Мо, тоҷикон, чанд рамзи ифодагари ифтихори миллӣ дорем, ки яке аз онҳо Парчами миллӣ мебошад. Он бо ҳастии миллату давлат, устуворию пойдории мамлакат иртибот дорад. Парчами миллӣ дар баландиҳо парафшонӣ карда, аҳли кишварро ба ватандӯстӣ, муқаддас донистани обу хоки диёр ҳидоят ва ба пеш, ба сӯйи комёбиҳои навин даъват менамояд. Ба ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: «Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст».
Парчами миллӣ бо рангу ҷилои дилписанди худ моро дар кору зиндагӣ илҳомбахш мешавад ва муҳитамонро бошукӯҳтар месозад. Эҳтироми парчам ва ба ин васила пос доштани шаъну шарафи миллат қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст.
Мо, омӯзгорон, бояд шогирдонамонро дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ки яке аз онҳо Парчами миллист, тарбия намоем. Барои ин ба мо баргузории дарсҳо, маҳфилу ҳамоишҳо, вохӯрию мулоқотҳо ва дарсҳои тарбиявӣ мададгор шуда метавонанд. Пеш аз ҳама, ба шогирдон бояд оид ба Парчами миллӣ маълумот дастрас кард. Онҳо дар бораи мазмуну муҳтаво, моҳият ва аҳаммияти парчам, таърих ва ифодаи рангҳои он бояд маълумот дошта бошанд. Таъкид бояд кард, ки эҳтиром ба муқаддасоти миллат ва арҷгузории онҳо муҳимтарин далели ватандӯстии ҳар фард аст. Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи дерин ва ибратомӯз доранд. Ин далел дорои давлатдории қадим ва маърифати баланду анъанаҳои кишваророӣ будани онҳост. Парчам аз замонҳои куҳан барои халқи тоҷик рамзи пирӯзӣ, ҳамдилӣ, иттиҳод ва далерию шуҷоатмандӣ будааст. Ориёиҳо, аҷдодони тоҷикон, дар парчамдорӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доштаанд. Парчами Куруши Кабиру дирафши Коваи оҳангар солҳои зиёдест, ки аз ҷониби муаррихон тавсифу ситоиш мешавад. Давлатҳои муқтадиру овозадори Сосониёну Сомониён парчамҳои пуршукӯҳу зебои худро доштанд. Дар тамоми ҳарбҳо баҳри ҳимояи марзу буми худ ниёгони зафарманди мо болои сар парчамро ба ҷилва меовардаанд.
Пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нав дар анъанаи парчамдории тоҷикон оғоз ёфт. Дар муҳимтарин рухдоди нимаи аввали солҳои 90-уми асри XX – Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон нахустин рамзи ҷумҳурии соҳибистиқлол – парчам мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва ҳамин тавр, Ватани азизи мо соҳиби Парчами миллии худ шуд.
Ба хонандагон шарҳ бояд дод, ки рангҳо ва тоҷу ситораҳо чӣ рамзҳоеро ифода мекунанд ва ба парчам чӣ гуна муносибат бояд кард. Мувофиқи имкон ташкили саёҳат ба Боғи Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе боиси боз ҳам такмил ёфтани донишу тасаввуроти хонандагон нисбат ба парчам ва афзудани ҳисси ифтихори ватандории онҳо хоҳад шуд.
Дар ситоиши Парчами Тоҷикистон шеърҳои зиёде гуфта шудаанд. Аз ёд кардани намунаҳо аз ин гуна ашъор аз ҷониби шогирдони мо хеле муфид хоҳад буд. Пораи зер намунае аз парчамномаҳои адабиёти муосири тоҷик аст, ки ба қалами устод Муҳаммад Ғоиб дахл дораду боиси тақвияти ифтихору нангу номуси миллии насли наврас мешавад:
Як нишони Ватан парчам аст,
Шаъну шони Ватан парчам аст.
Қудрати лашкар аз парчам аст,
Шавкати кишвар аз парчам аст.
Меҳрафзои мо парчам аст,
Дасти болои мо парчам аст.
Эътибору шараф парчам аст,
Халқи моро ба каф парчам аст.
Майсара ҲАСАНОВА,
омӯзгори МТМУ №52-и ноҳияи Айнӣ













