Неруи тавоною созанда

Ҷавонони тоҷик имрӯз неруи созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷаҳони муосир аз насли ҷавон тақозо мекунад, ки дорои донишу маърифат ва ҷаҳонбинии пешрафта ва хештаншиносу ватандӯст бошанд. Ояндаи шукуфоини давлату миллат аз фаъолияти бавусъати мо — наврасону ҷавонон вобаста аст.

Мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки ба қадри сулҳу субот, истиқлоли миллӣ намерасанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротгарои тундгар мешаванд.
Шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷинояткорӣ аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Мо-наврасон бояд шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол намоем. Пешвои миллат пайвас­та дар суханрониҳояшон қайд менамоянд, ки наврасону ҷавонон бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Шоҳномахонӣ” дар ташаккули маънавиёт ва маърифати наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд.
Аз ин рӯ, мо — наврасону ҷавононро мебояд сулҳу субот ва амнияти давлатро таҳким бахшем. Мусаллам аст, ки наврасону ҷавонони кишвар арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, оромии Ватани азизамонро ҳифзу ҳимоя менамоянд ва дар рушди кишварамон ҳамвора саъйу талош мекунанд.
Сумая МУЗАФФАРЗОДА,

хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий