Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид. Давраи нав, яъне, замони соҳибистиқлолӣ дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне, бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи СММ дар арсаи байналхалқӣ мавқеи шоистаи худро ишғол кард ва миллати мо ҳамчун миллати тамаддунсозу соҳибватан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Фаромӯш набояд кард, ки замони истиқлол, хусусан, солҳои аввали он барои давлати навбунёди мо давраи ниҳоят вазнину душвор буд. Дар Тоҷикистон он замон дар натиҷаи амалҳои ғаразнок ва фитнаи қувваҳои бадхоҳ ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зада, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони мо ва пароканда гардидани миллатамон ҳамчун воқеияти талху даҳшатнок таҳдид мекард. Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳоваронаю созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида, бо саъю талоши ватандӯстонаву ҷонфидоёна Истиқлоли давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз карда тавонист ва ин имтиҳони сахту сангини таърихро гузашт.
Мардуми мо бо роҳбарии Сарвари давлат ҳамчун миллати созанда дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар кишвар барқарор сохт, балки рушду пешрафти мамлакат ва бунёди ҷомеаи солимро таъмин кард. Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад ва мардум ҳаёти осудаю хушбахтона доранд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки тамоми корҳои бузургу азими созандагиро, ки то имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлол анҷом додем, зеро истиқлол барои мардуми мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.
Истиқлол тантанаи хирадмандӣ ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми ободкору ватандӯсти мо, воситаи муҳимтарини ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу нигоҳдории давлати нави миллӣ, пешрафту ободии ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва аз нав эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар талош варзид ва ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.
Даврони истиқлол дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир давраи чандон тӯлонӣ нест. Аммо дар ин муддати кӯтоҳ, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоту монеаҳои зиёд, ақлу заковат ва азму иродаи қавӣ ва заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон имкон дод, ки дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта шавад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, хусусан, илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Бо дарназардошти он ки ояндаи ҷомеа, идораи давлатдорӣ, пешрафти миллат, ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои истиқлол аз сатҳи донишу омодагии наврасону ҷавонон вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Давлату Ҳукумат қарор дода шудааст. Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне, бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба самти мазкур диққати бештар дода мешавад.
Албатта, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он масъулияти азим буда, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне, соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлол худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман, иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хидмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.
Мутаассифона, дар замони муосир ҷаҳон бо хатарҳои даҳшатнок, аз ҷумла, зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм дучор гардидааст. Мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла, торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ором аз байн рафтааст. Дар чунин шароит ҳифзи истиқлол ва оромию суботи кишвар масъулияту заҳмати бештарро талаб мекунад.
Тоҷикистон аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва бо дарназардошти вазъи минтақа дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Вобаста ба таҳдидҳо ва вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмини амнияту тараққии кишварамон, имрӯз вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ҷомеа ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишварамон аст. Бинобар ин, ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат бо воситаи меҳнату заҳмати софдилонаи худ фаъолона ширкат намоянд.
Бояд ҳар як сокини Тоҷикистон қиммату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро ба таври дурусту амиқ дарк намояд ва аз ин имконият, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, яъне, соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода барад. Мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем.
Мусаллам аст, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо дар сурати доштани ваҳдату сарҷамъӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишварамон метавонем истиқлоли Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намуда, миллати хушбахт бошем.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
номзади илмҳои филологӣ













