Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои асосии давлатдорӣ ба масъалаи таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани вазъи ҳуқуқии истифода ва ҳимояи онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби аввалин рамз – Парчами давлатӣ гардид. Мутобиқи талаботи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.
Дар низоми қонунгузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ҳамчун рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Дар муқаррароти умумии қонуни мазкур қайд шудааст, ки эҳтироми Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумла, аз ёд донистани Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Ҳамчунин, дар моддаи 4-и қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ки тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Тартиби тайёр намудани рамзҳои давлатӣ, хосса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои зерқонунӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурра менамоянд, амалӣ карда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозааш ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар баробари тартиби танзими истифодаи рамзҳои давлатӣ бо асосҳои қонунӣ, инчунин, вобаста ба риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳқири рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар қонунгузории амалкунанда ҷавобгариҳо низ муқаррар шудааст. Дар моддаи 483(1)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Мутобиқи моддаи 342-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Тоҷикистон дар низоми давлатдории халқи тоҷик ва низоми ҳуқуқии мамлакат мақоми махсус дошта, бо асосҳои ҳуқуқӣ танзиму ҳифз карда мешавад. Муқаррар гардидани меъёри мушаххас оид ба рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи кишвар далели эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пояндагиву ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Давлатёр ВАЛИЕВ,
«Омӯзгор»













