Офарандагон ва тарғибгарони зебоӣ

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мутахассисонро дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар дараҷаи бакалавр, магистр ва докторҳо тайёр менамояд, ки он соли 2013 таъсис дода шудааст. Муассиса дар бинои собиқ Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Биноӣ, дар гулгашти рӯ ба рӯйи муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ ҷойгир аст. Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз фаъолияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ин даргоҳ омадем.

Ректори донишкада, номзади илми меъморӣ Сироҷиддин Ҷӯрахонзода моро хуш пазируфт ва иттилоъ дод, ки тӯли фаъолияти начандон зиёд муассиса тавонист, ҳунару маҳорати баланди санъати тасвирӣ, ҳунармандӣ ва тамаддуни волои тоҷикро дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Айни замон донишкада дорои се факултет, ҳашт кафедра, шуъбаҳои таълим, илм ва корҳои эҷодӣ, методӣ, тайёрӣ, бахши магистратура ва аспирантура, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ мебошад.
Дар донишкада мутахассисони риштаҳои зинданигорӣ, ҳайкалтарошӣ, коркарди бадеии чӯб, санъати ороиши амалӣ, кулолгарии бадеӣ, заргарии бадеӣ ва тарроҳии либос ва матоъ омода карда мешаванд.
– Шогирдону устодони муассисаи таълимии мо дар аксар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъолона доранд. Масалан, моҳи марти соли ҷорӣ,-гуфт С. Ҷӯрахонзода, – як гурӯҳ шогирдон дар нахустин Бозиҳои Делфии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар ин бозиҳо беш аз панҷсад нафар ҳунарманди ҷавон аз кишварҳои узви СҲШ аз рӯйи ёздаҳ номинатсияи фарҳангию ҳунарӣ рақобат намуданд. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси дизайн (костюм ва газвор) Малика Расулӣ дар номинатсияи санъати тас­вирӣ соҳиби медали тилло гардид. Ҳамзамон, омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Шаҳноза Гулмадова аз рӯйи равияи ҳунарҳои халқӣ ва бадеӣ сазовори медали биринҷӣ шуд.
***
Баъдан бо машғулияти донишҷӯён ва устодони онҳо аз наздик шинос шудем. Сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Шаҳноз Сайфуллоева ҳангоми иштирок дар машғулиятҳо моро ҳамроҳӣ кард.
Ба ҳуҷраи дӯзандагӣ ворид гардидем. Донишҷӯдухтарон, таҳти роҳбарии омӯзгор Маҳфуза Алимардонова, ба нақшакашиву буридан, андозагирии матоъ ва дӯхтани либосҳои гуногун машғул буданд. Омӯзгор ба фаъолияти духтарон назорат карда, ба ҳар кадом барои беҳтар дӯхтани либос, андозагирӣ, шакл ва нақшдӯзӣ, интихоби матоъ маслиҳатҳои муфид медод.
– Соли чордаҳум аст, ки курси «Дӯзандагӣ» фаъолият мекунад. Толибилмон ва хоҳишмандони берунаро низ қабул намуда, ба тариқи шарт­нома ҳунар меомӯзонем. Дар ҳар як курс 10-15 нафар фаро гирифта мешаванд. Тавассути воситаҳои электронии ахбор ва шабакаҳои телевизионӣ таблиғ намуда, курсҳоро ба муддати муайян созмон медиҳем ва аз маблағи бадастомада воситаҳои дӯхтану матоъ, рангу риштаҳоро харидорӣ менамоем,-мегӯяд М. Алимардонова.
Курси дӯзандагӣ се моҳ идома ёфта, духтарон соҳиби касбу ҳунар ва сертификат мегарданд.
– Курси «Дӯзандагӣ» дар назди кафедраи тарҳрезии бадеии либос ташкил шудааст,- иттилоъ дод зимни суҳбат мудири кафедраи мазкур Маргарита Сотникова. Вай гуфт, хатмкардаи Институти бофандагии шаҳри Ивановои ба номи Михаил Фрунзеи Федератсияи Россия буда, ихтисоси муҳандис-технологро дорад. Мақолаҳои зиёди илмиаш ба чоп расида, дастури таълимие ҳам бо номи «Истеҳсолоти дӯзандагӣ» дорад, ки ҳангоми кор духтарон – донишҷӯён аз он истифода мебаранд.
– Тавассути телевизионҳо ва интернет зиёд мушоҳида мекунам, ки либосҳои миллии чакан, атласу адрас зиёд тарғиб мегарданд. Ин иқдоми хеле хуб аст. Тарғиби либоси миллӣ ба ман писанд аст. Охир, ҳар кишвар бояд соҳиби либоси миллии худ бошад ва ҳатман аз рӯйи тамаддун ва тарзи либоспӯшӣ дигарон бояд миллати моро шиносанд,-ақида дорад М. Сотникова. – Барои ҳамин, тасмим гириф­тем, ки минбаъд ба духтарон тарроҳӣ кардан ва дӯхтани либосҳои миллиро омӯзонем.
Дар суҳбат бо мудири кафедраи санъатшиносӣ, номзади илми таърих Бика Ёғибекова маълум гардид, ки кафедра соли 2019 ташкил ёфта, айни замон дар он дувоздаҳ нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. Маҳфили «Дунёи санъат» созмон дода шудааст, ки шогирдону устодони кафедра доир ба фаъолияти рассомони миллӣ, русу аврупоӣ ва умуман, ҷаҳон шинос гардида, маълумоти фаровон мегиранд.
Донишкада имрӯз 1200 донишҷӯ дорад. Таҳсил ба таври шартнома ва ҳам буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин теъдод 50 фисади донишҷӯён ғоибхонанд. Ба онҳое, ки ба хобгоҳ эҳтиёҷ доранд, (барои 600 нафар) шароити будубош фароҳам оварда шудааст.
Ҳангоми машғулияти донишҷӯён бо як иддае аз онҳо суҳбат намудем. Манучеҳр Боймуродов дар курси якуми факултети санъати тасвирӣ мехонад. Вай нақл кард, ки тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бо супоридани имтиҳони эҷодӣ ба донишкада дохил гардидааст. Хатмкардаи МТМУ №11-и ноҳияи Шаҳринав аст. Бародараш Беҳрӯз низ ҳамин соҳаро хатм кардааст.
– Ҳангоме ки дар синфи ҳафтум мехондам,-мегӯяд Манучеҳр,-ба тасвирҳои кашидаи бародарам зеҳн мемондам ва тадриҷан меҳрам ба касби интихобкардааш зиёд гардид. Мехоҳам баъди хатми мактаби олӣ омӯзгори расм ва нақшакашӣ шаваму ба шогирдони ояндаам сеҳри касбамро омӯзонам. Шикебо Шукурова низ пас аз хатми МТМУ №42-и ноҳияи Айнӣ ба ин даргоҳ дохил шуда, баъд аз супоридани имтиҳон донишҷӯ шуд.
Ба гуфти ӯ апааш – Лайло низ хатмкардаи ҳамин донишкада аст ва меҳри расмкаширо ӯ дар дилаш парваридааст. Дугонаи ӯ Фарзона Идиева мегӯяд, дар ҳақиқат, агар аз хурдӣ завқ набошад, ба мақсад расидан душвор аст. Баъзе расму портретҳоро такрор ба такрор бояд тасвир кард. Аз ин рӯ, дар кори мо саб­ру тоқат доштан муҳим аст. Ҳамсабақи онҳо Муҳаммад Соҳибов худро сокини ноҳияи Мастчоҳ муаррифӣ намуд ва тасдиқ кард, ки ҳунари расмкашиву манзараофарӣ бояд дар кӯдакӣ ташаккул ёбад. Муҳаммад мехоҳад, ки пас аз хатми донишкада омӯзгори санъати тасвирӣ ё нақшакашӣ шавад. Донишҷӯи курси 3 Фарангис Саидова зикр намуд, ки бисёриҳо ба дарсҳои расмкашию нақшакашӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, ҳол он ки хеле муҳим буда, дар ҳаёти ҳамарӯза ба кор меоянд. Ман низ мехоҳам, ки омӯзгори ин фанҳо шаваму нозукиҳои касбамро ба шогирдон омӯзонам.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар донишкада ҳашт кафедра – забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, санъатшиносӣ, графика ва миниатюраи ба номи Ф. Хоҷаев, мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, ороиши амалӣ ва монументалӣ, технологияи иттилоотӣ ва иқтисод, дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов, тарҳрезии бадеии либос мавҷуд аст.
– Дар назди ҳар кафедра маҳфилҳо амал мекунанд. Аз ҷумла, дар назди кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ панҷ маҳфил мавҷуд аст, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 15 маҳфил баргузор гардид,-гуфт омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, сардори шуъбаи таълим Тошмаҳмад Пиров.
Яке аз роҳҳои ҷалби донишҷӯён ва сайқал додани касби онҳо дар ин муассисаи таълимӣ вобаста ба ихтисоси интихобкардаашон муҳайё бу­дани дастурҳои таълимист. Чунонки мудири китобхона Умед Одинабеков иброз дошт, дар назди китобхона низ маҳфили «Дӯстдорони китоб» амал мекунад. Мудир ва ду китобдори дигар – Муҳаббат Шарифова ва Беҳрӯз Шарифов дар хидмати устодо­ну шогирдони донишкадаанд. Масалан, дар се моҳи сипаригардида ду маҳфил баргузор гардид. Ҳоло китобхонаи донишкада дорои 12 122 дона китоб ва 6700 китоби электронист. Мутаассифона, китобҳо аксаран бо забони русианд. Тарҷумаи се дастур доир ба либосдӯзӣ, композитсия ва наққошӣ ба нақша гирифта шудааст.
– Дар баробари дигар корҳо тайёр намудани кормандони илмӣ-педагогӣ низ ба эътибор гирифта мешавад,-мегӯяд сардори шуъбаи таълим Ш. Сайфуллоева. – Айни замон дар донишкада ҳашт унвонҷӯ ва ҳашт доктори фалсафа, (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос ба ҷустуҷӯҳои илмӣ машғуланд.
Бо мудири бахши хоҷагӣ Баҳром Сафаралиев аксари устохонаҳо, лабораторияҳои эҷодии муассисаро аз назар гузаронда, мутмаин шудем, ки фазои ором ва хеле илҳомовари донишкада асоси пешрафту барори кори эҷодии омӯзгорону донишҷӯёни муассиса аст.
Дарвоқеъ, соҳибкасб будани шахс омили на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, балки боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва боиси обрӯву эътибори махсус пайдо намудани ӯ дар байни ҷомеа мегардад.
Ҳотам ҲОМИДЗОДА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий