Пояи давлатдории миллӣ

Дар асри XXI сарнавишти давлатҳо беш аз ҳар вақти дигар ба донишу ҷаҳонибинии инсонҳо вобаста шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои пешрафта маҳз тавассути сармоягузорӣ ба инсон ба илму маориф роҳи рушди устуворро интихоб кардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯз дар марҳалае қарор дорад, ки интихоби стратегӣ тақдири даҳсолаҳои ояндаро муайян мекунад. Дар чунин шароит Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ танҳо як санади сиёсӣ набуда, балки барномаи тафаккури давлатӣ мебошад.
Яке аз қисматҳои меҳварӣ ва калидии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалагузорӣ барои рушду пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пояи рушди ҳамаҷонибаи давлат мебошад. Дар Паём соҳаи маориф на ҳамчун бахши ҷудогонаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун асоси амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ муаррифӣ гардид. Ин равиш аз фаҳмиши амиқи он сарчашма мегирад, ки давлат бе шаҳрвандони босавод, соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии муосир наметавонад истиқлолу рақобатпазирии худро ҳифз намояд.
Дар Паём таъкид шуд, ки рушди иқтисод, саноат, илм ва технология бевосита ба сатҳи таҳсилоти ҷомеа вобаста аст. Ин ҷо сухан танҳо дар бораи аз худ кардани фанҳо намеравад, балки дар бораи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги фикрронист. Мактаби муосир бояд инсонеро тарбия кунад, ки тавонад, қарор қабул намояд, мутобиқ шавад ва дар ҷаҳони зудтағйирёбанда роҳи худро пайдо созад.
Ҷанбаи дигари муҳимми Паём баррасии соҳаи маориф ҳамчун воситаи худшиносии миллӣ мебошад. Забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ маҳз тавассути низоми таҳсилот ба насли нав интиқол меёбанд. Агар ин рисолат ноустувор шавад ва дуруст иҷро нагардад, дигар дастовардҳо наметавонанд пояи маънавии давлатро пойдор нигоҳ доранд. Аз ҳамин ҷост, ки дар Паём ба мазмуну муҳтавои барномаҳо, муҳити тарбиявии мактаб ва сифати таҳсил таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои назаррасу асосӣ дар ин самт, маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мебошад. Дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат ба он такя мекунанд, ки маблағгузорӣ бояд ба беҳтар шудани сифати таҳсил, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва такмили мазмуну муҳтавои таълим равона гардад. Маҳз бо ҳамин мазмун, Пешвои миллат таъкид доштанд: «Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Дар Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин, зарурати навсозии низоми таҳсилот дар шароити асри XXI таъкид шуд. Гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил, бозбинии стандартҳо, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ аз ҳадафу воситаҳоеанд, ки дар рушди маорифи миллӣ ва муосир саҳми устувор мегузоранд.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи маориф на танҳо таҳлили вазъ, балки даъват ба масъулияти умумимиллӣ мебошад. Дар маркази ин даъват мо-кормандони соҳаи маориф қарор дорем. Аз ин рӯ, мо бояд талош баҳри тарбияи насле кунем, ки ояндаи Ватанамонро боз ҳам ободу зебо созанду арзишҳои миллию давлатиро ҳамаҷониба ҳифз намоянд.
Ҷамшед МАҶИДЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Добавить комментарий