Поягузори худшиносии миллӣ

Муқаддима

Истиқлол дар таърихи ҳар як халқ муқаддастарин ва арзишмандтарин дастовард ба шумор меравад. Барои мардуми тоҷик, ки дорои таърихи пурғановат ва хеле қадимӣ, тамаддуни пешрафта ва таҷрибаи тӯлонии давлатдорӣ мебошад, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки рӯйдоди сарнавиштсоз буд. Маҳз бо соҳибистиқлол гардидан миллат имкон пайдо намуд, ки сарнавишти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян кунад ва бидуни вобастагӣ аз дигарон рушд ёбаду пеш равад. Ҷашн гирифтани Истиқлол барои мо на танҳо рамзи шодӣ, балки ифодаи масъулият, худогоҳӣ ва ҳифзи якпорчагии миллӣ мебошад.
Истиқлолият дар илми сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун олитарин дастоварди миллатҳо ва пояи асосии давлатдорӣ шинохта шудааст. Антрополог ва файласуфи чехӣ-бритониёӣ Эрнест Геллнер истиқлолиятро унсури ногузири равандҳои миллатсозӣ меҳисобад, зеро танҳо дар шароити соҳибихтиёрӣ миллат метавонад сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян кунад. Сиёсатшинос ва файласуф Бенедикт Андерсон низ истиқлолро бо мафҳуми «ҷомеаи хаёлшуда» пайванд дода, онро нишони асосии эҳёи миллат дар асри муосир арзёбӣ намудааст.
Барои мардуми тоҷик, ки дорои таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ, фарҳанги бой ва шахсиятҳои мондагори сиёсию фарҳангӣ мебошад, бо талошу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани истиқлол (9 сентябри соли 1991) рӯйдоди сиёсии тақдирсоз гардид. Ин падида мардуми моро аз вобастагӣ раҳо кард ва имкон дод, ки бо иродаи худ роҳи рушду тараққиётро пеш гиранд. Аз ҳамин лиҳоз, ҷашн гирифтани истиқлол барои тоҷикон на танҳо як тантанаи идона, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва масъулияти таърихист.
Истиқлол – поягузори худшиносии миллӣ ва омили муттаҳидӣ
Ҳарчанд Истиқлоли давлатӣ расман соли 1991 эълон шуд, таърихи давлатдорӣ ва истиқлолхоҳии тоҷикон решаҳои хеле қадимӣ дорад. Аз давлати Сомониён (874-999), ки нахустин давлати мутамаркази тоҷикон буд, то давлати Ғуриҳою Темуриён тоҷикон таҷрибаи зиёди давлатдорӣ доштанд. Бо вуҷуди аз сар гузаронидани фишорҳои беруна дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо ё истилои амирони туркнажод, худшиносии миллӣ ва фарҳангии тоҷикон, ки заминаи аслию муқаддами соҳибистиқлолист, боқӣ монд.
Дар асрҳои XIX-XX бо ба таври иҷборӣ ворид шудани қаламрави тоҷикон ба ҳайати аморатҳои Бухоро ва Хива ва баъдан ба таркиби Иттиҳоди Шуравӣ, Истиқлоли давлатӣ аз даст рафт. Бо вуҷуди ин, ҳаракатҳои зиёде барои худшиносӣ ва истиқлолталабӣ ба миён омаданд, ки яке аз намунаҳои он ҳаракати «ҷадидия» мебошад.
Ниҳоят, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти миллиро эълон кард ва ба сафи давлатҳои соҳибистиқлол шомил гардид.
Дар илми сиёсӣ Истиқлолият мафҳумест, ки ҳамчун ҳокимияти комили давлат дар қаламрав ва ҷомеаи худ таъриф мешавад. Макс Вебер-ҷомеашиноси олмонӣ, файласуф ва муаррих ҳокимияти сиёсиро қобилияти давлат барои таъмини тартибот ва таҳкими қонунияти собиту қавӣ дар қаламрави худ мешуморад. Дар ин замина, истиқлолият маънои онро дорад, ки давлат мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пеш мебарад ва аз дигар давлатҳо вобастагӣ надорад.
Бар замми ин, олимон истиқлолро бо мафҳуми «давлатсозӣ» (state-building) алоқаманд мешуморанд. Аз нигоҳи назариявӣ, давлатсозӣ иқтидори сиёсӣ (қобилияти ҳифзи тартибот ва субот), иқтидори иқтисодӣ (истифодаи захираҳо ба манфиати миллӣ) ва иқтидори фарҳангӣ (ҳифз ва рушду муаррифии ҳувияти миллӣ)-ро дар бар мегирад.
Тоҷикон пас аз ба даст овардани истиқлол, имкони бунёди чунин пояҳои давлатиро пайдо карданд.
Аз нигоҳи назарияи миллатсозӣ, худшиносии миллӣ унсури муҳимтарин ва калидӣ дар пойдории давлат аст. Истиқлол барои тоҷикон имкон дод, ки арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии худро аз нав эҳё кунанд. Аз ҷумла:
1. Забон. Конститутсияи кишвар ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мақоми давлатии забони тоҷикиро устувор намуд. Забон на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ягонагӣ ва ҳастии миллӣ гардид.
2. Таърих. Ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи миллати тоҷик таваҷҷуҳ афзуд. Шуруъ аз таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён (1999) ва 2700-солагии шаҳри Истаравшан, ки намунаи ин эҳёгарист, то имрӯз садҳо санаи таърихӣ дар сатҳи баланд ва бо тантана таҷлил шуданд.
3. Арзишҳои миллӣ. Ҷашнҳои суннатӣ – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада мақоми давлатӣ гирифтанд.
Ҳамин тавр, истиқлол барои тоҷи­кон на танҳо озодӣ, балки воситаи худшиносӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ гардид.
Таърих собит сохт, ки истиқлолият бидуни ваҳдат пойдор буда наметавонад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва ҳаёти ҳазорҳо нафар зери хатар қарор гирифт. Аммо бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) ба имзо расид.
Набояд фаромӯш кард, ки худ­ши­носӣ яке аз заминаҳои меҳварӣ ва муътамади пойдории миллат аст. Дар даврони истиқлол мардуми тоҷик тавонист ба мероси таърихию фарҳангии худ рӯй оваранд, онро аз нав эҳё ва муаррифӣ намоянд. Истиқлолият шароите фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллӣ мақоми давлатӣ гирифта, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ҷойгоҳи воқеии худро пайдо намояд. Ин дастовард худ ба худ ба баланд гардидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои фарҳангӣ мусоидат кард.
Ваҳдати миллӣ ҷавҳар ва дарунмояи истиқлолро ташкил дод. Аз он ба баъд Тоҷикистон тавонист бо роҳи сулҳ ва субот давлатдориро таҳким бахшад.
Аз ин рӯ, истиқлол на танҳо истиқлоли ҳокимияти сиёсӣ, балки василаи мустаҳкамсозии ваҳдати миллӣ низ мебошад. Таърих собит сохт, ки миллат танҳо дар ҳолати ваҳдату иттиҳод қодир аст, ки истиқлолияти худро ҳифз кунад. Аз ин ҷост, ки дар шароити муосир истиқлол барои тоҷикон рамзи ягонагии миллат, эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва пойдории давлатдорӣ мебошад.
Нақши истиқлол дар соҳаҳои ҳаёт
Маориф. Низоми миллии маориф ташаккул ёфт: заминаи меъёрии ҳуқуқӣ таҳким ёфт, муассисаҳои нави таълимӣ ва типи нав бунёд шуданд, норасоии ҷойи нишаст, кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ бартараф шуданд, барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардиданд, муассисаҳои олии кишвар робитаҳои мустақимро бо донишгоҳҳои хориҷӣ барқарор карданд. Забони тоҷикӣ мавқеи асосӣ пайдо кард ва дар баробари он, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда шуд. Истиқлол имкон дод, ки низоми миллии маориф ташаккул ёбад. Китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ омода шуданд, ақаллиятҳои миллӣ бо китобҳои дарсӣ таъмин шуданд, донишгоҳҳои миллӣ таъсис ёфтанд ва робитаҳои илмӣ бо хориҷ густариш ёфт.
Фарҳанг. Истиқлол ба эҳёи ҷашн­ҳои суннатии миллӣ – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада шароит фароҳам овард. Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Айнӣ ва дигар фарзандони маъруфи миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Фарҳанг ҳамчун омили худшиносӣ эҳё гардид ва баҳри тарбияи маънавии мардум, хусусан, насли наврас ва ҷавонон театрҳо, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ фаъол шуданд. Ҷашнҳои миллӣ мақоми давлатӣ гирифтанд ва Тоҷикистон тавонист мероси фарҳангии худро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Тандурустӣ. Истиқлол ба кишвар имкон дод, ки сиёсати миллии тандурустии худро пеш барад. Ҳамкориҳои васеъ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳо роҳандозӣ гардид. Дар давраи соҳибистиқлолӣ барномаҳои миллӣ оид ба беҳдошти сиҳҳатии модару кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои нави тиббӣ бунёд, мутахассисони варзидаи соҳаи тиб омода ва технологияи муосир дар хидмати аҳолӣ қарор дода шуд.
Иқтисод. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ имконпазир гардид. Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва коммуникатсия ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Истиқлолият ҷалби сармояи хориҷиро таъмин кард. Лоиҳаҳои бузург, мисли НБО «Роғун», сохтану бунёди роҳҳои байналмилалӣ ва рушди кишоварзӣ аз самараҳои ин марҳала мебошанд.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон
дар таҳкиму рушди истиқлол
Дар таҳкими истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва сар­навиштсоз аст. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба сари қудрат омаданд, ки кишвар дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Тибқи таҳқиқоти сиёсатшиносӣ, шахсияти сиёсӣ метавонад дар суботу пешрафти давлат нақши ҳалкунанда бозад. Аз ҷумла:
– Пайгирии сулҳ ва ваҳдат. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ тавонистанд бо роҳи музокироти тӯлонӣ ва бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро (1997) ба даст оранд. Ин санад ба сифати таҳкимбахши истиқлоли давлатӣ ва пойдории минбаъдаи кишвар рисолати сиёсии худро иҷро кард.
– Таҳкими арзишҳои миллӣ. Бо ибтикори Сарвари давлат забони давлатӣ, таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ мақому ҷойгоҳи воло пайдо карданд. Барқарор кардани ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ низ ба ҳувиятсозии миллӣ кумак кард.
– Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои боз ва ҳамкории байналмилалиро ба таври густарда роҳандозӣ карданд, ки ин раванд имкон дод, Тоҷикистон ба шабакаҳои иқтисодӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ ҳамроҳ гардад.
– Сиёсати хориҷӣ. Дар сатҳи байналмилалӣ пеш гирифтани сиёсати мутавозини ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ ба рушди кишвар ва ҳифзи сулҳу амният дар қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.
Масъулияти миллат дар пойдории истиқлол
Бо истинод ба назарияи миллатсозӣ ва давлатсозӣ, истиқлолияти тоҷикон намунаи равшани гузариш аз ҷомеаи вобаста ба ҷомеаи соҳибихтиёр мебошад. Дар ин раванд, заминаҳои асосӣ – худшиносӣ, ваҳдат ва иқтисоди миллӣ дар ташаккулу таҳаввули сиёсии давлати мустақил нақши барҷастаро иҷро карданд.
Барои ҳифз ва рушди истиқлолияти миллӣ, миллати тоҷикро зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиро нигоҳ дорад, маориф ва илмро ҳамчун омили рақобатпазирии миллӣ рушд диҳад, захираҳои табиӣ ва иқтисодиро бо роҳи устувор истифода намояд, фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикиро ҳифз ва таблиғу муаррифии бештар намояд ва арзишҳои истиқлолу ормонҳои миллиро ба наслҳои оянда интиқол диҳад.
Хулоса
Истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи худшиносӣ, ваҳдат ва рушди устувор мебошад. Ҷашн гирифтани он маънои эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор, қадрдонӣ аз дастовардҳои имрӯз ва масъулият дар назди наслҳои ояндаро дорад. Танҳо бо ваҳдат, худогоҳӣ ва кору эҷоди созанда метавонем истиқлолияти худро ҳифз ва давлатдории миллиро барои ояндагон устувор гардонем.
Набояд фаромӯш созем, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлол ва рушду пешрафти мамлакат дар ҳама ҷанбаю соҳаҳо бузург аст. Президенти кишвар тавонистанд кишварро аз вартаи ҷанг ба сӯйи сулҳу субот ва рушди устувор раҳнамоӣ кунанд. Аз ин рӯ, ҷашни истиқлол барои мардуми тоҷик на танҳо падидаи фараҳбахш, балки ифодаи масъулият дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология

Добавить комментарий