Рамзи давлатдорӣ

Муқаддасоти миллӣ сарчашмаи ифтихор ва сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватанпарвар аст. Насли имрӯзаи миллат хушбахт аст, ки дар як фазои озод, даврони сериву пурӣ ва амну амонӣ умр ба сар мебарад. Парчами давлати озоди мо дар қатори парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар Созмони Милали Муттаҳид парафшон аст. Бешак, парчами мо дар қатори пули миллӣ, забони тоҷикӣ, конститутсия, нишони давлатӣ ва суруди миллӣ азизтарин дороии маънавии сокинони мамлакат аст. 35 сол мешавад, ки ин матои муқаддас халқи моро ба сӯйи комёбиҳои бузург ҳидоят мекунад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик бо ҷасорат, нерумандӣ ва фидокорӣ парчами миллатро дар манотиқи гуногуни ҷаҳон парафшон карданд.

Се ранги ин матои муқаддас бо қаҳрамонӣ ва ватанпарастии ниёгонамон сахт алоқаманд аст. Шукуфоию ободии рӯзгори мардум дар ранги сабз, умеду орзуи нек дар ранги сафед ва қаҳрамонию фидокории халқ дар ранги сурх ифода шудааст.

Рӯзи 24 ноябр барои ҳар як тоҷики сарфароз рӯзи хуҷаста, саодатмандӣ ва сарбаландӣ аст, зеро мо дар ин рӯз ба Парчами миллии худ, рамзи давлатдориамон эҳтиром мегузорем. Доир ба он маҳфилҳо меороем, аз таърихи парчамдории гузаштагонамон, аз дирафши Ковиёнӣ ёд меоварем. Ва дар заминаи таърих ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ояндасозони миллат, наврасону ҷавононро тарбия мекунем.

Дар моддаи панҷуми Конститутсия омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Ин се рамз бо якдигар чун ҷисму ҷон пайванд доранд ва онҳоро эҳтиром кардан эҳтироми миллату давлат аст. «Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон, нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқ мебошад». Ин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор мекунад, ки пайваста аз таърихи миллат ёд оварем. Ниёгони мо, дар ҳақиқат, аз оғози таърих ба илму адаб ва ахлоқи ҳамида диққати хос медоданд. Мо аз осори таърихнигорони тоҷик ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ доир ба дирафши Ковиёнӣ маълумот гирифтаем. Дирафши ниёгони мо рамзи ватанпарварӣ, мардумпарастӣ ва одамият аст. Гузаштагони мо дар давоми ҳазорсолаҳо дар зери ин парчам корнамоиҳо кардаанд.

Истиқлоли давлатӣ масъулияти шаҳрвандони сокинони мамлакатро боз ҳам баландтар кард. Имрӯз ҳамаи мо дар зери Парчами давлати озоди худ бо азми қавӣ ба пеш равонем. Ва ҳама бо ифтихор мегӯем:

Манам доротарин одам, Ватан дорам, Ватан дорам.

Ками худро нагӯям кам, Ватан дорам, Ватан дорам.

Сайёра ТУРСУНХОҶАЕВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №65-и ноҳияи Рӯдакӣ

Добавить комментарий