Дар ҷаҳони муосир техникаву технология бо суръат рушд ёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор гирифтааст. Яке аз муҳимтарин дастовардҳо, ки рушди технологияҳоро ба марҳалаи нав ворид намуда, дар соҳаҳои иттилоот, коммуникатсия, иқтисодиёт, тиб, маориф, низоми ҳарбӣ ва ғайра васеъ татбиқ мегардад, зеҳни сунъӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence – AI) маҷмуи технологияҳо ва барномаҳоест, ки ба компютерҳо ва низомҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки мисли инсон омӯзанд, таҳлил ва муқоиса намоянд ва дар баъзе ҳолатҳо қарор қабул кунанд. Ин технология қодир аст, ки матнро хондаю таҳлил намояд, сурату овозро шиносад, ба саволҳо ҷавоб диҳад, қонунияту хаторо дар додаҳо муайян, пешгӯӣ ва ҳамчун тавсия пешниҳод созад.
Имрӯз зеҳни сунъӣ ба соҳаи маориф низ таъсири амиқ дошта, дар раванди таълим дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Ин омил, аз як ҷониб, раванди таълимро осону самаранок мегардонад, аз ҷониби дигар, воридшавӣ ба фазои технологияи навинро таъмин менамояд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаи татбиқи зеҳни сунъиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба миён гузошта, омӯзиши фарогири онро амри ногузир арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дар дигар мактабҳои олии кишвар ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» таъсис дода шуд, ки мутахассисони ин соҳаро омода мекунанд. Тағйироту таҳаввулоти босуръате, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ба амал меоянд, моро водор месозанд, ки ба омӯзиши зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем ва аз зинаҳои аввали таҳсил истифодаи самараноки технологияҳои рақамиро ба хонандагон омӯзонем. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.12.2025) таъкид карданд: «Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем».
Мусаллам аст, ки роҳандозии ихтисоси мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ натиҷаҳои мусбат ба бор оварда, тадриҷан мутахассисони варзида дар ин самт омода мегарданд. Бо вуҷуди ин, дар баробари тайёр намудани мутахассисон дар зинаи таҳсилоти олӣ, зарурати ҷорӣ намудани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба миён омадааст.
Бояд қайд кард, ки соли равон нахустин донишҷӯёни ихтисоси зеҳни сунъӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба итмом мерасонанд. Дар ин хусус Абдуназар Ғуломсафдаров — мудири кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъии донишгоҳи мазкур иброз дошт, ки донишҷӯён дар ҷараёни таҳсил як қатор барномаҳои муосирро бар пояи зеҳни сунъӣ таҳия намудаанд, ки фаъолияти инсонро осон мегардонанд. Ҳадафи асосии татбиқи зеҳни сунъӣ, осон намудани фаъолияти инсон, рушди бемайлони технологияҳои коммуникатсионӣ, платформаҳои иттилоотӣ ва густариши рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки марҳала ба марҳала аз зинаҳои аввали таҳсил саводи рақамии насли наврасу ҷавон баланд бардошта шуда, таълими зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун қадами устувор барои мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир роҳандозӣ гардад. Истифодаи мақсадноки платформаҳои зеҳни сунъӣ ба омӯзгорону хонандагон имкон медиҳад, ки дониши амалии худро такмил бахшанд, қобилияти таҳлилӣ ва тафаккури интиқодиро рушд дода, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо пайдо намоянд.
Мусаллам аст, ки дар сурати истифодаи ғайримақсаднок зеҳни сунъӣ метавонад қобилияти фикрронию эҷодии хонандагону донишҷӯёнро заиф гардонад, ки ин боиси паёмадҳои манфӣ шавад.
Дар ин маврид Абдушафеъ Азимбоев — дотсенти кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъкид дошт, ки зеҳни сунъӣ воситаи муфид буда, иҷрои фаъолиятро осон месозад, вақтро сарфа менамояд ва имкон медиҳад, ки маълумоти мушаххасро зуд пайдо намоем, аммо он бояд мақсаднок сурат гирад. Масалан, имрӯз баъзе хонандагон мисолҳои фанҳои дақиқро бо ёрии барномаҳои зеҳни сунъӣ ҳал намуда, танҳо ҷавоби ниҳоиро менависанд, вале роҳи ҳал ва мантиқи иҷрои онро намедонанд, ки ин аз истифодаи ғайримақсадноки зеҳни сунъӣ дар таълим шаҳодат медиҳад.
Ҳангоми ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар раванди таълим бояд ба назар гирифт, ки яке аз вижагиҳои муҳимми он қобилияти мутобиқ шудан ба сатҳи дониш ва эҳтиёҷоти ҳар як хонанда ба шумор меравад. Бо истифода аз чунин барномаҳо раванди таълим ҷолиб гардида, хусусияти инфиродӣ касб мекунад. Хонанда метавонад мутобиқ ба суръат ва қобилияти худ омӯзад, ки ин ба баланд гардидани сифати таълим мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, зеҳни сунъӣ метавонад омӯзгоронро аз корҳои такрорӣ ва вақтталаб, аз қабили санҷиши корҳои хаттӣ, таҳлили натиҷаҳо ва омода намудани маводи якрангу қолабӣ озод намояд. Дар чунин ҳолат омӯзгор имкон пайдо мекунад, ки диққати бештарро ба кор бо хонандагон, рушди тафаккури эҷодӣ, муошират ва тарбияи арзишҳои инсонии онҳо равона созад. Дар ин раванд зеҳни сунъӣ ҳамчун ёвари омӯзгор хидмат мекунад.
Маълум аст, ки ҳар гуна технологияи навин дар баробари манфиат ҳангоми истифодаи нодуруст метавонад ба фаъолияти зеҳнӣ ва руҳию равонии инсон таъсири манфӣ расонад. Дар ин замина Назаралӣ Салимов-дотсенти кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон зикр кард, ки зеҳни сунъӣ имрӯз барои ҳамагон дастрас мебошад. Омӯзгорон ва муҳассилин метавонанд саволҳои нофаҳмои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас дарёфт намоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҳангоми фаъолияти таълимӣ бо дарназардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва педагогӣ самаранок истифода карда шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки роҳандозии зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба таври тадриҷӣ амалӣ карда шавад, зеро ин раванд танҳо дар сурати банақшагирии дуруст метавонад самараи мусбат ба бор оварад. Зеҳни сунъӣ аллакай ба ҳаёти инсон ворид гардидааст ва дигар роҳи бозгашт вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки низоми таълим ба равандҳои нави технологӣ мутобиқ гардида, бо дарназардошти талаботи замони муосир рушд ёбад.
Мусолиҳа Насруллоева-дотсенти кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин маврид таъкид мекунад: «Зеҳни сунъӣ, пеш аз ҳама, кори омӯзгоронро осон месозад. Омӯзгор метавонад бо истифода аз он барои гузаронидани дарсҳо маводи таълимиро зуд ва босифат омода намояд. Омода кардани дарс тавассути барномаҳои маъмулӣ вақти зиёдро талаб мекунад, дар ҳоле ки барномаҳои зеҳни сунъӣ ин корро дар чанд лаҳза анҷом медиҳанд. Самаранокии таълими зеҳни сунъӣ, пеш аз ҳама, ба усулҳои омӯзиш вобаста аст. Агар ин раванд бо шеваҳои навини таълим ба роҳ монда шавад, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст хоҳанд омад».
Абдуназар Ғуломсафдаров-мудири кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба усулҳои самараноки таълими зеҳни сунъӣ чунин иброз менамояд: «Яке аз усулҳои асосии таълими зеҳни сунъӣ омӯзиши амалӣ мебошад. Хонанда бояд бишнавад, бинад, бисанҷад ва ба натиҷа бирасад. Вақте ӯ натиҷаи кори алгоритм ё барномаи одиро мустақилона мебинад, сатҳи фаҳмиши ӯ амиқтар мегардад. Усули дигари муассир, омӯзиш тавассути лоиҳаҳо буда, хонандагон ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ масъалаи мушаххасро кор карда, роҳҳои ҳалли онро меҷӯянд ва натиҷаро пешниҳод менамоянд. Ин усул дониш, малакаҳои ҳамкорӣ, масъулиятшиносӣ ва тафаккури эҷодиро рушд медиҳад. Ҳамчунин, истифодаи усулҳои интерактивӣ-муколама, саволу ҷавоб, муҳокимаи мисолҳои воқеӣ ва таҳлили масъалаҳо хонандаро аз мавқеи шунавандаи ғайрифаъол ба иштирокчии фаъоли раванди таълим табдил медиҳад, ки ба ташаккули тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунад».
Таълими зеҳни сунъӣ бояд мутобиқ ба синну сол ва зинаи таҳсил ба роҳ монда шавад. Дар зинаҳои ибтидоӣ шиносоии умумӣ бо мафҳумҳои сода, дар синфҳои болоӣ таҳлили мантиқӣ ва иҷрои масъалаҳо ва дар зинаи таҳсилоти олӣ кор бо додаҳо, моделсозӣ ва таҳқиқоти илмӣ бояд амалӣ гардад.
Абдушафеъ Азимбоев-дотсенти кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бар он назар аст, ки «бо вуҷуди имкониятҳои фаровон, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар низоми маориф муносибати ҷиддӣ ва масъулиятнокро тақозо мекунад. Истифодаи он бояд дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сурат гирад. Зеҳни сунъӣ набояд ҷойгузини тафаккури инсон гардад, балки бояд онро тақвият бахшад».
Бо вуҷуди он ки зарурати ҷорӣ намудани таълими зеҳни сунъӣ дар низоми маориф пайваста таъкид мегардад, дар ин раванд як қатор масъалаҳо ва мушкилот низ ба миён меоянд. Пеш аз ҳама, фароҳам овардани заминаи мукаммали меъёрӣ, таҳияи стандартҳо ва барномаҳои ягонаи таълимӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Айни замон ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷараён дорад ва барномаҳои таълимии онҳо дар асоси низоми таълими ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Гузашта аз ин, омода намудани мутахассисон муҳим мебошад, зеро таълими зеҳни сунъӣ омӯзгоронеро тақозо мекунад, ки на танҳо дониши фаннӣ, балки усулҳои муосири педагогӣ ва технологияҳои рақамиро низ хуб аз худ карда бошанд.
Фароҳам овардани инфрасохтори муосир ва таъмини дастрасӣ ба технологияҳо низ муҳим ба ҳисоб меравад. Дар муассисаҳои таълимӣ бояд шароити зарурӣ барои истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ муҳайё карда шавад. Суръати сусти интернет, таҷҳизоти куҳна ва норасоии захираҳои рақамӣ метавонанд ҷорӣ намудани таълими зеҳни сунъиро ба раванди нобаробарии таълим дар шаҳр ва деҳот табдил диҳанд.
Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки зеҳни сунъӣ, пеш аз ҳама, воситаи кумакрасон буда, ҷойгузини инсон намешавад, балки имкониятҳои ӯро густариш медиҳад. Аз ин рӯ, ташаккули тафаккури дуруст ва муносибати огоҳона ҳангоми истифодаи он муҳим аст.
Масъалаҳои ахлоқ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ низ набояд нодида гирифта шаванд. Истифодаи нодурусти технология, ҳифз нашудани маълумоти шахсӣ ва вобастагии аз ҳад зиёд ба низомҳои рақамӣ метавонад боиси паёмадҳои манфӣ гардад. Аз ин лиҳоз, ҳамзамон, бо ҷорӣ намудани таълими зеҳни сунъӣ, бояд меъёрҳои фарҳанги истифодаи босамар, масъулиятнок ва бехатари он ташаккул дода шаванд.
Дар робита ба дурнамои татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф Абдуназар Ғуломсафдаров чунин қайд кард: «Ҷорӣ намудани таълими зеҳни сунъӣ метавонад ба фардикунонии раванди омӯзиш мусоидат намояд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар хонанда мутобиқ ба сатҳи дониш, шавқ ва қобилияти худ имкони рушд пайдо мекунад. Барои низоми маориф ин қадами ҷиддӣ ба сӯйи шаффофияти таълим мебошад, зеро тафовути сатҳи дониш тадриҷан коҳиш ёфта, имкониятҳои баробар фароҳам меоянд. Ҳамзамон, омӯзгор нақши нав касб намуда, бештар ба роҳнамо ва таҳлилгари раванди таълим табдил меёбад. Дар ҷаҳоне, ки технология бо суръати баланд тағйир меёбад, касбҳои анъанавӣ тадриҷан шакли нав мегиранд. Таълими зеҳни сунъӣ хонандаро ба омӯзиши пайваста ва мутобиқшавӣ омода месозад. Ин сифатҳо дар асри XXI аз талаботи асосии ҷомеа ба шумор мераванд. Дар баробари ин, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф метавонад заминаи рушди илм, тадқиқот ва навовариро фароҳам оварад. Ин раванд ба баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад».
Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар раванди таълим яке аз вазифаҳои муҳим дар соҳаи маориф дар шароити муосир ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо такя ба омӯзиш, таҳлил ва баррасии таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ҷиҳати роҳандозии таълими зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадриҷан ва марҳала ба марҳала тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Ин раванд имкон медиҳад, ки насли наврасу ҷавон аз технологияҳои навин ҳар чи бештар бархӯрдор гардида, саводи рақамӣ, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти мутобиқшавии онҳо ба талаботи замони муосир рушд ёбад. Ҳамқадами замон будан заминаи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад.
Насриддин ОХУНЗОДА,
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Омӯзгор»













