Таърихи ҳар як миллат дорои лаҳзаҳои сарнавиштсоз ва ҳалкунандаест, ки дар он тақдири давлат ва мардум ҳал мегардад. Барои миллати тоҷик чунин рӯйдоди тақдирсоз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосия дар як давраи ниҳоят вазнини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар доир шуда, нақши тақдирсозе дар наҷоти давлати тоҷикон бозид.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави давлатдорӣ ворид гашт. Аммо ин давра ҳамзамон, бо буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ рост омад. Дар кишвар муборизаи шадиди қувваҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ба вуҷуд омада буданд.
Мақсади ҳар як гурӯҳ соҳиб шудан ба қудрат ва идораи давлати навини тоҷикон буд. Мутаассифона, ихтилофи сиёсӣ ба задухӯрди мусаллаҳона мубаддал гашт ва ҷанги шаҳрвандӣ авҷ гирифт.
Дар натиҷа ҳазорон одам ҷони худро аз даст доданд, иқтисодиёт фалаҷ гардид ва асосҳои давлатдорӣ суст шуданд.
Дар ҳамин вазъияти буҳронӣ, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат вуҷуд дошт, зарурат ба як иҷлосияи сарнавиштсоз ба миён омад.
Дар иҷлосия вакилон аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзиданд. Маҳз дар ин иҷлосия роҳҳои баромадан аз буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ баррасӣ шуданд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ интихоби роҳбари нави давлат буд, зеро сохтори давлатӣ ба шахсияти муътамад ва масъули қавӣ ниёз дошт. Дар натиҷаи муҳокима ва баррасиҳои зиёд, вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.
Дар иҷлосия як қатор қарорҳои муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ қабул гардиданд, ки сарнавишти минбаъдаи давлатро муайян намуданд. Аз ҷумла, интихоби Раиси Шурои Олӣ, таъсиси ҳукумати муваққатӣ барои барқарорсозии сохти давлатӣ, қабули қарор дар бораи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, эълони авф барои иштирокчиёни муноқишаҳои мусаллаҳона, баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ.
Бешубҳа, шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи иҷлосия ва тамоми давраи баъдии Тоҷикистон аҳаммияти бузург дорад. Вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд, кишвар дар вартаи ҳалокат буд. Дар чунин вазъ роҳбарии давлат ҷасорати бузург ва масъулияти баландро талаб мекард.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, балки асоси давлати ҳуқуқбунёд ва миллии тоҷиконро гузошт. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) қабул гардид, ки сохтори давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян кард.
Интихоботи президентӣ баргузор шуд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Президенти қонунии ҷумҳурӣ гардиданд.
Артиш ва сохторҳои қудратӣ ташкил шуданд, ки пояи амният ва истиқлолро таъмин намуданд. Сиёсати Ваҳдати миллӣ ва таҳкими арзишҳои фарҳангӣ ба барномаи давлатӣ табдил ёфтанд.
Ин иҷлосия дар таърихи кишвар на танҳо як ҷаласаи сиёсӣ, балки рӯйдоди сарнавиштсоз ва таърихист.
Бо баргузории он тоҷикон тавонистанд давлатдории миллии худро ҳифз кунанд, ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшанд ва ба сӯйи ояндаи осуда қадам гузоранд.
Хубони Сорбон,
Тамризи Мубин,
устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













