Мактаби устоду шогирдӣ

Ман бо онҳо ҳар субҳ дар роҳи деҳа, ҳангоми ба кор шитобиданам дучор мешавам. Шогирдони банда ҳоло омӯзгоранду ба фарзандони сокинони деҳаи Моинкаҷ сабақ меомӯзонанд. Файзиддин, Ёқуб, Амриддин, Илҳом, Зоҳир… Сари баланди падару модар, мардуми деҳ ва устодону омӯзгорон мебошанд. Ҳар гоҳ бо зарурате ба таълимгоҳ оям, бо чеҳраи шукуфон истиқболам мегиранд, гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ мекунанд. Ман низ аз кору бор, аз вазъи таълиму тарбия ва сатҳи донишу саводомӯзии шогирдони онҳо, аз дигаргунию тағйирот дар раванди таълим, муваффақияту дастовардҳои эшон сухан дар миён андохта, лаҳзае ба хаёл меравам. Онҳо солҳо қабл аз ин, яке пайи дигар ба мактаб ба кор омаданд ва дар паҳлуи мо-омӯзгорони соҳибтаҷрибаю соби­қадор, устодони хеш Р. Саидова, Л. Ҳаётова, М. Бобохонова, Н. Давлатов, Д. Раҳимов ва чанди дигар ба фаъолият машғул шуданд. Ёд дорам, ки дар танаффуси байни машғулиятҳо омӯзгорон дар масоили гуногун, аз ҷумла, тафсиру маънидоди абёти шоирони бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, моҳияти калимаҳои душвору баҳсталаб, ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доштани ин ё он калима ва амсоли инҳо баҳсу мунозираҳо мекарданд. Дар хусуси мақолаю матолиби нашргардида дар ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», осори илмию бадеие, ки дар саҳифаҳои нашрияҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ» ва «Адаб» низ ҳамвора суҳбатҳо ба амал меомаданд, ки саропо шавқовар, ҷолиб ва омӯзанда маҳсуб меёфтанд. Гоҳ-гоҳ шогирдон давраҳоеро, ки ба онҳо сабақ меомӯзондам, ба ёд оварда, пораву лаҳзаҳоеро хотиррасон мекарданд.

– Ҳангоме ки шумо ба мо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медодед, ҷиддию сахтгир ва талаботатон нисбат ба азхудкунии мавзуъҳо қатъӣ буд,-мегуфт Файзиддин Ёров ва ба суханаш идома медод:
– Махсусан, ҳангоме ки ҳифзи шеъру пораҳо аз достонҳои шоиронро супориш медодед, мо хобу хӯрро фаромӯш мекардем. Дар хотирам ҳаст, ки достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, аз ҷумла, «Рустам ва Суҳроб»-у «Кова ва Заҳҳок», достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавиро пурсидед, вале қисме аз хонандагон он пораҳоро аз ёд гуфта натавонистанд. Шумо чунин одат доштед, ки мо-хонандагонро баъд аз дарс аз қавле, «манъ» мекардед.
– То шеърҳоро аз ёд накунед, ба шумо ҷавоб нест!-таъкид мекардед ба мо. Ва мо оламу одамро ба боди фаромӯшӣ дода, зери лаб байтҳоро зам-зама мекардему дар зеҳнамон нигоҳ медоштем…
Чӣ ҷойи пинҳон кардан, аз ин ҳол ба қаҳру ғазаб меомадем, норозӣ мешудему асабӣ, аммо ба ҷуз ҳифз кардану супурдани шеъру пораҳо аз достонҳои шоирон чорае надоштем. Баъдтар фаҳмидему дарк кардем, ки он ҳама сахтгирию ҷиддияти шумо беҳуда набудааст. Мо хеле чизҳоро аз шумо омӯхтем, аз ҷумла, моҳияти каломи бадеъ ва ҳикмати шеъри шоиронро. Ёқуб, табассумкунон дар он хусус нақл мекард, ки шумо дар бораи таърихи пурифтихорамон, хусусан, давлатҳои бузурги Саффориён, Тоҳириён ва Сомониёни абарқудрат бо ҳарорат ҳарф мезадед.
Амриддин Холов таҷрибаи ғании омӯзгорӣ дораду якчанд сол вазифаи муовини директор оид ба бахши таълимро ба зимма дошт. Серғайрату заҳматкаш аст, баҳри дар сатҳи баланд ва созгор бо замони муосир ба роҳ мондани машғулиятҳо аз сарчашмаю адабиёти иловагӣ истифода мекунад. Новобаста аз серкору серташвиш будан, ба омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳои худро дареғ намедорад.
Дар мактаби мазкур устодону омӯзгорони варзидае фаъолият мекарданд, ки агар иддае ин оламро тарк намуда бошанд, гурӯҳи дигар, ба нафақа баромада, давлати пирӣ меронанд. Ҳама дар ёд доранд, ки устодон Башорат Қурбонова, Ҳасан Убайдов, Давлат Раҳматов, Тоҳир Иброҳимов, Саттор Нуриллоев, Вера Синнитсина Моисеевна, Любов Гнатко, Маҳмудхон Убайдов, Баракатулло Сафовуддинов, Эшонқул Қиёмов аз омӯзгорони маъруфу шинохта дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб меёфтанд. Омӯзгорон Бобобек Раҷабов, Нарзулло Ёров, Меҳриддин Назаров, Раҷабгул Саидова ба нафақа баромада бошанд ҳам, ҳамчунон дар саф қарор доранду ба толибилмон сабақ меомӯзонанд.
Файзиддину Ёқуб, Амриддину Тоҷиддин, Зоҳир ва чанди дигар анъанаи неки устодонро идома дода, як лаҳза ҳам аз мактаб ва таълиму тарбия худро дар канор гирифтаву тасаввур карда наметавонистанд. Ҳар гоҳ бо омӯзгорон – шогирдони дар пешаи худ садоқатманд вомехӯрам, лаҳзаҳое, ки худ ҳамчун омӯзгори ҷавон ба фаъолият шуруъ намуда будам, пеши назарам меояд.
Ҳангоме ки баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таълимгоҳи деҳаи Меҳтарӣ ба кор пазируфта шудам, воқеан, рӯзҳои аввал ба сабаби камтаҷрибагӣ, ноошно будан бо муҳиту фазои мактаб ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудам. Азоби ботинӣ мекашидам, аксаран ошуфтаю ғамзада ба кор меомадам. Охир, омӯзгорӣ дар ҳақиқат, пешаи вазнину тавонкоҳ аст, аз соҳиби ин пеша сабру таҳаммул, заҳмату ранҷ, омӯзиши бардавом ва қобилияти баландро тақозо мекунад. Ба ҳар як машғулият омодагии ҳаматарафаю комил дидан, фишурдаи муҳтавои дарс (конспект)-ро дар дафтар сабт кардан, варақ задану омӯхтани китобу дастурҳои илмию методӣ, санҷиши дафтарҳои кории хонандагон, дафтарҳои диктанту кори санҷишӣ, иншову эссе, омӯзишу ҷустани мавзую матолиби тарбиявию ахлоқӣ баҳри машғулиятҳои тарбиявӣ ва илова бар ин, амиқу дилсӯзона ба роҳ мондани фаъолияти роҳбарисинфӣ бо заҳмату бедорхобӣ амалӣ мешавад, ки дар ин гуфта ҳеҷ ҷойи муболиға нест…
Вазъи руҳии маро директори таълимгоҳ (Ёдаш ба хайр!) Садриддин Назаров, ҷонишини директор оид ба таълим Мирзошариф Раҳмонов ва ҷонишини директор оид ба бахши тарбия Нуриддин Насриддинов аз рӯзҳои аввал пай бурда, маслиҳат доданд, ки ба дарсҳои омӯзгорони таҷрибаманд даромада, шаклу шеваҳои рангину ҷаззоб ва судманди таълимиро биомӯзам ва ҳеҷ гоҳ зиқу дилтанг нашавам.
– Дар пешаи омӯзгорӣ фиребу танбалӣ ба кор намеояд,-таъкид кард сарвари мактаб С. Назаров ва афзуд:
Шавқу муҳаббат аз як тараф, меҳнату заҳмат ва омӯзишу ҷустуҷӯ аз дигар ҷониб, дар ин ҷода нақши ҳалкунанда мебозанд.
Ин таъкиду ҳидоят ва маслиҳатҳои устодон самараи нек ба бор оварданд. Мо, омӯзгорони ҷавон, дар вақтҳои фориғ аз дарс ба машғулиятҳои муаллимони собиқадор даромада, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ мебардоштему пеши худ мегуфтем, ки дарс чӣ қадар ҷанбаву паҳлуҳои фаровони омӯзанда доштааст. Баъдан директори мактабу ҷонишинҳояш ба дарсам ворид шуда, дар баробари муваффақиятҳо, норасоию камбудиҳоямро хотиррасон карданд.
– Омӯзгор ҳангоми баргузор намудани машғулият, аввалтар аз ҳама, бояд муҳити созгор ва ҷаззобро таъмин намояд,-мегуфт мудири қисми илмӣ, устод М. Раҳмонов .
– Муносибату муошират бо шогирдон вобаста ба талаботи илми психология, бо дарназардошти вазъи руҳии хонанда бояд сурат бигирад. Дар акси ҳол, омӯзгор ба ҳадафи пешгузоштаи худ ноил намегардад. Хонандагон ба дарси ӯ шавқ пайдо намекунанду дӯсташ намедоранд. Ин амалро ҳамеша дар хотир бояд дошт.
Оре, онҳо аз роҳбарони фидоӣ ва устодони содиқу азхудгузаштае буданд, ки кори таълиму тарбияро болотару муқаддамтар аз кулли масоили зиндагӣ меҳисобиданд. Рӯйихотиру гузашт ва чашм пӯшидан аз хатоию камбудиҳои омӯзгорон, бахусус, ҷавонон барояшон батамом бегона буд. Ман аз дарсҳои устод (руҳаш шод бод!) Маҳмадулло Холов баҳраҳои фаровон бардоштам, ба вижа, аз тарзу шеваи тафсиру маънидоди ашъори шоирони классики форсу тоҷик. Устод ончунон сода, фаҳмо ва дар ғояти дақиқназарӣ абёти шоирони нобиғаи тоҷикро маъникушоӣ мекард, ки ҳеҷ калимаю таркиб ва рамзу рози ниҳоии он ашъор бароямон норавшану нофаҳмо намемонд. Машғулиятҳои омӯзгор, мактабшиноси маъруф Нуриддин Насриддинов дар синфҳои поёнӣ олами рангину кашфношудае буд барои мо – омӯзгорони ҷавон. Устод ягон дарси худро бе васоити аёнӣ (таблитсаҳову навиштаҷоти чопӣ) намегузаронд. Чун ҳунарманди театр як лаҳза оромӣ надошт, ҳамаи хонандагонро мепурсид, гоҳо бо ҳазлу зарофати малеҳ ину он шогирдро «мазаммат» мекард. Гуногунрангу серпаҳлу ва муассиру таваҷҷуҳбарангез буд машғулиятҳояш. Масалан, дар маш­ғулияти забони тоҷикӣ ҳатман робитаи мавзуъҳоро таъмин мекард, маънои луғавии калимот, муродифу омоним ва антонимҳои вожаҳоро аз ҷумлаҳое, ки дар тахтаи синф мавриди таҳлил қарор мегирифт, мепурсид.
Бад-ин тарзу усул, аз мавқеи аломоти китобӣ, кадом ҳиссаи нутқ будани калимаҳо, хели ҷумлаҳо, корбурди ибораҳо ва ғайра ҳарф дар миён меандохт. Бештар (ки ин ҳолро борҳо мушоҳида кардаам) ба худи хонанда такя мекард, маҷбур месохт, то ба кадом савол ҷавоб шудани ину он аъзои ҷумларо шогирдон муайяну мушаххас кунанд. Баъдтар бо тақозои вазъу шароит дар мактаби №51 ба фаъ­олияти омӯзгорӣ идома додам. Ба дарсҳоям ворид гардидану маслиҳату пешниҳод ва тавсияҳои директори таълимгоҳ Саидмурод Бобомуродов ва ҷонишини ӯ Маҳмудхон Убайдовро барои беҳбуду самарабахш ба роҳ мондани машғулиятҳоям ҳанӯз аз ёд набаровардам. Аввалин насиҳати сарвари мактаб, ки дар ҳуҷраи корияш бо ман сурат гирифт, чунин буд:
– Ҳамеша, дар ҳама ҳолат ҳаққи шогирдонро риоя намо.
Табиист, ки банди ҳайрат монда, пурсидам:
– Хонанда магар ҳаққе дорад? Ин чӣ гуна ҳаққест?
– Агар ба дарс як ё ду дақиқа дер ворид шудӣ, ҳамин маънои онро дорад, ки ҳаққи қонунии хонандаро сарфи назар кардаӣ, бо оҳанги ҷиддӣ таъкид кард С. Бобомуродов.
– Ҳалолкору бавиҷдон бош! Фиреб накун, ҳамеша дарсҳоятро дар сатҳи баланд гузарон, яъне, ба худат писанду маъқул бошад. Агар машғулиятат ба худат писанд ояд, пас наҳаросида хулоса барор, ки тират ба ҳадаф расидааст. Иштирок ба дарсҳои устодон Ҳасан Убайдов, Тоҳир Иброҳимов, Бобобек Раҷабов, Маҳмудхон Убайдов бароям воқеан, мактаби омӯзиши таҷрибаи педагогӣ ба шумор мерафт. Дақиқияту саҳеҳият, баёни ниҳоят рӯшану фаҳмо, бе ҳадафу мавқеъ истифода нагардидани сухан. Иштироки бо шӯру шавқ ва рағбатангези хонандагон дар раванди дарс аз махсусиятҳои ба назар намоёни машғулиятҳои ин устодон буд. Машғулиятҳои тарбиявӣ низ ҳар ҳафта дар вақти таъйиншуда, мувофиқи ҷадвали дарсҳо гузаронда мешуд. Аксаран омӯзгорон дарсҳои кушод мегузаронданд, ки ҷаҳони тозае дар омӯзишу азхуд кардани таҷрибаи педагогӣ ба ҳисоб мерафт. Маҳфилҳои фаннӣ чунон пурумуҳтавою шавқовар мегузаштанд, ки шогирдон бесаброна рӯзи баргузории он маҳфилҳоро мунтазир мешуданд.
Чанде қабл маро ба мактаби азизам, ки солиёни зиёде дар он ҷо ба фарзандони сокинони зодгоҳам сабақ омӯзондаам, даъват карданд. Вохӯрию мулоқот бо хонандагон – амали шоёну шоистаест, ки бо иқдоми омӯзгори таърих ва ҳуқуқ Р. Саидова ташкил ва баргузор шуд.
Директори муассиса Адолат Наҷ­миддинова вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз фаъолияти ибратомӯзамон гуфт. Хонандагон суолҳо медоданд. Омӯзгорон, хусусан, шогирдонам, ки дар боло дар хусуси кору бори онҳо нақл кардам, дар паҳлуям нишаста, бо ифтихор суханони самимию меҳромезро ба забон меоварданд.
Дар ҳалқаи шогирдон маро низ ифтихор фаро гирифта буд, Воқеан, ҳар нафар, ки аз мактаби шогирдӣ сарбаландона гузаштааст, моҳияти волои ин сарфарозиро амиқу неку дарк хоҳад кард.
Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор

Добавить комментарий