Миллати тоҷик бо илму фалсафа, ҳикмату мантиқ, фарҳангу санъат ва дигар суннатҳои волои миллии худ аз қадим шуҳраи офоқ гардида буд.
Миллати тоҷик дар дарозои таърих нобиғаҳоеро тарбия карда ба воя расонид, ки онҳо бо илму дониши худ аҳли Замину замонро ҳайратзада мекунанд. Дар ин даврони сарнавиштсоз рӯ овардан ба фарҳанги маънавии ниёгон аҳаммияти беш аз пеши назариявию амалӣ пайдо менамояд. Дар ин матлаб оид ба якчанд донишмандони гузаштаи миллати тоҷик маълумоти мухтасар пешниҳод мекунем.
Муҳаммади Хоразмӣ аз намоёнтарин донишмандони табиатшиноси форсу тоҷик буда, бунёдгузори риёзиёти Хилофати Араб ва системаи ҳисоби даҳӣ мебошад. Маҳз тавассути осори Хоразмӣ системаи ҳисоби нуҳрақама дар алгебра роиҷ гардида, худи вожаи алгебра аз номи асари ӯ «Китоб-ул-ҷабр ва л-муқобала» ва мафҳуми алгоритм, ки аз истилоҳҳои асосии ҳисоббарорист, аз шакли лотинишудаи номи ин олими тоҷик гирифта шудааст. Хоразмӣ ҷадвали пурраи тригонометриро коркард кардааст, ки дар он функсияҳои синус, косинус, тангенс ва котангенс инъикос ёфтаанд. Дар асрҳои XII ва XIII дар асоси китобҳои Хоразмӣ корҳои лотинии «Carmen de Algorismo» (Александр аз Вилдё) ва «Algorismus vulgaris» (Иоанн Сакробоско) навишта шудаанд. То асри XVI тарҷумаи китобҳои ӯ доир ба арифметика дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ ҳамчун китобҳои асосӣ доир ба математика ба ҳисоб мерафтанд.
Аҳмади Фарғонӣ аз мунаҷҷимон, риёзидонон ва ҷуғрофидонони аввалини тоҷик буда, яке аз нахустустурлобҳоро (дастгоҳ барои муайян кардани ҷойгиршавии ҷирмҳои кайҳонӣ ва масофаи байни онҳо) сохт ва кусуфу мавҷудияти додҳоро дар Офтоб пешгӯӣ кард. Ӯ курашакл будани Заминро собит намуда, ба 7 минтақаи иқлимӣ тақсим шудани сатҳи онро аз Шарқ ба Ғарб бо координатаҳои дақиқ нишон додааст. Ҳамчунин, бо номи «миқёси ҷадид» асбобе сохтааст, ки онро барои чен кардани оби дарёи Нил истифода мекарданд ва он имрӯз бо номи «нилометр» маълум аст. Фарғонӣ ахтарёберо сохтааст, ки ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ ва масофаи байни онҳоро муайян мекардааст. Дар бораи дастгоҳи мазкур рисолаи илмӣ навишта, соли 861 дар ҷазираи Рауди наздикии Қоҳира нилометрро барқарор кардааст. Асбоби мазкур барои ҳисоби гуногунобии дарёи Нил ва пешгӯии обхезӣ дар замони сохтмони дарғоти Асуан истифода бурда шудааст, ки то имрӯз шуҳрати худро гум накардааст ва яке аз ёдгориҳои пойтахти Миср ба ҳисоб меравад. Ӯ илман исбот намудааст, ки Замин курашакл аст, дарозтарин ва кӯтоҳтарин рӯзи сол (22 июн ва 23 декабр)-ро бо роҳи ҳалли математикӣ ва доғҳои рӯйи офтобро исбот намуда, гирифти офтоби соли 832-ро пешгӯӣ кардааст
Закариёи Розӣ аз мутафаккирони камшуморест, ки дар донистани тамоми илмҳои замон, бештар аз ҳама доир ба улуми табиатшиносӣ, махсусан, тиб ва кимиё дасти қавӣ дошт ва дар Аврупо бо номҳои «Abubater» ё «Razes» маълум аст. Розӣ аввалин донишмандест, ки оид ба илми кимиё нахустин озмоишгоҳро таъсис дод, ҳамчунин, дар бораи тибби амалию назарӣ ва сохтани шифохонаҳо саҳми бузург дошт. Бинобар ин, бо тахаллуси «табиби мористонӣ» (талафузи арабии «бемористон») маъруф аст. Ӯ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона, қисмати бештари онҳо несту нобуд гардида, имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондааст, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Осори Закариёи Розӣ аз 164 то 234 номгӯй асари хурду калонро ташкил медиҳад. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисоларо дар бар мегирад. Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китоб-ул-ҳовӣ» ва «Китобут-тиб-ул-Мансурӣ» дохил мешавад. Китоби якуми номбаршуда аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тибби назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ ва таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китоб-ул-чадори вал хасба» (китоби нағзак ва сурхак) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст.
Абумаҳмуди Хуҷандӣ аз ихтироъкорон, мунаҷҷимон ва риёзидони номвари тоҷик аст, ки ба навиштаи аллома Берунӣ, дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар асбобҳои нуҷумӣ фарди фавқулода ва ягонаи замон будааст. Маҳз бо асбоби сохтаи худ бори аввал қимати майли мадори (эклиптика) Офтобро 23°32’21 муайян кард, ки ин бузургӣ аз рӯйи формулаи астрономи амрикоӣ Саймон Нюком 23°34’13 аст. Дар баробари нуҷум, дар риёзӣ низ дасти қавӣ дошта, теоремаи машҳури математикаи муосирро, ки бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ӯ Абумаҳмуди Хуҷандӣ ибтидо гузошта буд. Ҳамчунин, дар илми мусалласот (тригонометрия) теоремаи синусиро барои секунҷаи сферавӣ исбот кард, ки он ба ҳалли бархе масоили астрономияи сферавӣ ибтидо гузошт.
Абурайҳони Берунӣ аз намоёнтарин мутафаккиру донишмандони тоҷик буда, оид ба ҳама илмҳои замон, махсусан, улуми табиатшиносӣ дониши мукаммал доштааст. Далели ин гуфта он аст, ки Берунӣ қариб дар ҳама соҳаҳои илм асар эҷод карда, ё назари илмиву фалсафии худро ба ину он масъала мушаххас баён намудааст ва ақоиди илмию фалсафиаш бештар ҷанбаи табиатшиносӣ, яъне, назароти натурфалсафӣ доштааст. Ӯ бисёр масоили физикию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла, масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ҳоказоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба андешаи Берунӣ, манбаи асосии муваффақияти илм танҳо дар асоси таҷрибаю мушоҳида ба даст меояд ва ҳамин аст, ки бо хидматҳои илмию эҷодӣ фарҳанги миллати тоҷикро машҳури ҷаҳон гардонид.
Абуалӣ ибни Сино машҳуртарин олим, табиб, шоир ва донишманди тоҷик дар арсаи ҷаҳон. Ҳарчанд ҷаҳонбинии Пури Сино идеалистӣ бошад ҳам, назарияи маърифатии ӯ тамоюли материалистӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ин нобиға дар рушди қисми зиёди илмҳои замонаш саҳми бузург гузошта, аз ҷумла, барои пешрафти ул-улуми дорушиносию дорусозӣ беш аз 811 навъ доруҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданиро тавсиф додааст, ки 70 навъи доруҳои ихтироъкардааш то ба имрӯз ҳам дар тибби ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Саҳми Пури Сино, махсусан, дар рушди илми тиб бағоят бузург буда, шуҳрати ӯ то ҷое расидааст, ки дар як китоби дарсӣ (соли 1471) мураттиб ба Гиппократ ҳамагӣ 150 бор, ба Ҷолинус 500 ва ба Пури Сино 3000 дафъа муроҷиат кардааст. Ва ё олим Фарарри де Гардо (соли 1469) дар шарҳи «Китоби ҷадиди Мансурӣ»-и Закариёи Розӣ аз Буқрот 150 маротиба, аз Розӣ ва Ҷолинус 500 борӣ ва аз Сино беш аз 3000 маротиба ном бурдааст. Ҳамин тавр, Пури Сино дар умри кӯтоҳи худ беш аз 480 асар эҷод карда, дар аксар бахшҳои илм хизмати ҷаҳонӣ анҷом дод ва арҷгузории оламиён ба ин фарзанди фарзонаи миллат боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷик аст.
Умари Хайём дар таърихи илму адаби тоҷику форс ва ҷаҳон чун муаллифи рубоиҳои иҷтимоиву фалсафӣ машҳур аст. Мавзуи шеърҳои ӯ ҷуз васфи таззоди неку бад, ки муаммои назми классикии ҷаҳонист, тасвири таносуби озодии ирода ва тақдири инсон, ки барои инсон дар ҳама давру замон аз озодии ирода муҳим мебошад. Дар баробари ин, Хайём дар риёзиёт, нуҷум, ҳандаса ва ғайра дасти тавоно дошта, нақши ӯ дар ҳалли муодилоти дараҷаи сеюм ва мутолиоташ дар бораи асли панҷуми Уқлидус, номашро ба унвони риёзидоне барҷаста дар тарихи илм сабт кардааст. Тақвиме, ки Хайём дар заминаи ҳисобҳои риёзӣ ва мушоҳидоти нуҷумӣ мураттаб сохтааст, бо саҳеҳию дақиқии худ аз дигар тақвимҳо ба куллӣ фарқ мекунад ва дар давоми 4500 сол фақат як шабонарӯз тасҳеҳ металабад. Ҳамчунин, аз Хайём рисолаҳое хурд, вале арзишманде дар бахшҳои механика, гидростатика, ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст.
Насириддини Тӯсӣ аз симоҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ва ифтихори халқи тоҷик буда, саромади мутафаккирони асри ХIII ба ҳисоб меравад. Ӯ бори аввал дар таърихи илми риёзӣ ададҳои мусбату манфиро дар асари худ «Шакл-ул-қита» пешниҳод кард, ки аврупоиён онро пас аз 400 сол кашф карданд. Тӯсӣ аввалин донишмандест, ки назарияи куравии ҳамвории чортарафа ва секунҷаи куравии қутбиро пешниҳод намудааст. Хидматҳои ӯ оид ба хатҳои мусовӣ тригонометрияро ба илми мустақил табдил дода, барои геометряи ғайриэвклидӣ замина фароҳам оварданд. Дастовардҳои Тӯсӣ доир ба шаклу андозаи Замин, ҳисоб кардани нуқтаи эътидоли баҳорию тирамоҳӣ, чен намудани кунҷи моили эклиптика ва экватор барои илм таҳкурсӣ гардиданд. Яке аз дастоварди бузурги олим дар соҳаи нуҷум қабл аз Кеплер пешниҳод кардани амсилаи ҳаракати сайёраҳо мебошад. Дар биология бошад, Тӯсӣ яке аз аввалинҳоест, ки ғояи таҳаввулотро иброз дошт ва тибқи таълимоти ӯ дар ибтидо танҳо унсурҳои аввалия ва тадриҷан аз онҳо маъданҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одамон пайдо шуданд. Гузашта аз ин, Тӯсӣ бо гурӯҳи донишмандон дар шаҳри Марока (соли 1259) расадхонаи калонтарини даврро бунёд кард, ки дар заминаи он академияи байналмилалии олимон ташкил шуд. Дар академия беш аз 100 олими миллатҳои гуногун бо роҳбарии ӯ тадқиқот мебурданд, инчунин, беш аз 10 намуд асбобҳои дақиқсанҷ сохта шуд.
Абулвафо Бузҷонӣ яке аз беҳтарин математик ва астрономҳои асрҳои миёнаи Шарқ шинохта шудааст. Донишҳои астрономии ин олими шинохта дар пайравии олими машҳур Клавдий Птоломей таълиф гардидаанд. Дар яке аз рисолаҳои ин олими нотакрор, маълумоти пурра дар бораи нобаробарии ҳаракати Моҳ омадааст, ки баъдан аз тарафи Тихо Браге кашф шуданд. Ҳангоми мушоҳидаҳои худ дар соли 998 гирифти Моҳро ӯ аз Бағдод ва Берунии ҷавон аз Урганҷ тӯли ин шаҳрҳоро дақиқан муайян кардаанд. Ҳамчунин, Бузҷонӣ функсияҳои тригонометрии тангенс ва котангенсро ҷорӣ намуда, ҷадвали онҳоро сохтааст, қимати синуси як дараҷа (градус)-ро дақиқан исбот кардааст. Ӯ аввалин шахсе мебошад, ки формулаи синуси ду кунҷро ҷорӣ намуда, ҳамроҳи олимони дигар, ба монанди Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва Ибни Ироқӣ теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои сферикӣ исбот намудааст. Ӯ аввалин шуда исбот кард, ки дар сохтмон бо қутбнамо бо ҳалли собит ва ҳоким, шумо метавонед ҳамаи нуқтаҳоеро, ки бо қутбнамо ва ҳоким сохта мешаванд, созед.
Абдуллоҳи Марвазӣ яке аз чаҳраҳои шинохта дар илми математика ва нуҷум мебошад. Асарҳои оламшумули ин олими забардаст, қисман ҳам бошанд, то ба мо омада расидааст. Тибқи маълумоти таърихии илмҳои дақиқ, истилоҳҳои тангенс ва котангенсро аввалин маротиба дар тригонометрия Марвазӣ ворид намуда, ҷадвали ин функсияҳоро тартиб додааст. Ӯ усули муқаррарии ҳалли муодилаҳои трансентентиро, ки дар назарияи параллакс истифода мешавад, пешниҳод кардааст.
Абунаср Мансур Ироқии Ҷадӣ ситорашинос ва математики барҷастаи шогирди Абулвафо Бузҷонӣ ва дӯсти Абурайҳони Берунӣ будааст. Дар «Китоб оид ба сохтани гептагон» масъалаи сохтани гептагони муқаррариро ба ҳалли муодилаи кубӣ коҳиш додааст, пас аз он ин муодиларо бо ёрии қисматҳои конусӣ ҳал кард, ки барои он аз Умари Хайём ситоиши махсус гирифт. Ибни Ироқ дар таҳияи усулҳои тригонометрияи сферӣ саҳми назаррас гузоштааст. Вай шарҳи муфассали «Сферикӣ»-и Менелайро тартиб додааст. Дар «Китоб дар бораи теоремаҳои ҳамвор ва сферикӣ барои секунҷаҳои росткунҷа ва кунҷҳояш моил» аккордҳои дугонаеро, ки Менелай истифода мебурд, бо синусҳо иваз кард. «Китоби Азимутҳо» ва дар як қатор асарҳои дигар Ибни Ироқ далелҳои теоремаи сферавии синусҳоро овардааст, ки теоремаи Менелаусро дар чоркунҷаи мукаммал дар ҳисобҳои астрономӣ иваз кардааст. Дар «Рисола дар бораи дониш дар бораи камонҳои осмонӣ» вай секунҷаи қутбиро ҳангоми ҳисоб кардани паҳлуҳои секунҷаи сферавии додашуда бо се кунҷи он ҷорӣ кардааст. Ин усулро баъдтар Носируддини Тӯсӣ дубора такмил додааст.
Абумашҳар Муҳаммади Балхӣ яке аз машҳуртарин ситорашинос ва математики барҷастаи форсу тоҷик буда, муаллифи зичҳои «Зичи ҳазор», «Зичи пайвастшавӣ ва расиш» ва «Китоб дар бораи шаклҳои сфераҳои осмонӣ ва гуногунии зуҳуроти онҳо», «Китоб дар бораи муайян кардани вақт аз рӯйи дувоздаҳ равшанӣ» мебошад. Китоби ӯ бо номи «Муқаддима дар илм оид ба ситорагон (Kitab almudkhal alkabir ila ‘ilm ahkam annujjum»), ки соли 848 дар Бағдод навишта шудааст, дар Аврупо (солҳои 1133 ва 1140) бо номи «Introductorium in Astronmiam» ба забони лотинӣ гардонида шуда, аввалин китоби аврупоӣ дар бораи астрономия мебошад.
Абуабдуллоҳ Ҷобир Хайёни Сӯфӣ кимиёгар, табиб, дорусоз, математик ва ситорашиноси машҳури форсу тоҷик, ки дар Аврупои асрҳои миёна бо номи лотинишудаи Гебер (Geber) машҳур гаштааст. Ҷобир ба принсипҳои Евклид ва «Алмагест»-и Птолемей тафсирҳо додааст. Ӯ муаллифи «Китоб дар бораи сохти устурлоб», «Намудҳои зичҳо», «Китоб дар бораи мавқеи равшанӣ», «Китоби оинаҳо» мебошад. Ҳамчун табиби машҳур, китобҳои «Заҳрҳо ва позаҳрҳо» ва «Китоби Меҳр»-ро навиштааст. Дар байни асарҳои Ҷобир ибни Ҳайён ҷолибтарин «Китоби ҳафтод» аст, ки як навъ энсиклопедия мебошад, ки аз 70 боб дар масъалаҳои гуногуни динӣ, сиёсӣ ва табиатшиносӣ иборат аст. Дар бобҳои охирини «Китоби ҳафтод», ӯ дар бораи металлҳо ва минералҳо маълумот медиҳад.
Абузакариё Яҳёи Мосӯя табиб ва донишманди маъруфи форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун тарҷумон ва мударриси илмҳои тиббӣ шинохта шудааст. Қайд мекунанд, ки Ибни Мосӯя дар канори Даҷла маконе барои ташреҳи бӯзинагон фароҳам сохта буд. Ин далел аз он шабоҳат медиҳад, ки дар ҳамон давру замонҳо низ гузаштагони мо барои ҷарроҳӣ ва гузаронидани таҷриба аз ҳайвонҳои гуногун истифода мебурданд, махсусан, дар маймун, ки ба инсонҳо наздикӣ доранд.
Абулҳасани Табарӣ аз аввалин табибони бузурги олам дониста мешавад, ки дар радифи чаҳор табиби бузурги олами ислом қарор дорад (Закариёи Розӣ, Алӣ Аббоси Маҷусӣ ва Абуалӣ ибни Сино). Аз рӯйи баъзе маълумоти таърихӣ, Абулҳасани Табарӣ устоди Закариёи Розӣ будааст. Аз ин олими барҷаста танҳо як асари қомусӣ (энсиклопедӣ) «Фирдавсул-ҳикма»-и ӯ (соли 850) на танҳо асари тиббӣ, балки фалсафӣ, кайҳоншиносӣ, ҳайвоншиносӣ, оламшиносӣ, равоншиносӣ, мантиқӣ ва математикӣ мебошад.
Абумансури Азҳарӣ маъруф бо тахаллуси Муваффақи Ҳиравӣ аст. Табиб ва дорушиноси маъруфтарини аҳди сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ зиёда 595 намуди доруро бар ҷадвале кашид ва дар он дараҷаи таъсирнокии онҳоро муайян намудааст. Аввалин нафаре мебошад, ки китоби тиббии бо забони форсии дариро бо номи «Алабнияан ҳақоиқул-адвия» навиштааст. Дар китоби номбурда олим аз натиҷаи сафарҳои чандинсолаи хеш ба кишварҳои гуногун маводро гирдоварӣ намудааст. Ин китоби номбурда дар аксар кишварҳои асримиёнагӣ истифода шудааст.
Абумансури Қамарӣ бо тахаллуси Мансури Бухороӣ машҳур гаштааст, аз ҷумлаи бузургтарин уламои илми тиб дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Аз рӯйи маълумоти таърихӣ, ин нобиғаи халқи тоҷик ҳамзамони Закариёи Розӣ ва устоди Шайхурраис Ибни Сино маҳсуб меёбад. Таъсири назариявӣ ва амалии илмиаш ба уламои тиб дар қуруни вусто бузург аст. Китобҳои арзишманде, ба монанди «Китоб илалул-алил», «Мачӯаи кабир дар адавияи муфрада», «Муолиҷоти Мансурӣ» (маъруф бо номи «Тибби Мансурӣ»), «Рисола дар илоҷи амрози садр», «Мақола дар марази истисқо», «Китоби ғино ва муно» таълиф кардааст.
Абубакр Муҳаммади Караҷӣ яке аз риёзидонони маъруфи форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар риёзиёте, ки барои мутахассисин навишта буд, дар пайравии Диофант рафта, дар борабари ин, ба ҳалли муодилаҳо муваффақиятҳои бузург ба даст оварда, натиҷаҳои аҷиби ададҳои ғайриқиёсӣ (ирратсионалӣ)-ро ба миён гузоштааст. Вай ба илми ҳисоби ҳиндуҳо начандон эътимод дошт. Найри Нурӣ қайд мекунад, ки Фибоначчи кашфиёт ва масоили матруҳиву ҳалшуда тавассути Караҷиро ба худ нисбат додааст. Ба ҳар сурат, имрӯз низ ӯ дар қатори беҳтарин риёзидонҳои олам машҳур аст.
Абуҳасан Аҳмади Насавӣ яке аз риёзидони маъруфи форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Усули содатарини аз решаи квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳоро пешниҳод кардааст, ки математикони машҳури аврупоӣ П. Руфини (1804) ва У. Горнер (1819) онро такмил додаанд. Китоби машҳури ӯ «Алмиқнаъ филҳисобил ҳиндӣ» ба забони форсӣ таълиф шуда, баъдан ба забони арабӣ тарҷума шудааст. Дар китоб оид ба амалҳо бо ададҳои бутун, касрӣ, касрҳои омехта ва шастӣ сухан меравад. Ба асарҳои чандин олимони машҳури юнонӣ шарҳҳо навиштааст. Яке аз олимони дарбори Дайламиён буд.
Асируддини Самарқандӣ яке аз риёзидони машҳури замони худ будааст. Ӯ аввалин шахсест, ки илми риёзиро ба чор шоха ҷудо намуда, чунин номгузорӣ кардааст: ҳандаса (геометрия), ҳисоб, мусиқӣ ва ҳайат. Аз рӯйи маълумоти таърихӣ, ӯ ҳамроҳи Насируддини Тусӣ дар расадхонаи Мароға фаъолияти илмӣ доштааст. Мутаасифона, то замони мо қисман ду китоби ин олими бузург – «Ислоҳи ҳандасаи Уқлидус» ва «Ҳидоят-ул-ҳикма» омада расидааст.
Салоҳиддин Мӯсои Маҳмуд машҳур бо тахаллуси Қозизодаи Румӣ, ихтирооту навигариҳои зиёде дар расад ва илми риёзӣ кардааст. Аз ҷумла, яке аз услубҳои махсуси муайян кардани синуси 10-ро ихтироъ кардааст. Аз ӯ осори зиёде доир ба илми риёзиёт боқӣ мондааст: «Дар баёни истихроҷи ҷайби як дараҷа», «Рисолаи ҳайат валҳандаса», «Шарҳи тазкира», «Рисола дар рубъи ҷайб», «Шарҳи «Ашколуттаъсис»» (шарҳи мукаммал ба китоби Муҳаммад ибни Шамсуддин Ашрафи Самарқандӣ аст, ки дар он 53 шакли ҳандасаи Уқлидус оварда шудааст), «Шарҳи «Мухаллас фил-ҳайат Ҷағминӣ», «Шарҳи «Таҳрир-ул-Миҷастӣ»» (шарҳи мукаммали рисолаи Насируддини Тӯсӣ), «Ал-Миҷастии Балтимус», «Рисолаи ҳисоб», «Рисола фи самтилқибла», «Шарҳи «Ҳикмат-ул-айн»», «Дастурамал ва тасҳеҳи ҷадвал» ва ғайра.
Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ бо номи тахаллуси Ҷамшеди Кошонӣ машҳур буда, мунаҷҷим ва риёзидони машҳури аҳди Темуриён яке аз ситораҳои тобнок дар таърихи илми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар тараққиёти илми нуҷум, махсусан, ҳисоб дар ҷаҳон саҳми босазо гузоштааст. Ӯро дар Самарқанд «Батлимус» мегуфтанд. «Мифто-ҳул-ҳисоб»-и ӯ қомуси риёзии асри XV ба ҳисоб меравад, ки борҳо ба забонҳои лотинӣ тарҷума шудааст (аз ҷумла, бо забони русӣ). Осори риёзии ин мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик чунин аст: «Рисола фӣ истихроҷи ҷайби дараҷаи воҳидати аъло қавоиди ҳандасия», «Нузҳат-ул-ҳадоиқ», «Рисола фи маърифати самъилқибла мин доиратин ҳандасия», «Мифтоҳул-асбоб фи илмиззиҷ», «Рисола дар ҳайат», «Мухтасар дар илми ҳайат», «Аррисолатул-камолия», «Натоиҷул-ҳақоиқ», «Мифтоҳул-ҳисоб» (дар панҷ ҷилд) ва ғайра.
Аҳмад Махдуми Дониш яке аз аввалин маорифпарварони Осиёи Марказӣ ва машҳуртарин шахсияти Осиёи Марказӣ буда, аз худ мероси адабӣ ва илмии гаронбаҳоне ба мерос гузоштааст, аз ҷумла, асарҳои «Манозирул-қавокиб», «Рисола фи аъмолилқурра», «Таодули хамсаи муттаҳайира». Ӯ дар мадраса мустақилона фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиёти гузаштаи хешро омӯхтааст. Дар дарбори амир ҳамчун хаттот ва наққош кор кардааст. Солҳои 1870-1873 рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ҳамчун барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ дар аморат навишт. Аҳмади Дониш ҷорӣ намудани вазоратҳо ва маҷлиси машваратӣ, маҳдудияти ҳуқуқи амир дар асоси сарқонун ва муносибати давлатдоронро бо халқ батафсил баён намудааст. Вай дар бораи подшоҳи одил ва адолатхоҳ андешаронӣ ва шартҳои онро пешниҳод кардааст.
Халифа Ҳасани Рашт яке аз машҳуртарин олимон ва аввалин обёрикунандаи тоҷик мебошад, ки 163 сол умр дидааст. Соли 1739 бо дӯсти тотораш Муҳаммад Солеҳ ба воситаи Қафқоз ба шаҳри Астрахан рафта, дар ободонӣ ва обшор намудани соҳилҳои дарёи Волга саҳми арзанда гузоштааст. Соли 1743 андешаҳои мелиоратсионии худро дар шаҳрҳои Қазон ва Самара амалӣ менамояд. Соли 1749 ба Лоҳур (Покистон) рафта, дар онҷо муддати 3,5 сол ба корҳои илмӣ-тиббӣ ва тӯли 11 сол дар манотиқи гуногуни Покистон ва Ҳиндустон корҳои обёрикуниро ривоҷ медиҳад. Соли 1758 ба Ватан баргашта, корҳои мелиоратсиониро давом дода (зери роҳбарии ӯ аз деҳаи Фатҳобод то деҳаи Мазори Шинг ба масофаи 6,5 км наҳр канда мешавад, ки ҳаҷми обкашии он 2,5 м3/сония мебошад), нақши хешро дар пешрафти таърихи мелиоратсияи тоҷик гузоштааст. Дар ин муддат зери роҳбарии ӯ якчанд лоиҳаи обёрии сунъӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, наҳрҳои Дараи Нушор бо дарозии 10,4 км ва ҳаҷми обкашии 2,0 м3/сония буда, беш аз 3,5 ҳазор гектар заминро обёрӣ менамояд ва деҳаи Зебон (дарёи Моғиён), ки дарозии он 45 км ва ҳаҷми обкашияш 10 м3/сония мебошад. Соли 1797 канали Дашти Чӯпонро канда, муддати шаш сол дар шаҳри Самарқанд ва се сол дар шаҳри Қӯқанд зиндагӣ намуда, чандин корезҳоро ба истифода додааст. Соли 1802 дар синни 100-солагӣ ба шаҳри Панҷакент омада, то охири умр дар ин ҷо фаъолият намудааст.
Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ илмҳои кайҳоншиносӣ, география, заминшиносӣ ва мелиоратсияро хуб аз худ кардааст. Ӯ барои обёрӣ кардани заминҳои бекорхобидаи Хуҷанд, атрофи он ва рӯёнидани ҳосили баланд, инчунин, барои тайёр кардани пилла ҳамчун ашёи хом барои Россия ва сохтани глобуси дақиқтарини онвақта соҳиби се ҷоизаи гуногуни илмии Россияи подшоҳӣ гаштааст. Ҳоҷӣ Юсуф соли 1896 дар экспедитсияи олимони Петербург ва Маскав ба шимоли Тоҷикистони имрӯзаро роҳбарӣ кардааст. Инчунин, соли 1920 барои ба роҳ мондани системаи обёрии заминҳои хушки уезди Хуҷанд, корези «Хоҷақурғон» саҳми худро гузоштааст. Вай бо олимон, адибон ва сайёҳони Хуҷанд ҳамкорӣ карда, китобу харитаи олимони гуногунро бо шавқи зиёд мутолиаву таҳлил намуда, нақшаҳо мекашид. Ҳоҷӣ Юсуф дар соҳаҳои нуҷум, география, геология, кӯҳшиносӣ, гидрология ва кишоварзӣ дониши мукаммале дошт, ки подшоҳи Россия ӯро ба наздаш даъват ва фаъолияти илмиашро бо медалу ҳуҷҷати муаллифӣ қадр кардааст.
Номвар ҚУРБОН,
номзади илмҳои техникӣ













