РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОР

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) бо хусусиятҳои хос, навгониҳо, мазмуну муҳтаво, вазифагузорӣ ва ҳадафҳои дурбинона аз Паёмҳои қаблӣ тафовут дорад.

Якум, дар оғоз Пешвои миллат доир ба рӯйдодҳои муҳим ва таърихии мамлакат дар соли 2025, ки боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбанд, ибрози андеша намуданд. Ин рӯйдодҳои муҳим дар фазои суботу ором, ба таври шаффоф гузарондани маъракаи сиёсии интихоботи вакилони мардумӣ дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Қирғизис­тон, баимзорасии шартномаи дӯстии абадӣ оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се кишвар – ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони Эъломияи Хуҷанд, инчунин, дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шудани пешниҳодҳои созандаи Тоҷикистон мебошад.
Дуюм, ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳангӣ шашҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Дар Паём Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, қатъномаҳо доир ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои дӯзандагӣ», бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии мо дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Бо ташаббуси Тоҷикистон 6 ноябри соли 2025 қабул гардидани қатънома ва танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Ба соҳаи рушди бостоншиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои қабули қонуни алоҳида дар танзими ин соҳаи муҳим дастур дода шуд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе барои ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон нақши муҳим мебозад.
Сеюм, таҳлили амиқи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, барномаи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар муқоиса бо даҳ соли қаблиро дарбар гирифт. Дар тӯли даҳ сол 26 фоиз зиёд гардидани аҳолии кишвар, аз 70 ба 77 сол расидани дарозумрии аҳолӣ ва 19 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ далели равшани баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Чорум, таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи кишоварзӣ, рушди пахтакорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар тӯли даҳ соли охир сатҳи ҳифзу таъмини амнияти озуқаворӣ аз 60 ба 85 фоиз баланд гардидааст. Сарвари давлат ба кишоварзони мамлакат миннатдорӣ баён намуданд, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, ҳарорати баланди ҳаво ва хушксолӣ, хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро ба маҳсулоти хӯрока таъмин карданд.
Панҷум, дар соҳаҳои илму маориф бештар ба сифати тарбия, мутобиқгардонии таълим ба стандартҳои байналмиллалӣ, рушди илмҳои дақиқ, зеҳни сунъӣ, натиҷагирӣ аз низоми кредитии таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба китобҳонӣ ҷалб кардани хонандагон, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замон, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, худшиносиву худогоҳии миллии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Шашум, таваҷҷуҳ ба занон, ҷавонон, маъюбон, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, касбомӯзӣ ва таъмин кардан ба шуғли доимӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Ҳафтум, нақши муҳимми қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот муҳим арзёбӣ гардид. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиро ҳамчун вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир таъкид намуданд.
Ҳаштум, мавқеи устувори ҷумҳуриамон дар сиёсати хориҷӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Нуҳум, Паёми навбатии Сарвари давлат ҷанбаҳои мафкуравии мутобиқ ба вазъи ҷаҳони муосирро доро буда, моро ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, сулҳу субот, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳифзи ҷомеа аз мафкураҳои экстремистӣ, хурофоту бегонапарастӣ, дастгирии қишрҳои ниёзманд, тарбияи маънавӣ, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, эътимоду боварӣ ба ояндаи дурахшони кишвар дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Даҳум, Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми сокинони кишварро барои вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ, баланд бардоштани руҳияи миллӣ, ҳувияи миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, корҳои хайру савоб ва масъулиятшиносӣ даъват намуда, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳӣ» эълон намуданд.
Шавкат ШАРИФОВ,
Иброҳим ҶАББОРЗОДА,

устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий