Боиси сарфарозист, ки дар масъалаи тарбияи хонандагони болаёқату кӯшо дар кишвар тамоми шароит муҳайё карда шудаанд. Аз ин ҷост, ки бо фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамасола хонандагони тоҷик на танҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ маҳорату дониши баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Барои дар сатҳи посухгӯ ба талаботи давру замон ба роҳ мондани таълиму тарбия, истифодаи бомақсад аз васоити технологӣ ба шумор меравад. Баҳри бо компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимии кишвар, бо дастгирии Ҳукумат ва Давлат барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки марҳала ба марҳала иҷро мешаванд. Ба ин маънӣ, «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардидааст. Баҳри азхуд кардани донишҳои мукаммал аз фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ бо пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф эълон гардид, ки дар ин бобат корҳои зиёде анҷом пазируфтааст. Ба комёбию дастовардҳои назаррас ноил гардидан аз фаъолияти садоқатмандонаи омӯзгорону устодон вобастагии амиқ дорад. Сол ба сол баҳри пешбурди соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон, қадрдонии омӯзгорон ва таъмин бо имтиёзоти пешбинишуда барои онҳо беҳтару хубтар мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 22 маротиба маоши омӯзгорон баланд бардошта шуд. Шуруъ аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз ва омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамчунин, бо дастури Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардид ва барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Қабули чунин як санади сарнавиштсоз ба соҳибнуфузу воломақом гардидани шахсияти омӯзгор ва беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард. Мусаллам аст, ки замони муосир дар назди аҳли маориф ва устодону омӯзгорон вазифаҳои нав мегузорад, ки иҷрои он ҳама заҳмату масъулияти дучандро тақозо мекунад. Омили рушду пешрафти соҳа ба иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста аст. Татбиқи андӯхтаҳои назариявии мактабиён дар машғулиятҳо, хусусан, фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ аз масоили муҳим мебошад. Бо ин мақсад, зина ба зина дар асоси «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои солҳои 2021-2025», муассисаҳои таълимӣ бо муосиртарин таҷҳизоти амалии таълимӣ таъмин мегарданд. Татбиқи амалии «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» дар назди аҳли маориф вазифаҳои зиёдро гузоштааст. Рисолати мо-кормандони соҳаи маориф аст, ки дар татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи салоҳиятнокии омӯзгорон дар самти технологияҳои замонавӣ, яъне, амалисозии пурраи ҳадафҳои консепсияи зикршударо таъмин намоем. Истифодаи огоҳмандона аз зеҳни сунъӣ низ ба ин масъала иртиботи амиқи мантиқӣ дорад.
Бояд зикр кард, ки вобаста ба рушду такомул ва таҳаввулоти ҷаҳони муосир соҳаи маориф низ ба ислоҳоту навсозӣ дар раванди таълим ниёз пайдо мекунад, ки ин амри ногузир ва дар айни замон табиист. Тайи солҳои охир дар низоми соҳа ва раванди таълиму тарбия як қатор дигаргунию ислоҳот ворид гардида истодааст, ки ҳадаф аз ин ҳама беҳтару самарабахштар гардидани сатҳу сифати таълим ба шумор меравад. Роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим, гузариш ба низоми нави 10-холаи баҳогузорӣ, фароҳам овардани шароиту имконот ва заминаҳои мусоиду муътамад баҳри ҷорӣ намудани таълими 12-сола ва амсоли инҳо талаби замон мебошад.
Дастоварду комёбиҳои хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар, бахусус, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо дастури Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, шоистаи ситоиш мебошад. Озмунҳои мазкур ба он мусоидат менамоянд, ки хонандагони соҳиблаёқату кӯшо дарёфт ва тарбияву ба камол расонида шаванд. Дар зинаи таҳсилоти олии касби кишвар, аз ҷумла, дар пурмазмун гардидани машғулиятҳои таълимӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи раванди инноватсионӣ-технологӣ, ихтирооту кашфиёт, робитаҳои ҳамкорӣ бо мактабҳои олии кишварҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи маорифи кишвар ҳамаҷониба рушд менамояд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30.08.2025) таъкид карданд: «Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст».
Аз ин рӯ, бояд баҳри эҳтиром ва арҷгузории шахсияти омӯзгор тамоми қишрҳои ҷомеа талош намоянд, зеро ин омил ба пешрафти соҳаи маориф ва баланд гардидани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Равшан КАРИМЗОДА,
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон